Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркус Мюллер: "САҲА кори зиёд мекунад, вале "бе шӯру ғавғо"


Маркус Мюллер, раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон

Маркус Мюллер, раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон

Раҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Маркус Мюллер, мегӯяд, нақши ин ниҳод дар Тоҷикистон камранг нашуда, балки тағйир кардааст ва бахше аз корҳои он "бе шӯру ғавғо" анҷом дода мешаванд.

САҲА ахиран зимни баргузор кардани нишасте дар шаҳри Душанбе, як соли фаъолияти худро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ кард ва нақшаҳоро барои соли оянда муаррифӣ намуд. Дар ин нишаст, ки бо ширкати роҳбарияти САҲА дар Душанбе, намояндагони мақомоти қудратӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндгони ВАО сурат гирифт, ҳамчунин ҳамкориҳои ин созмонро ниҳодҳои маҳаллӣ мавриди баҳс қарор доданд.

Маркус Мюллер, раҳбари САҲА дар Тоҷикистон, гуфт, як соли фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ қаноатбахш буд. Ӯ гуфт фаъолияти САҲА масоили татбиқи лоиҳаҳо оид ба масоили терроризм ва мудирияти марзҳо, расонидани кӯмак ба бозорҳои наздисарҳадӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи башар, рушди ВАО ва ташаббусҳо дар ворид намудани ислоҳот дар қонунгузориро дарбар мегирад. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Мюллер, поксозии минтақаҳо аз мина, баланд бурдани мавқеи занон дар сиёсат, кам кардани шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ аз ҷумлаи корҳои анҷомдодаи ин созмон ба шумор меравад.

Сӯҳбати мо низ бо ҷаноби Мюллер дар атрофи нишасти ахири ин созмон, ки наздики 22 сол аст дар Тоҷикистон фаъолият дорад, чархид. Суоли нахустин ҳам ин буд ки то куҷо нишасти мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон мусоидат хоҳад кард?

Маркус Мюллер: Аҳмияти нишасти имрӯза дар он аст, ки мо бо ҳама ҳамкорони худ, аз ҷумла бо мақомоти давлат сари миз менишинем ва аввлавиятҳо барои соли 2016-ро муҳокима намуда, нақшабандӣ мекунем. Албатта, ин масъалаҳо барои ҳукумати Тоҷикистон низ муҳиманд. Он барномаҳоеро, ки мо дар соли 2015 татбиқ карда будем, дар соли оянда низ давом хоҳем дод. Вале се масъалаи муҳиме мавҷуд аст, ки мо махсус таваҷҷӯҳ хоҳем кард. Ин масъалаҳо, мудирияти марзҳо аст, бо назардошти он, ки дар Афғонистон вазъ муташанниҷ мешавад. Масъалаи дуввум марбут ба муҳоҷирати меҳнатист, чун дар Русия бӯҳрони иқтисодӣ дорем ва ин бевосита ба Тоҷикистон таъсири худро мерасонад. Ҷанбаи сеюм ба ифротгароӣ рабт мегирад, ки ба Сурия вобаста аст.

Радиои Озодӣ: Агар ба масъалаи дуввум яъне муҳоҷират таваҷҷӯҳ кунем, яъне ин ба он маъност, ки САҲА ягон баромаи мушаххасро рӯи даст гирифтанист?

Маркус Мюллер: Мо масъалаи муҳоҷиратро дар чаҳорчӯби бӯҳрони Украина мебинем.Тавре ҳам гуфтем, он ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ҳам тасъиргузор аст. Ин албатта, барномаи нав намешавад, чунки мо созмоне нестем, ки махсус ба масоили муҳоҷират диққат кунем. Мо дар доираи ин барнома метавонем, беҳтар намудани фазои сармоягузориро дида бароем, ки мо аллакай ин барномаро дорем. Мо имкон пайдо мекунем, ки барномаи мазкур, яъне беҳтар намудани фазои срмоягузориро амалӣ кунем, ки барои иқтисоди Тоҷикистон таъсири хуб мерасонад. Боз гуфтанӣ ҳастам, ки масалан, муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳолати занон дар Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошта истодааст. Чунки занон бе сарпараст мемонанд, ҳуқуқи онҳо ва ҳамчунин фарзандонашон нақз мешавад. Мо шӯъбае дорем, ки махсус бо масоили гендерӣ машғул аст. Ҳамчунин марказҳои захиравӣ барои занон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки аз ҳаққи ин қишри ҷомеа дифоъ мекунад. Мо дар чаҳорчӯби ҳамин барномаҳо метавонем, бо масъалаи муҳоҷират кор кунем.

Радиои Озодӣ: Оё мешавад гуфт, ки САҲА барои барномаҳояш дар Тоҷикистон барои соли 2015 чи қадар маблағ ҷудо кардааст ва ин маблағ дар соли 2016 чӣ қадарро ташкил хоҳад кард?

Маркус Мюллер: Ҳудуди 11-12 миллион евро. Аммо эҳтимол дорад, барои соли оянда маблағ боз бештар шавад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Мюллер, аз нигоҳи Шумо Тоҷикистон кадом андоза ба ҳузури САҲА ниёз дорад. Чунки бархе аз таҳлилгарон мегӯянд ин созмон дигар он нуфузеро, ки 10-15 сол пеш дошт, надорад ва нақшаш низ камранг аст?

Маркус Мюллер: Ман метавонам бигӯям, ки нақши мо камранг шуда, балки тағйир кардааст. Чун даҳ соли пеш мо бо мушкили ифротгароӣ ва ё мудирияти марз мувоҷеҳ набудем, вале ҳоло ин масъалаҳо пеш омадаанд. Мутаносибан, нақш ва ваколати САҲА низ вобаста ба масоили рӯз дигаргун мешавад. Ваколати мо аз эҳтиёҷоте, ки шариконамон доранд, маншаъ мегирад. Масалан, мо ки ҳамкории густарда бо ҳукумат ва шарикони худ аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ дорем ва вобаста ба эҳтиёҷоти онҳо мо ҳозирем, ваколати худро дигаргун намоем.

Радиои Озодӣ: Шумо, ки дар мавриди эҳтиёҷоти шариконатон гуфтед, то ҷое мо медонем, яке аз масъалаҳои муҳим дар Тоҷикистон ин озодии баён ва бастани сомонаҳои интернетист. Чаро то имрӯз ин созмон ҳеҷ вокуниши ҷиддие дар ин замина нишон надодаву мушкили мазкур низ ҳалли худро пайдо накардааст?

Маркус Мюллер: Мо ба ин масъала аҳмияти ҷиддӣ медиҳем. Мо дар қароргоҳи худ дар Вена оид ба озодии баён ва ВАО намояндаи махсус дорем. Ин намоянда вобаста ба масъалае, ки шумо гуфтед вокуниш нишон дода буд. Мо танҳо дар ин маврид вокуниш нишон дода метавонем, ғайр аз ин мо нерӯи дигари таъсиррасониро надорем. Аммо мо рӯзноманигорон ва дар маҷмӯъ ВАО-и Тоҷикистонро бо масъалаҳои техникӣ дастгирӣ мекунем. Масалан мо ба Шӯрои ВАО ки дар кишвар амал мекунад, барои ташкил намудани як танзимгари мустақил кӯмак мерасонем.

Радиои Озодӣ: Бархе ба ин назаранд, ки САҲА дар 5 сол як бор ва он ҳам ба вақти итихобот садо медиҳад ва бо пахши як гузорише хушку маъмулӣ бобати натиҷаи ин маъракаи сиёсӣ иктифо мекунад.

Маркус Мюллер: Масъалаи интихобот, танҳо бахше аз фаъолияти моро ташкил мекунад. Мо бештар дар мавриди ҳуқуқи инсон корҳои зиёдеро анҷом медиҳем, аммо дар ин маврид “шӯру ғавғо” намебардорем. Аз тарафи дигар мо дар мавриди шиканҷа, масоили гендерӣ ва ҳамчунин чанд бахши дигар фаъолият мебарем. Вале чун дар ин бора зиёд ҳарф намезанем, шояд чунин намояд, ки фаъолияти мо камранг аст, ҳарчанд дар асл чунин нест. Интихобот ин як қисме аз фаъолиятест, ки мо дар самти рушди башарӣ амалӣ мекунем. Вале бояд бигӯям, ки аз ин интихобот то интихоботи дигар мо бо Комиссюни марказӣ ва раъйпурсии интихобот ҳамкории зич дорем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG