Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, бархе аз қишрҳои аҳолӣ тибқи шароити муайян аз гирифтани рӯза озоданд.

Президенти Тоҷикистон дар паёми идонааш ба муносибати моҳи Рамазон зикр кард, ки бо назардошти ба фасли гармо ва рӯзҳои дарози тобистон баробар омадани Рамазон Шӯрои уламо метавонад, ки дар асоси талаботи фиқҳи ҳанафӣ фатво диҳад, то барои мардуми бемору мусофир, кишоварзону коргарон, ки корҳои сангинро ба анҷом мерасонанд, сабукӣ пайдо шавад. Оё Шӯрои уламо ин ибтикорро хоҳад кард? Бо ин пурсиш ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода муроҷиат кардем.

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Шӯрои уламои Тоҷикистон ва раёсати фатво ин ҳақро надорад, ки дар иртибот ба моҳзи Рамазон фатвое содир кунад, вале худованд ва пайғамбари ислом (с) аллакай дар иртибот бо вазъу шароит хусусан дар адои рамазон ҳамаи сабукиҳоро ба мардуми ниёзманд, ба мисли бемор, хонуми ҳомила, корманде, ки ба сафар меравад, пешбинӣ кардааст. Бар асоси фармудаи аҳкоми ислом, ки аз нигоҳи илмӣ низ дар замони пайғамбари ислом мушаххас шудааст, нафаре, ки аз ҷои истиқоматаш ба масофаи 120 километр сафар мекунад, ин ҳақро пайдо мекунад, ки агар нахоҳад, рӯзаашро метавонад бишканад, яъне рӯза надорад. Чунки вай мусофир ҳисобида мешавад.

Озодӣ: Масалан, агар мо ба ноҳияи Шаҳритус сафар кунем, пас метавонам рӯзао бишканем?

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Бале, агар ба Кӯлоб, Хуҷанд ва ба ҳар минтақае, ки дуртар аз 120 километр аз ҷои истиқомат ҷой дорад, биравед шумо дигар мусофир ҳастед ва агар дар ин сафар имкону тавони рӯзаро доштан надоред, метавонед надоред. Вале дар яке аз наздиктарин рӯз қазои онро бояд адо кунед. Яъне тамоми сабукиҳо ва озодӣ бо шарту шароит барои доштани рӯза нишон дода шудааст. Шумо дар Душанбе зиндагӣ мекунед ва вақте ки аз дарвозаи шаҳр берун мешавед мусофир дониста мешавед ва метавонед, рӯзаи худро идома диҳед ва агар не метавонед, ҳамон рӯз рӯзаро бихӯред, вале ҳатман қазои онро бояд бигиред.

Шариати исломӣ, масалан, барои бемороне, ки рӯза доштан дардашонро боз сангинтар мекунад ва машаққат эҷод мекунад, тавсия медиҳад, ки рӯза надоранд ва ё барои бемороне, ки дучори бемории беҳад вазнин ҳастанд ва доштани рӯза ӯро ба марг мекашонад, доштани рӯза барои ин беморон гуноҳ аст. Шариати ислом ба башар мегӯяд, ки ба нафси худ зулм накунад. Ё ин ки беморони қанд азбаски ба нӯшидани зиёди об ниёз доранд ва дар ин тамузи тобистон азият хоҳанд кашид, агар рӯза бидоранд, осию гунаҳкор дониста мешаванд, аз ин рӯ ба инҳо рухсат дода шудааст, ки рӯза нагиранд. Вале бо фарорасии фасли сардтар метавонанд рӯза бигиранд

Озодӣ: Гуфта мешавад, ки дар баъзе давлатҳои арабӣ бо назардошти гармои ҳаво то 100 грамм об нӯшидан иҷозат аст оё назари Шумо чист?

Саидмукаррам Абдулқодирзода: На, ин ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест ва ман ҳам аз тариқи баъзе расонаҳои ғайрисломӣ шунидам, ки дар баъзе кишварҳо бо назардошти тафсонии ҳаво гуё то 100 ва 200 грамм нӯшидани об иҷозат будааст. Вале ин ҳарфи душманони ислом аст ва аз замони пайғамбарамон(с) то кунун ин гуна фатвое ё машварате дода нашудааст.

Озодӣ: Шумо дар авоили ҳамин сол дар нишасти Маҷмаъи фиқҳии муфтиёти кишварҳои исломӣ дар Кувайт ширкат доштед ва яке аз масъалаҳо баҳои ҳуқуқии исломӣ додан ба масоили муосир дар ҷомеаи инсонӣ буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода: Бале, маҷмаъи фиқҳӣ доир ба суолҳое, ки дар ҳамони муосир ба вуҷуд меоянд ва дар гузашта сар назада буданд баҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Дар ин нишаст яке аз масъалаҳо тӯҳфа кардан ва ё додани узви бадан ба нафри дигар маслан гурда буд. Хулоса карда шуд, ки агар нафаре ба хотири пул ба нафари дигар гурдаашро медиҳад, инро шариати ислом ҳаром мешуморад, вале агар наздикон ва хешу табор ба хотири зинда мондани дигарӣ гурдаашро медиҳад инро раво мешуморад. Масъалаи дигар бордоркунии сунъӣ аз нигоҳи шариати исломӣ баррасӣ буд. Агар зану шавҳар фарзанд надоранд ва ба хотири овардани фарзанд аз нутфаи шаваҳараш бордор карда шавад, раво ҳаст вале аз нутфаи бегона бордор карда шавад, ин раво нест. Чунки фарзанде, ки ба дунё меояд, барои ин хонавода бегона буда, аз марди дигар аст ва бо назардошти бо муҳаббат тарбия наёфтани ин кӯдак ислом онро манъ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG