Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Темурмалик: Дастури ҳукуматро дар бораи "Ховар" риоя мекунем


Мирзохон Гулаҳмадзода
Мирзохон Гулаҳмадзода

Раиси ноҳияи Темурмалик мегӯяд, ки дастури ҳукумати Тоҷикистон барои нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории "Ховар" ба дасти онҳо расидааст ва онҳо аз пайи иҷрояш мешаванд.

Мирзохон Гулмаҳмадзода, раиси ҳукумати ноҳияи Темурмалик мегӯяд, ки дастури расмии ҳукумати Тоҷикистон барои нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии "Ховар"-ро дарёфт карда, аз пайи иҷрояш шудаанд. Гулмаҳмадзода гуфт, дастур рӯзи 20 июл ба дасти ӯ расида ва ин масъала дар ҷаласае бо ҳузури намояндагони бахшҳои мухталифи ноҳияи Темурмалик баррасӣ гардидааст

"Воқеан, ин қарор дастраси мо гардид. Онро дар сатҳи ноҳия баррасӣ карда, ба хулосае расидем, ки тибқи он амал мекунем. Зеро дар ин санад моро вазифадор мекунанд, ки қонунро риоя кунем," -- гуфт Гулаҳмадзода дар нишасти хабарии 23 июл.

Раиси ноҳияи Темурмалик шарҳ надод, ки аз онҳо тақозои риояи кадом қонун талаб шудааст, аммо гуфт, ин маънои қатъи ҳамкорӣ бо расонаҳои дигарро надорад. "Фақат чун дастури расмист, наметавонем онро поймол кунем", -- афзуд ӯ.

Нашри ахбори расмӣ аз тариқи "Ховар" баъд аз таъин шудани Зарробидин Қосимӣ, корманди собиқи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарии ин хабаргузорӣ паҳн шуд. Дар аввал оқои Қосимӣ вуҷуди чунин як дастури расмии ҳукуматро рад кард, вале гуфт, онҳо дар маҷлиси 30 июни ҳукумати Тоҷикистон фақат хоҳиш кардаанд, ки ниҳодҳо ҳангоми пешниҳод ё ирсоли хабар ба расонаҳо номи "Ховар"-ро низ аз ёд набаранд.

Ҳафтаи гузашта оҷонсии "Озодагон" матни ин дастури расмиро дарёфт ва чоп кард, ки дар зераш исми Эмомалӣ Раҳмон ва мӯҳри раёсати коргузорӣ гузошта шудааст. Дар ин санад гуфта мешавад, "муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорати идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва соҳавии дахлдор ба воситаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад."

То кунун бархе аз хабарнигорони Радиои Озодӣ низ барои дарёфти хабар ва ё нуқтаи назари бархе аз мақомдорон бо мушкил рӯ ба рӯ шуда, дар посух "аз Ховар бигиред"-ро шунидаанд. Созмонҳои журналистии Тоҷикистон чунин дастурро нақзи рӯйирости ҳуқуқи хабарнигорон дониста ва гуфтанд, ин дастур метавонад шикофи миёни расонаҳои давлатӣ ва мустақилро боз ҳам амиқтар кунад.

Дар навбати худ мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз қарори нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии "Ховар" беҳтар кардани кори ин оҷонсӣ, на эҷоди маҳдудият дар роҳи нашрияҳои дигар аст. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар як шарҳи расмӣ ба идораҳои давлатӣ дастураш дар бораи нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии "Ховар"-ро ташреҳ кунад ва фаҳмонад, ки "ба ҷои салла калла" наоранд.

Як мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон низ рӯзи 20 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳадаф аз қарори ахири ҳукумат дар бораи нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории миллии “Ховар” маҳдуд кардани дастрасии расонаҳои дигар ба маълумот нест, балки танҳо ба хотири таъмини фаъолияти хубтари ин оҷонсии расмӣ буд.

Оҷонсии давлатии "Ховар" таи як моҳи гузашта ба нашри ахбори бештар аз бахшҳои мухталифи Тоҷикистон пардохта, дар авлавият мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро қарор додааст. Ҳоло шакли торнамои ин оҷонсӣ ҳам тағйир ёфта, нашри хабарҳои Тоҷикистонро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ ба роҳ мондааст.

Гулмаҳмадзода: Вазифадор шудем, ки аввал хабарро ба "Ховар" диҳем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:23 0:00

XS
SM
MD
LG