Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 1 феврал - нахустин рӯзи моҳи охирини фасли зимистонро пойтахти Тоҷикистон бо як барфрезии шадид пешвоз гирифт.

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон моҳи февралро нисбатан сард ва пурбарф пешгӯӣ мекунад. Дар ҳоле, ки моҳи январ, нахустин моҳи зимистон дар Душанбе ҳамагӣ ду бор барфи кам борида бошад, дар моҳи феврал эҳтимоли боридани даҳ барфро дар назар гирифтаанд.

Барои аввалин бор аз оғози зимистон имрӯз, 1-уми феврал дар Душанбе барфе борид, ки бештар аз 10 сантиметр баландӣ дорад.

Аммо ҳавошиносон мегӯянд, фардо осмони Душанбе дигарбора офтобӣ хоҳад шуд ва ин барфе ки ҳоло ба шиддат меборад, зуд об мешавад.

Имрӯз, 1-уми феврал дар хиёбонҳо хеле кам одам ба назар мерасид ва танҳо онҳое рафтуо доштанд, ки ба гуфтаи худашон, аз пайи ягон кори муҳиманд.

Зимистони имсол, дар қиёс ба зимистони соли гузашта, ки бар асари барфбориҳо ҳатто ҳаракати мошинҳо қатъ шуда буд, ба сурати умум гармтар омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG