Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров: “Роҳи демократия барои Тоҷикистон бебозгашт аст”


Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Раиси Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид “демократияро роҳи бебозгашт” барои ин кишвар унвон кардааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон зимни суханронӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид “демократияро роҳи бебозгашт” барои ин кишвар унвон кардааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Шукурҷон Зуҳуров аз минбари СММ дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони порлумонҳои ҷаҳон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мавзӯи «Қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ ва рушди устувор» суханронӣ намуд. Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, раиси Маҷлиси Намояндагон “демократияро роҳи бебозгашти кишвар ва шакли идоракунии давлат” унвон кардааст.

Ҷаноби Зуҳуров гуфтааст, ки “Тоҷикистон ба эъмори кишвари ҳуқуқбунёд тамаркуз карда, ба нақшаи корӣ масъалаҳои риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, рушди демократия ва таъмини зиндагии осоишта ба ҳар фарди узви ҷомеаи моро пешниҳод кард”. Вай гуфтааст, ки равандҳои демократӣ ба воситаи Сарқонун қонунӣ гардонида шудааст. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кардааст, ки “такмили базаи ҳуқуқии кишвар ба рушду равнақ ва таҳкими принсипҳои демократӣ ва эъмори институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади таъмини минбаъдаи самтҳои афзалиятноки рушди устувори давлатӣ, такмилдиҳии демократӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, танҳо дар соли гузашта, 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда қабул гардида, 26 консепсия, барномаҳои стратегӣ, 77 шартномаи байналмилалӣ, созишнома ва протоколҳо, 18 созишномаи қарзӣ ва грантӣ тасдиқ гардидаанд”, гуфтааст Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар раъси ҳайати парлумоние шоми 29 август ба манзури ширкат дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони порлумонҳои ҷаҳон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар кард ва қарор аст то 5 сентябр дар ин ҷаласа иштирок кунад. Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки аз дидгоҳи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам созмонҳои байналмилалии ҳомии озодиҳои шаҳрвандӣ, ин кишвар дар равандҳои демократӣ то рафт кундтар мешавад.

Дар изҳороти ахири созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ (Freedom House, ИМА), таъкид шудааст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои аз лиҳози демократӣ ноозод қарор гирифта, бо манъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар охири моҳи август, «бештар диктотурӣ» мешавад. САҲА интихоботи ахири парлумонии Тоҷикистонро дар моҳи марти соли 2015 «ноозод ва ноодилона» арзёбӣ кардааст, ки ҳеҷ як ҳизби мухолифи ҳукуматро нагузошт узви парлумон шавад. Дар ин кишвар таҷрибаи бастани сайтҳои мунаққиди ҳукумат ва расонаҳои мустақил, шабакаҳои иҷтимоии мисли Фейсбуку Ютюб таҷриба мешавад, ки ба танҳо майдони баҳси озоди масоили доғи сиёсиву иҷтимоии кишвар табдил шудаанд. Зимнан, ҳафтаи охир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба ин шабакаҳо ва аз ҷумла сайти радиои Озодӣ маҳдуд шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG