Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сардори боздоштгоҳ: Хабари шиканҷаро Хадамоти амнияти дохилӣ санҷид


Садриддин Шарифзода, сардори боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ хабари шиканҷа шудани маҳбусони ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рад кард ва онро "иғво" номид.

Садриддин Шарифзода, сардори боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 24-уми август дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ хабари шиканҷа шудани маҳбусони ҲНИТ-ро рад кард ва онро “иғво дар остонаи ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба қазияи ҳизби мамнуъ" номид.

Ин сӯҳбат дар заминаи хабари дар зиндон мавриди шиканҷа қарор гирифтани ҳадди ақалл ду узви баландпояи ҲНИТ – муовини раиси ин ҳизби мамнӯъ Маҳмадалии Ҳаит ва сардабири нашрияи “Наҷот” Ҳикматулло Сайфуллозода сурат гирифт. Дар сӯҳбат бо Садриддин Шарифзода Радиои Озодӣ аз ӯ хост, ки дар бораи шароити нигаҳдошти боздоштшудаҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ сӯҳбат кунад.

Вақте ҳамсараш даромаду мулоқот кард, вай бо ханда гуфт, ки “шиканҷа нашудаам, сиҳату саломатам, ягон шикоят надорам”.

Радиои Озодӣ: Дар ин авохир матбуот дар бораи шиканҷа шудани баъзе намояндагони мухолифин, ки яке аз онҳо ба ҳукми абад маҳкум шудааст, иттилоъ пахш мекунад. Ҷониби Шумо мегӯяд, ки ин хабарҳо воқеият надоранд. Агар ба хонаводаҳо имкон дода шавад, ки наздикони худро дар маҳбас бибинанд ва дилашон ором гирад, ба фоидаи кор нест?

Садриддин Шарифзода: "Ҳамаи ин хабарҳо дурӯғ аст. Дар пеш, ки чорабиниҳои сиёсӣ аст, иғво мекунанд. Вагарна, ин одамон на камбуде доранд, на касаланд, на танқисӣ мекашанд. Хешу таборашон вохӯрӣ карданд, диданд. Ягон шикояте надоштанд. Ахборро бибинед, сарчашмааш маълум нест. Инҳо иғво меандозанд. Дидед-ку зани Маҳмадалии Ҳаит чӣ гуфт? Вақте даромад, бо шавҳараш вохӯрӣ кард, баъд баромаду гуфт, ки “ҳар касе, ки ин хабарро пахш кард, ба ҷони мо ҳам ҷабр кард, ба ҷони Ҳаит ҳам ҷабр кард, ки гӯё дасту пояш шикастагӣ аст”. Вақте ҳамсараш даромаду мулоқот кард, вай бо ханда гуфт, ки “ман шиканҷа нашудаам, сиҳҳату саломатам, ягон шикоят надорам”. Аз наздик шишт, бо ӯ гап зад. Баъдан ба шумо ҳам ҳам гуфт, ки ягон камбуд надорад."

Радиои Озодӣ: Чаро вокуниши Шумо дар баробари хабарҳо дар бораи шиканҷа шудани ин афрод хеле дер пахш мешавад ва ё аслан пахш намешавад?

Садриддин Шарифзода: "Мо ҳам ҳар рӯз бо сад кор банд ҳастем. Вале вақте хабари Сайфуллозода баромад, мо ҳама корро партофта аз пушти он шудем. Мо ҳам карточкаи тиббиашро бардоштем, то исбот кунем, ки ӯ кай муроҷиат кардааст, кадом духтур дидааст, чӣ доруҳоро истифода бурдааст. Нишондоди худашро гирифтем. Нишондоди хешу таборашро гирифтем. Омаданд, диданд, ки то куҷо осори шиканҷа дар баданаш дида мешавад. Вақти сӯҳбат кардан ягон норозигӣ мекунад ё на, ҳамаи инро бо далелаш нишондод гирифта исбот кардем. Хадамоти амнияти дохилии сарраёсат омада, санҷиш гузаронда ва хулоса баровард."

Радиои Озодӣ: Намояндагони ҳизби мамнӯи наҳзат дар боздоштгоҳ дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешаванд? Шароити инҳо аз зиндониёни дигар фарқ дорад?

Мулоқоти Ҳуан Мендес бо мақомоти тоҷик. Шаҳри Душанбе, 2014

Мулоқоти Ҳуан Мендес бо мақомоти тоҷик. Шаҳри Душанбе, 2014

Садриддин Шарифзода: "Он чи қонун нисбат ба маҳкумшудаҳо, ки дар низоми махсус нигоҳ дошта мешаванд, пешбинӣ мешавад, дар ҳамон шароит нигоҳ дошта мешаванд. Аз дигарон ягон фарқ надоранд."

Радиои Озодӣ: Оё намояндагони Салиби Сурх ва ё созмонҳои байналмилалӣ барои дидор бо зиндониҳои ҳизби мамнӯи наҳзат ба Шумо муроҷиат кардаанд?

Садриддин Шарифзода: "Муроҷиат дар рӯзҳои наздик нашудааст. Лекин ҳар вақте муроҷиат карданд, омаданд, диданд. Ҳуан Мендес (гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷа) чанд дафъа омада дид. Дар як вақт даромада бо ду-се маҳбус сӯҳбат мекард, ягон монеа набуд."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG