Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири мактабро баъди матлаби Озодӣ сарзаниш кардаанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки матлаби нашршуда дар сомонаи Озодӣ аз 7 декабр таҳти унвони “Оё омӯзгор ҳаққ дорад болои талаба даст бардорад?”-ро мавриди расидагӣ қарор додааст.

Дар номаи расмии вазорат аз ҷумла омадааст, ки “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Нозилова Гулсонро мавриди омӯзиш қарор дод. Пайи таҳқиқи қазияи мазкур бо директори мактаб М.М. Ҳомидҷонова, ҷонишини директори мактаб Н.Юлдошева, роҳбари синф Б.Нурова ва ҳамсинфони Гулсон Нозилова суҳбатҳо анҷом дода шуд. Масъалаи мазкур дар маҷлиси назоратии назди мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 12.12.2013 мавриди муҳокима қарор дода шуд. Мувофиқи қарори маҷлиси назоратӣ барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба вазифаи хизматиаш ва муносибати ихтилофомез бо хонанда ба директори мактаби №24-и шаҳри Душанбе М.М.Ҳомидҷонова тибқи моддаи 123-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзаниш эълон карда шуд.”

Гулсон Нозилова, хонандаи синфи даҳуми мактаби рақами 24-уми пойтахт дар авоили моҳи декабр ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки дар пайи як рейд ё санҷиши сару либоси хонандаҳо, раҳбари мактаб ба синфи онҳо даромада духтарҳоро маҷбур мекунад, ки либосҳои болопӯш ё курткаҳои худро бикашанд ва вақте мебинад, ки духтарҳо дар зер либосҳои ранга ва шим доранд, онҳоро сарзаниш карда, ба рӯяшон шаппотӣ мезананд.

Ӯ афзуд, раҳбарияти мактаб аз онҳо дар ҳоле пӯшидани либоси мактабирову кашидани либоси болоиро талаб мекунад, ки синфхонаҳо сарданд. Гулсон Нозилова гуфта буд, пас аз ин амали роҳбари мактаб дигар намехоҳад ба дарс равад: «Синфҳои мо шароити бе болопӯш нишастанро надоранд. Маҷбур карданд курткаҳоро бадар кунем. Хайр, бисёр духтарҳо водолазка доштанд ва моро зад. Мегӯяд, дискотека меравед бо ин либосҳо. Мегӯяд, сарафан ва куртаи сафед пӯшед.»

Модари Гулсон - Анора дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, духтараш дар ҳоле ба хона омад, ки беист гиря мекард ва ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи модар саломатии духтараш чандон хуб нест: «Дар хона нишаста будем, ки саҳар гиря карда омад. Муаллима фикр намекунад, ки ҳоло дар соати дарсӣ духтар аз мактаб берун шуда оё хона меравад, намеравад. Рафтаву худро ягон кор мекард? Кӣ ҷавоб медод. Духтарро худаш дили касалӣ дорад. Бо ин хел муносибат кардаанд, хеле нороҳат шудаму тарсидам.»

Ин модар мегӯяд, маҳз ба далели бархӯрди номуносиби омӯзгорон дар мактаб, духтари бузургаш чанд соли пеш пас аз хатми синфи нӯҳ дигар хоҳиши идомаи таҳсилро накардааст.

Шикояту баҳс ва аз дарс берункуниҳо барои риоя накардани ин қоида ва ё напӯшидани либоси мактабӣ дар таълимгоҳҳои Тоҷикистон чандин сол аст идома дорад. Ва ин нофаҳмӣ ба қавле байни хонандаҳо ва масъулини мактаб бо фарорасии фасли сармо ва либосҳои гарм боз бештар мешавад. Дар ин фасл хонандаҳо ғолибан дигар бештар ба пӯшидани шиму болопӯшҳои ғафс бартарӣ медиҳанд, аммо дар мактаб аз онҳо пӯшидани доману кофтаҳои сафед ё дигар либосҳои ягонаи дарсӣ талаб мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ҳамидуллохон Фақиров, раҳбари раёсати маорифи шаҳр, тибқи як дастур хонандаҳо иҷозаи пӯшидани шим ва либосҳои ғафсро доранд: “Супориш ҳам додем, ки дар фасли сармо хонандаҳо либосҳои ғафc ба бар кунанд, аммо албатта, ин либосҳо рангаву суратдор набошанд. Варзишӣ набошанд. Дигар либоси гарм дошта бошад бе мушкил метавонад ба бар кунад.”

Аммо ҳатто дар сурати номувофиқ будани либоси хонанда ба либоси ягонаи мактабӣ ҳам, ба гуфтаи Ҳамдуллохон Фақиров омӯзгор ҳаққ надорад ба хонанда даст боло кунад ва ё сухани қабеҳ гӯяд: “Муаллима ҳақ дорад эрод гирад ва агар зарур бошад, аз рӯйи қонун муроҷиат мекунад санаду ҷарима мекунанд, аммо даст бардоштан ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест.”

Ҳамдуллохон Фақиров, раҳбари раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, дар сурати бархӯрди дағалонаву номуносиб дар мактаб, хонандаҳо ва омӯзгорон метавонанд аз тариқи сомонаи онҳо dushanbemaorif.tj ба раёсати маорифи шаҳр муроҷиат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG