Пайвандҳои дастрасӣ

Тоштемиров аз раҳбарии зиндони 3/7 рафт


Рустам Тоштемиров

Рустам Тоштемиров

Рустам Тоштемиров, раҳбари собиқи зиндони рақами якро аз раҳбарии зиндони махсуси ходимони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон низ барканор кардаанд.

Рустам Тоштемиров, собиқ сардори муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт аз масъулияти сардори муассисаи махсуси рақами 3/7 барканор карда шуд.

Як масъули раёсати муассисаҳои ислоҳотии вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 21 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Рустам Тоштемиров ҳамагӣ баъди як моҳи кораш дар мақоми раиси ин муасисаи махсуси ислоҳӣ бо фармони раиси идораи зиндонҳои вазорати адлия аз вазифааш барканор карда шуд. Ба ҷои Тоштемиров Мирзоев Тоҷиддин раҳбари муассисаи махсуси рақами 3/7 таъин шудааст.

Дар маҳбаси рақами 7 аслан ходимони собиқи ниҳодҳои интизомӣ адои ҳукм мекунанд.

Тоҷиддин Мирзоев то ду моҳи ахир сардори муасисаи ислоҳӣ ё худ маҳбаси ноҳияи Ваҳдат, маъруф ба зиндони «Кирпичний» буд.

Тавре мақомоти идораи зиндонҳои вазорати адлия дар сӯҳбатҳои алоҳида мегӯянд, сабаби зуд аз масъулият барканор шудани Рустам Тоштемиров шикоятҳои расида аз маҳбусҳо ва наздикони маҳбусҳо будааст. Аммо ба таври расмӣ ин ниҳоди вазорати адлияи Тоҷикистон ҳанӯз сабаби аслии барканории Рустам Тоштемировро шарҳ надодааст.

Ҳамза Икромзода

Ҳамза Икромзода

Дар ибтидо Рустам Тоштемиров сардори маҳбаси рақами аввал буд, аммо пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода -- сокини ноҳияи Ҳисор дар ин маҳбас дар моҳи сентябри соли 2012 Тоштемиров дар сентябри соли 2013 аз мақомаш барканор ва сардори маҳбаси махсуси рақами 7 таъин карда шуд.

Пас аз ҳамагӣ 3 моҳи роҳбарӣ дар ин зиндон, Рустам Тоштемиров аз масъулияти сардори маҳбаси махсус барканор карда шуд ва дар идораи муасисаи ислоҳӣ ба фаъолияташ идома медод. Вале дар моҳи июл дубора ба мақоми раҳбари зиндони махсус таъин шуд ва инак бори дувум дар камтар аз як соли охир аз ин курсӣ барканор карда мешавад.

Исми Рустам Тоштемиров дар робита бо ҳодисаи марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки пойтахт дар моҳи сентябри соли 2012 расонаӣ шуд. Ба иттиҳоми наздикони Икромзода ва ҳам вакилони дифоъ, Тоштемиров эҳтимолан дар муҷозоти сангини Икромзода нақши муҳим дошт, ки баъдан боиси ҳалокати вай гашт.

Рӯзи 23 майи соли 2013 додгоҳ корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов, танҳо корманди ин зиндонро дар иртикоби ин қазия гунаҳгор ва ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҳамон мурофиа гуфта, шуд, ки тафтишоти пешакӣ нисбат ба се ҳамкори ӯ - Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Авғонов - ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами як дар шароити мармуз даргузашт. Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, ин зиндонӣ худро ба дор овехтааст, хешовандонаш ба фарзияи ҳалокати ӯ бар асари шиканҷаи шадид пофишорӣ доранд.

Садриддин Тошев

Садриддин Тошев

Дар пайи расонаӣ шудани ин қазия, моҳи ноябри ҳамон сол даҳҳо зиндониҳои маҳбаси рақами як аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шуданд ва декабри соли 2012 дар расонаҳои хабарӣ наворҳои видеоии осори латукӯби шадиди шоҳидони эҳтимолии марги Икромзода дар зиндон пахш шуд.

Дар ин наворҳои видеоӣ, ки зоҳиран аз ҷониби худи зиндониҳо сабт шуда, ба матбуот роҳ ёфтааст, зиндониҳо дар бораи муҷозоти худ барои пахши хабари марги муфоҷои Ҳамза Икромзода нақл мекунанд. Аммо дар моҳи августи соли равон Садриддин Тошев, яке аз муаллифони ин наворҳо, дар як нишасти хабарӣ дар дохили зиндон аз баёнияҳои қаблии худ даст кашид ва гуфт, ки Ҳамза Икромзода бо марги худ вафот карда буд ва ин қазияро «иғвогарон» махсус доман задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG