Пайвандҳои дастрасӣ

Бо номушаххас мондани парвандаи Бобаки Занҷонӣ, порлумони Эрон тасмим гирифтааст, ки раҳбарони чаҳор вазоратро, ки бо ин парванда сару кор доранд, мавриди суолу ҷавоб қарор бидиҳад.

Дар пайванд бо парвандаи Бобаки Занҷонӣ, тоҷири боздоштшудаи эронӣ, ки гуфта мешавад, 2 миллиарду 500 ҳазор евро пули нафтро ба Тоҷикистон интиқол додааст, порлумони ин кишвар чаҳор вазири ҳукумати Ҳасани Рӯҳониро ба додани баёнот даъват кардааст. Аъзои маҷлис аз он норозиянд, ки пешрафте дар таҳқиқи ин парванда ҳосил нашудааст.

Як узви кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ ба хабаргузориҳои эронӣ гуфтааст, ки шуморе аз намояндагони порлумон дар бораи таъхири парвандаи Бобаки Занҷонӣ аз вазирони иҷтисод, амният, додгустарӣ ва нафт суол хоҳанд кард. Вай гуфтааст, ки бо гузашти беш аз як сол аз боздошти Бобаки Занҷонӣ, ҳанӯз ҳеҷ иқдоми муассире барои таъини сарнавишти ин парванда, сурат нагирифтааст. Ҳарчанд дар ин байн маълумоти тозае мунташир шуд, ки тоҷири сарватманд барои рабудани пули нафти Эрон ба яке аз муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон 3 миллион доллар ришва додааст. Вале Бонки миллии Тоҷикистон ин иддаои Амир Аббос Султонӣ -- узви Кумитаи тафтишоти парвандаи Бобаки Занҷониро беасос номид.

Дар Эрон ҳоло чаҳор вазоратхона бо парвандаи Бобаки Занҷонӣ даргир ҳастанд. Барои намуна, вазорати нафт дар бораи шеваи расидани талабҳои худ аз маҳали фурӯши амволи Занҷонӣ, вазорати иқтисод бояд дар бораи вазъияти пулҳои фурӯши нафт ва эҳтимоли хуруҷи он аз кишвар, вазири амният ҳам дар бораи баҳсҳои назоратӣ ва вазорати додгустарӣ дар бораи наҳваи пайгирии қазоии ин парванда, бояд ҷавобгӯ бошанд.

Намояндаи Ободон дар парлумони Эрон рӯзи 29 январ ба хабаргузориҳои он кишвар гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд суоли намояндагон аз ин вазирон ҳафтаи оянда дар комиссияи энержӣ мавриди расидагӣ қарор мегирад.

Бобак Занҷонӣ, соҳибкор ва тоҷири эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст, 30-юми декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуд. Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ки ин 2,5 миллиард еврои интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад кардаанд.

Дар ҳоле ки як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузор ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон , аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Занҷонӣ нисбат дода мешуданд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст, мақомоти тоҷик мансубияти ин ширкату корхонаҳоро ба тоҷири эронӣ рад мекунанд.

Моҳи ноябри соли гузашта Рустам Саидов , раиси ҳолдинги “Конт групп Тоҷикистон” гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳеч гуна дороӣ надорад. Аммо Дар яке аз мусоҳибаҳояш Далер Абдулло, сухангӯи вақти “Kont group Tajikistan” соли 2014 гуфта буд, ки “дар оғози фаъолият ин ҳолдингро Бобаки Занҷонӣ сармоягузорӣ кардааст. Вай дар саргаҳи таъсисаш буд ва ҳамон маблағи зиёда аз 1 миллиарду 250 миллион сомоние, ки ҳолдинги “Kont group Tajikistan” ба Тоҷикистон ҷалб кард, дар саргаҳаш оқои Занҷонӣ қарор дошт ва мо онро рад намекунем”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG