Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ректор аз мақом сабукдӯш шуд


Аслиддин Низомов
Аслиддин Низомов

Ректори Донишкадаи санъат, ки бо чанд устоди ин муассиса вориди баъси додгоҳӣ шудааст, мақомашро аз даст дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне Диловар Латиповро раиси Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода таъин кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 18 апрел, раиси ҷумҳури Тоҷикистон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои сӯҳбат пазируфтааст, ки дар миёни онҳо Диловар Латипов, ректори Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода низ будааст.

Диловар Латипов, дар мақоми раиси Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода, Аслиддин Низомов, аз шахсиятҳои саршиноси кишварро иваз кард.
Диловар Латипов, дар гузашта дар симмати муовини раиси Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода кор карда ва чанд соли ахир вазифаи мудири кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи муштараки Славяянии Тоҷикистону Русия ро бар дӯш дорад.

Аммо барканории Аслиддин Низомов, аз мақоми раиси Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода дар ҳолест, ки мурофиаи додгоҳии вай бо нашрияи «Нигоҳ» ва шаш тан устодони собиқи ин донишкада дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идома дорад.

Дар пайи нашри матлаби «Гуcели мағзҳо аз Донишкадаи санъат, ки дар шумораҳои 47 ва 48- уми ҳафтаномаи «Нигоҳ» тавассути муаллиф Аҳлиддин Салимов мунташир гардид, раиси Донишкадаи санъат нашрия, муаллиф ва шаш тан устоди собиқи донишкадаи санъатро бо иттиҳоми "тӯҳмат ва таҳқир" ба додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе кашонд.

Вай дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ дар 15 март аз додгоҳ талаб кард, ки ки шаш тан аз устодони собиқи ин донишкада, ки ба шаъну эътибори вай тӯҳмату таҳқирро раво дидаанд, маблағи 60 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардозанд.

Гуфта мешавад, Аслиддин Низомов 1 марти соли ҷорӣ ба синни нафақа, яъне 63 -солагӣ расид. Вай, ки дар гузашта масъули шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд ва раҳбарии Иттиҳоди оҳангсозони кишварро бар ӯҳда дошт, аз соли 2007 то кунун дар мақоми Раиси донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ифои вазифа мекард.

Нозирони умур мегӯянд, агар аз як тараф синни нафақа сабаби барканории вай аз раисии Донишкадаи санъат шуда бошад, аз сӯи дигар баҳси додгоҳии ин шахсияти фарҳангӣ бо собиқ ҳамкоронаш низ мунҷар ба сабукдуш шуданаш аз ин мақом шудааст.

БАҲСИ РЕКТОР ВА УСТОДОНИ ДОНИШКАДАИ САНЪАТ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Нигоҳ аз ду зовия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG