Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, адолати судӣ дар кишвар қавист ва 95 дарсади ҳукми додгоҳҳо ҳеҷ гуна шикоятеро ба вуҷуд намеоранд.

Нусратулло Абдуллоев рӯзи 21 январ дар нишасти хабариаш замоне ин оморро расонаӣ кард, ки аз ӯ пурсиданд, «чаро дар Тоҷикистон адолати судӣ вуҷуд надорад?» ва ин хулосаест, ки на танҳо аз тарафи шаҳрвандон, балки дар гузоришу изҳороти созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар низ садо медиҳад.

Аммо раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон чунин танқидҳоро беасос номид ва гуфт:
«Маро бубахшед, ман ба шумо ин арқомро эълон мекунам: агар дар соли 2013 дар додгоҳҳои Тоҷикистон беш аз 127 ҳазор парванда баррасӣ шудааст, ҳамагӣ аз болои 5 дарсади онҳо пас аз қарори марҳалаи аввал шикоят овардаанд. Ҳисоб кунед, аз 95 дарсади парвандаҳо касе шикоят накардааст. Мардум розианд. Ана куҷост адолат! Кишварҳои дигарро бубинед, ки аз чӣ қадар ҳукм шикоят бурдаанд.»


Таъкиди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба мавҷудияти адолати додгоҳӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳар ҳафта нашрияҳои Тоҷикистон номаҳои эътироз аз қарори додгоҳҳоро нашр мекунанд, ки дар онҳо ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат шудааст. Муаллифон инро ҳам мегӯянд, ки танҳо ба раисҷумҳур ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои худ бовар мекунанду бас.


Дар посух мақомоти Додгоҳи олӣ мегӯянд, ончӣ дар расонаҳо нашр мешавад, аз ҳамон 5 дарсад аст ва бо таассуф меафзоянд, ки бар пояи ин ахбор, дар бораи адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон хулосаҳои ғалат бароварда мешаванд.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ, ки дар баробари Зайд Саидов ва Ёқуб Салимов боз чандин парвандаи дигари пурсарусадоро ҳам пеш бурдааст, мегӯяд, аз даҳ ҳукме, ки алайҳи нафарони таҳти ҳимояти ӯ бароварда шудаанд, танҳо волидайни Димон Ашӯров, ки дар робита бо ҳаводиси Хоруғ муттаҳам мешуд, нахостаанд шикоят баранд ва он ҳам ба ин далел ки дигар ба додгоҳҳои Тоҷикистон бовар надоштанд: «Раиси Додгоҳи олӣ бо ин омор рӯзноманигорон ва ҷомиаро ба гумроҳӣ мебарад. Ман бовари комил дорам, ки омор баръакс аст, яъне аз 95 дарсади ҳукмҳо шикоят бурда мешавад, зеро тақрибан 90 дарсади онҳо ғайриқонунӣ содир мешаванд.» Шӯҳрат Қудратов қаблан ҳатто навишта буд, ки додгоҳҳои Тоҷикистон амалан ба як идораи нотариалӣ табдил ёфтаанд, ки ҳарчӣ додситонӣ гуфт, бечунучаро қабул мекунад ва ҳукми қонунӣ медиҳад.

Ҳамин тавр, 5 вакили соҳибтаҷриба ва саршинос ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз 10 ҳукме, ки нисбати афроди зери ҳимояи онҳо бароварда мешавад, дар маврид дастикам 8 ҳукм шикоят сурат мегирад. Ба гуфтаи онҳо, аксаран парвандаҳои умури шаҳрвандон ё оилаҳо ҳадафи шикоят қарор мегиранд.

Абдуқаюм Юсуфов

Абдуқаюм Юсуфов

Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ, мегӯяд, худ низоми додгоҳии Тоҷикистон шароитро барои шикоят аз ҳукми додрасҳо фароҳам кардааст: «Агар ҳамин тур бошад, як савол ба миён меояд, ки чаро ҳукмҳои «сафед» ё бекор кардани санадҳои додгоҳӣ дар мавриди қатъ кардани истеҳсолот аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ кам андар кам аст, агар бошад ҳам, ангуштшумор? Ҳадди ақал бояд додгоҳҳо 1 дарсад ҳукми «сафед» бароранд, барои он ки тафтишоти пешакӣ ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Мантиқан, додгоҳ давоми мақомоти тафтишотӣ аст ва мустақил нест.»

Дуруст аст, ки вакили собиқи парлумон Саидвалӣ Узбековро, ки соли гузашта баъди 15 соли фирор дастгир ва муҳокима шуд, аз толори додгоҳ озод карданд, вале раҳоии ӯ на ба далели собит шудани бегуноҳиаш, балки ба далели гузаштани замони даъво сурат гирифта буд.

Аммо аз сӯҳбат бо ҳуқуқшиносон бармеояд, ки бахусус дар парвандаҳои пурсару садо, ки бархе онҳоро «супоришӣ» ё «сиёсӣ» меноманд, шикоят натиҷае ба бор намеорад. Барои намуна, дар парвандаҳои Зайд Саидов, Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, Низомхон Ҷӯраев ва дигарон, ки муҳри «махфӣ» доштанд, зимни шикоятҳо иттиҳоми ночизе бекор карда шудаанд. Ба қавли онҳо, дар парвандаҳои дастаҷамъии маъруф ба парвандаҳои исфарагиҳо, тавилдарагиҳо ва истаравшаниҳо, ки аз 25 то 50 нафарро дарбар мегирифтанд, баъд аз шикоятҳои паёпай қисман сабук кардани ҷазо мушоҳида шудааст. Ва тибқи иттилои Додгоҳи Олӣ, дар соли 2013 танҳо аз рӯи 4 парванда ҳукми «сафед», яъне бегуноҳии айбдоршаванда содир гаштааст. Ин ҳам 4 аз 127 000.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG