Пайвандҳои дастрасӣ

Наришкин: "Ба интихоботи Тоҷикистон дахолат намекунем"


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин.

Раиси Думаи давлатии Русия ибрози боварӣ кард, ки "интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Тоҷикистон дар фазои суботу оромӣ баргузор хоҳад шуд, вале Русия ба он дахолат нахоҳад кард."

Сергей Наришкин рӯзи 7 октябр пас аз дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки "дар мулоқот бо раисиҷумҳур масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд."

Вай гуфт, ки мояи хушҳолӣ аст, ки дар арафаи сафари ман созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қалаамрави Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки ба таъбири ӯ, омили таъмини суботи минтақа ва ҷилавгирӣ аз хатароти муосир аст.

Ба гуфтаи Наришкин, ҳоло музокирот ба сари санадҳои дигари ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҷараён дорад.


Раиси Думаи давлатии Русия гуфт, бахусус дар донишгоҳи славянӣ хеле эҳсоси хуби ҳамкорӣ кардааст. “Хоса дар мавриди мақоми забони русӣ дар қаламрави Тоҷикистон таваҷҷуҳ зиёд аст ва ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ин барои фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик низ хеле муҳим аст,” – гуфт Наришкин.

Сергей Наришкин.

Сергей Наришкин.

Сергей Наришкин дар мавриди созишномае, ки ба муҳоҷирон то 3 сол иҷозаи кор медиҳад, гуфт, ки имзои ин созишнома барои шаҳрвандониТоҷикистон имконият ва шароити беҳтареро дар қаламрави Русия фароҳам хоҳад кард.

Раиси Думаи давлатии Русия дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар Тоҷикистон гуфт, "мо бовар дорем, ки интихобот дар фазои суботу оромӣ ва дар чорчӯби қавонини кишвар сурат мегирад ва умедворем, ки мардуми Тоҷикистон интихоби худ барои ояндаи дурахшони хешро хоҳанд кард.Аммо ҷаноби Наришкин таъкид кард, ки "мо ба интихоботи Тоҷикистон дахолат нахоҳем кард."

Сергей Наришкин дар робита ба хуруҷи нерӯҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон дар соли 2014 гуфт, ки омодагиҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус Паймони амнияти дастаҷамъӣ араён дорад ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия низ барои таъмини суботу оромӣ дар Тоҷикистон ва минтақа амре зарурист.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳайъати Русия санади тасвибшудаи қарордоди тамдиди пойгоҳи низомии Русияро ба Душанбе овардааст. Сергей Наришкин ,пас аз зуҳри 7-уми октябр дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки "мо ҳамроҳи худ грамота ё санади тасвибшудаи қарордоди тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро бо худ овардем ва умедворем, ки Тоҷикистон низ санади тасвибшуда дар парлумонашро ба тарафи Русия мефиристад."

Ҷаноби Наришкин омодагии кишварашро барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф баён намуд. Ба навбаи худ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Русия ба унвони шарики стратегиии Тоҷикистон ном бурд ва гуфт, ки ҳамкориҳои дӯстонаи миёни ду кишвар боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дидори Сергей Наришкин бо Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури ҳайъатҳои бузурги ҳар ду кишвар дар Кохи Миллат пушти дарҳои баста ҷараён дорад. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзноманигорон, ба хусус наворбардорон дар оғози дидор ба мулоқот роҳ ёфтанд ва ҳамакнун мунтазири поёни музокироти ҷонибҳо ҳастанд. Қарор аст, Сергей Наришкин, пас аз поёни музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар суҳбат бо хабарнигорон натоиҷи музокиротро шарҳ диҳад ва ба суолоте посух гӯяд.

НАРИШКИН ТОҶИКИСТОНРО БА ИТТИҲОДИ АВРООСИЁ ДАЪВАТ КАРД

Раиси Думаи давлатии Русия, Сергей Наришкин, аз Тоҷикистон даъват кард, ба "бахше аз раванди ҳамгироии Иттиҳоди Авруосиё табдил ёбад." Ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷаноби Наришкин ҳамчунин ваъда кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, барои кор дар қаламрави Русия иҷозаи сесола дарёфт кунанд. То ҳоло онҳо ҳақ доштанд, ки танҳо барои як сол иҷозаи кор гиранд ва бо хуруҷу вуруди дубора ба Русия онро тамдид кунанд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷонибҳо роҷеъ ба масоили марбут ба густариши равобиту ҳамкориҳои порлумонӣ ва бахшҳои муҳими иқтисоду сиёат, фарҳангу илм миёни Тоҷикистон ва Русия ва ҳамчунин вазъи минтақа, ба хусус Афғонистон гуфтугҳо анҷом доданд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин гуфтааст, "бо гузашти солҳои зиёде байни миллатхои тоҷику рус риштаҳои дўстӣ ва хешовандӣ барқарор ва мустаҳкам гардидааст, ки фикр мекунам ин ришта дар шароити имрўза ба як занҷири мустаҳкаме табдил шудааст, ки ҳеҷ нерўе наметавонад онро гусаста намояд. Дар доираи ин дўстӣ ва бародарӣ, имрўз дар Тоҷикистон ба масъалаи омўзиши забони русӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамеша дар самти таҳия ва қабули қонунҳо ба таҷрибаи ғании қонунофарии Думаи давлатии Русия такя намуда, аз ин таҷриба ба таври лозим истифода менамояд."

Ба навбаи худ, Сергей Наришкин ба муносиботу ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон дар ҳамак соҳаҳо баҳои баланд дода ва ба тақвияти ҳар ҷи бештари ин равобит таъкид кардааст. Тибқи иттилои масъулони порлумони Тоҷикистон то кунун миёни Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи Русия 230 санади меъёрию ҳуқуқӣ, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Муҳаммадато Султонов, ҳамчунин гуфт, дар нимаи аввали рӯз дидору гуфтугуҳои раиси Думаи давлатии Русия бо Муҳаммадсаид Убайдулоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ дидори Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро таъид карда ва гуфтанд, ки ин мулоқот соати 15.00 -и имрӯз ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳарчанд хабарнигорон ба дидору гуфтугуҳои Наришкин бо мақомоти парлумони Тоҷикистон даъват нашудаанд, аммо ин гуна имкон дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Миллат вуҷуд дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русияро, дар сафар ба Тоҷикистон Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳофирати Русия ҳамроҳӣ мекунад, мулоқоти алоҳида бо раҳбари Хадмоти муҳоҷирати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев низ сурат мегирад.

Ҳамчунин дар ҳайъати Русия дар раёси Сергей Наришкин аз Донишгоҳи славянӣ ва пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбе низ дидан хоҳад кард.

Сергей Наришкин то 8 октябр дар Осиёи Марказӣ хоҳад монд ва қарор аст, ба Қирғизистон низ сафари расмӣ анҷом диҳад. Ӯро дар ин сафар раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ҳамроҳӣ мекунад ва зоҳиран баррасии масоили муҳоҷират бо мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз кишварҳои умдаи муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар дидору гуфтугӯҳои ҳайъати баландпояи Русия бо мақомоти Душанбеву Бишкек хоҳад шуд.

НАРИШКИН БА ДУШАНБЕ ОМАД. ВАЛЕ ЧАРО НАРИШКИН?

Натиҷаҳои овоздиҳии созишномаи пойгоҳ дар Маҷлиси намояндагон

Натиҷаҳои овоздиҳии созишномаи пойгоҳ дар Маҷлиси намояндагон

Сафари Сергей Наришкин ба Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 1 октябр Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон – билохира созишномаи ҳанӯз як сол пеш, дар тъарихи 5 октябри соли 2012 имзошуда дар бораи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русияро дар Тоҷикистонро тасвиб кард. Тӯл кашидани раванди тасвиби ин созишнома яке аз мояҳои аслии таниши мудавом байни Душанбеву Маскав шуда буд.

Ҷониби Русия, ки раванди тасвиби ин созишномаро ҳанӯз моҳи апрел ниҳоӣ кард, аз Душанбе дилгир буд, ки дар ин амр беш аз ҳадд маътал мекунад. Ҷониби Тоҷикистон баръакс домангири “шарики стратегӣ”-аш буд, ки мехоҳад созишномаи пойгоҳро алоҳида аз ваъдаҳои дигараш иҷро кунад. Он ваъдаҳои дигар, ки пиромунаш дар ҳамон дидори “таърихӣ”-и руасои ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе тавофуқ шуда буд, аз ҷумла ироаи кумакҳои фанниву низомӣ барои таҷдиди артиши Тоҷикистон, фурӯши бидуни боҷи гумрукии 1 миллион тонна маводи сӯхт ба Душанбе дар соли 2013 ва аз 3 рӯзи феълӣ то 15 рӯз зиёд кардани замони ҳузури бидуни сабти номи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро дар бар мегирифт.

Дар мавриди фурӯши маводи сӯхт ва шароити ҳузури муҳоҷирони тоҷик моҳи феврал ва ин бор дар Маскав байни ду кишвар созишномаҳо низ имзо шуда буд, вале ба фарқ аз созишномаи пойгоҳи 201, ҷониби Русия дар амри тасвиби ин қарордодҳо чандон шитоб нишон намедиҳад. Ва инак, эъзоми Сергей Наришкин ва Константин Ромодановский ба Душанбе зоҳиран ба ин маъност, ки яке ба унвони раиси маҷлиси поёнии парлумони Русия ва дигарӣ ба унвони масъули сиёсати муҳоҷирати Русия ҷониби Душанберо итминони хотир бидиҳанд, ки Маскав ба ваъдаҳои дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201 додааш содиқ аст ва акнун ба тасвиби қарордодҳои марбут ба иҷрои ин тааҳҳудот камар хоҳад баст.

Ибтидо қарор буд, ки Сергей Наришкин дар моҳи сентябр ба Тоҷикистон биояд, вале ин сафар то моҳи октябр ақиб андохта шуд. Дар расонаҳо инро боз ҳам ба мавзӯъи тӯл кашидани раванди тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 дар Душанбе рабт дода, мегуфтанд, баъид нест, агар Наришкин тасвиби ин паймонро шарти сафараш ба Тоҷикистон кунад. Акнун ва он ҳам дуруст баъди тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 азми Душанбе кардани Наришкин, ба бовари таҳлилгарон, нишон медиҳад, ки як санги умда аз роҳи муносибати ду кишваре, ки дар санадҳои дуҷониба якдигарро ҳамчун “шарики стратегӣ” таъриф мекунанд, бардошта шуд.

Наришкин - "хоҷаи хориҷӣ"-и мухолифини тоҷик?

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Наришкин дар доираҳои сиёсии Маскав як намояндаи аршади қутбе шинохта мешуд, ки агар малеҳтар таъбир шавад, дар ҷумлаи ҳаводорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон нест. Дар моҳи апрел, ки доираҳои рӯ ба ҳукумат дар Тоҷикистон аз эҳтимоли пешбарии раҳбари ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров ба унвони номзади ягонаи мухолифин дар интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ хафв доштанд ва бо истифода аз тамоми васоилу имконот устухони ӯро дар матбуот мебехтанд, Зоиров аз ҷумла ба он айбдор мешуд, ки зимни як сафараш дар Санкт-Петербург мулоқоти пинҳоние маҳз бо Наришкин дошта ва ба ӯ гуфтааст, ки даъвои боз як давраи ҳафтсолаи раёсат кардани президент Раҳмон амре мақбул нест. Ва Наришкин ҳам гӯё ваъда додааст, ки ин назари Зоировро ба сарони кишвараш хоҳад расонд.

Ҳарчанд худи Раҳматулло Зоиров баъдан вуқӯъи чунин мулоқотеро бо Наришкин рад кард, вале расонаӣ кардани исми мақоми баландпояе, чун раиси Думаи давлатии Русия ва он ҳам ба сурати ҳомии пушти парда ё ба истилоҳи маъмултар дар забони доираҳои ҳокими Душанбе, ба унвони “хоҷаи хориҷӣ”-и мухолифини тоҷик нороҳатии мақомоти тоҷик аз мавзеъгирии Наришкин ва атрофиёни ӯ дар қиболи масоили Тоҷикистон бармало мекард.

Ва ҳоло эъзоми маҳз Наришкин ба Душанбе ва он ҳам дуруст як моҳ қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ба назари нозирони умур, нишон медиҳад, ки савдои байни Маскаву Душанбе дар масъалаи интихоботи рӯзи 6 ноябр пухтааст ва маълум шуда, ки ҳама қутбҳои мавҷуда дар курраи сиёсати Маскав дар ин маърака аз кӣ пуштибонӣ хоҳанд кард? Аз ҷумла дар ивази тамдиди бидуни чуну чарои замони ҳузури ҳудуди 7000 афсару аскари пойгоҳи 201 – бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди Русия – дастикам то соли 2042, ки роҳро барои боздиди Наришкин аз Душанбе ҳамвор кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG