Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 3 ҷавон ҳангоми гузаштани кортежи президент


Комил Арешов

Комил Арешов

Раҳбар ва ду корманди созмони хайрияи "Дасти ёрӣ"-ро дар Душанбе бо ҷурми "авбошӣ" панҷрӯзӣ маҳкум ба ҳабс кардаанд.

Ин се ҷавон ба он айбдор мешаванд, ки мошини худро қабл аз гузаштани корвони мошинҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе нигоҳ доштаанд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 28 сентябр раҳбари созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» ва ронандаву як корманди ихтиёрии ин созмонро ба мӯҳлати 5 шабонарӯз маҳкум ба ҳабси маъмурӣ кард. Дар ин бора сомонаи notorture.tj, ки эътилофи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистон ба хотири мубориза бо шиканҷа таъсис додаанд, хабар медиҳад.

Додрас Э.Баҳриддинов дар қарораш навиштааст, ки Комил Арешови 29-сола, раҳбари созмони “дасти ёрӣ” ва ҳамкорони ӯ Комрон Асозодаи 22-сола ва Тоҳир Холов бар асоси “моддаҳои 140,141, 142, 148 ва 150-уми Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳкум шуда, ин се нафар ҳаққ доранд, дар давоми 10 рӯз аз ҳукми ӯ шикоят баранд. Ба гуфтаи як манбаъи огоҳи Озодӣ, Комил Арешов ҳамроҳ бо Комрон Асозода ва Тоҳир Холов дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққати шӯъбаи умури дохилии Сино-1 дар шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешаванд.

Муҳокимаи ҳар се нафар дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, кормандони созмони хайрия рӯзи 27 сентябр дар минтақаи “Садбарг”, ки марбут ба ноҳияи Шоҳмансур аст, “авбошӣ” кардаанд. Аммо Комил Арешов ва ҳамкорони ӯ худро бегуноҳ медонанд ва мегӯянд, ки баръакс кормандони милиса бо ҳеҷ асосе ба онҳо дарафтода ва бадрафторӣ кардаанд ва онҳоро бо иттиҳоми авбошӣ ба шӯъбаи умури дохилӣ бурдаанд.

Аммо Комил Арешов ва Комрон Асозода қабл аз мурофиа ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки ҳеҷ кори ғайриқонуние накарданд ва баръакс маъмурони милиса бо дашному ҳақорат ба онҳо дарафтода ва дар назди мардум дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе, дар назди маркази тиҷории «Садбарг» калтаккӯб кардаанд. Комил Арешов мегӯяд, маъмурони милиса, ки ба онҳо дарафтоданд, маст буданд ва бо истифода аз алфози хеле қабеҳ дар мазҳари омм онҳоро зери мушту лагат гирифтаанд.

Ба гуфтаи Арешов, онҳо ба хотири дар яке аз мағозаҳо гузоштани сандуқи хайрияи созмони “дасти ёрӣ” ба тарафи “Садбарг” рафта буданд, вале аз қазо, ин сафари онҳо замоне, ки бояд аз кӯчаи марказӣ корвони мошинҳои раисиҷумҳур мегузашт. Мошини Арешову ва рафиқонашро низ барои ҳамин манъ кардаанд, ки чаро дар ин “лаҳзаи муҳим” дар кӯча истодаанд?

Ҳукми ҳабси Арешов

Ҳукми ҳабси Арешов

Комил Арешов баъди боздошташон тавонистааст, таассуроти худро аз чунин бархӯрди маъмурони милиса дар Фейсбук ҳам нашр кунад. Ӯ менависад, аз ин ҳодиса чанд сабақ гирифт, ки якеаш дар дар назди маъмурони давлат заррае қадр надоштани шаҳрванди оддист, якеи дигар инки бидуни ислоҳоти фарогир ва як поккории ҷиддӣ дар сафҳои вазорати умури дохила ягон қонун кор нахоҳад кард ва ҳам:“набояд вақте ки кортежи президент мегузарад, мошинро дар кӯча нигоҳ дошт.” Вале муҳимтарин сабақ, ки Комил Арешов дар хулосааш овардааст, чунин аст: “Ман фардо мутмаин буда наметавонам, ки давлат маро ҳамчун шаҳрванд қадрдонӣ ва нигоҳубин мекунад, на ҳамчун ҒУЛОМ!”

Комил Арешов мехост, рӯзи 28 сентябр ба хадамоти амнияти дохилии вазорати умури дохила ва додситонӣ расман аз рафтори бади маъмурони милиса шикоят барад, вале дар ҳамон рӯз ба сурати оҷил мурофиаи парвандаашонро баргузор ва ҳарсеро панҷрӯзӣ ҳабс карданд.

Созмони хайрияи «Дасти Ёрӣ» моҳи майи соли гузашта таъсис ёфта, то кунун бо ҷалби кумакҳои хайрияи сокинони дохилу хориҷи Тоҷикистон ба ятимхонаҳои кишвар ва даҳҳо нафар аз занону кӯдакон ва афроди пиру барҷомонда кумак кардааст. Ба гуфтаи Комил Арешов, онҳо аз тарафи маъмурони милиса низ замоне дастгир ва латукӯб шуданд, ки мехостанд боз як қуттии хайрияи ин созмонро дар яке аз фурӯшгоҳи воқеъ дар минтақаи “Садбарг” бигузоранд.

Шикояти раҳбари ин созмони имдодӣ аз рафтори маъмурони милиса дар ҳолест, ки мавзӯъи шиканҷаву бадрафторӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мояи нигаронии пайвастаи созмонҳои маҳалливу байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Дар моҳи июл ин масъала дар як иҷлоси вижаи кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева низ матраҳ шуда буд.

Дар сомонаи notorture.tj як навори видеоӣ низ гузошта шудаааст, ки дар он Комил Арешов ва Комрон Асозода ҷузъиёти ин моҷароро қисса мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG