Пайвандҳои дастрасӣ

"Динро олуда накунем!" Даъвати раиси Шӯрои уламо аз ҲНИТ (ВИДЕО)


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро дар сӯистифодаи “ғайриқобили қабули дин дар ташвиқи интихоботӣ” муттаҳам донистанд.

Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, намояндагони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар маросимҳои мазҳабӣ дар минтақаи Кӯлоб мардумро ҳушдор додаанд, ки хат задани номи ҳизби исломӣ аз варақаи овоздиҳӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ маънои хат задани Исломро дорад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар ҳоле ки рӯзи 17-уми январ дар Кӯлоб бо фаъолони ҷомеа сӯҳбат мекард, гуфт, нигарон аст, ки ҲНИТ чунин тарғиботро маҳз дар шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондааст. Раиси Шӯрои уламо гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки як ҳизби сиёсӣ бо такя ба боварҳои динии сокинон, “тарғиботи ғаразноки сиёсӣ”-и худро ба роҳ монад. Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт.

“Он вақт мегуфтанд, ки агар ба майдон наравӣ, занат се талоқ мешавад. Талоқи зани кадом мард дар дасти каси дигар аст? Ин сӯиистифода аз бесаводии сокинон аст. Ба овоз додану надодан кӣ кофир мешавад? Биёед, дини покро дар ҳар масъала олуда накунем. Бигзоред, дин пок бимонад ва онро олуда накунед,” – гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Азизуллои Файз, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле, ки расман тарғибу ташвиқи номзадон шурӯъ нашудааст, аъзоёни ҲНИТ дар Кӯлоб дар масоҷид ва маросимҳои ҷаноза ошкору ниҳон тарғиботро оғоз кардаанд.

Ӯ гуфт: “Барои тарғиб ва ташвиқ қонун дар бораи интихобот вақти муайян пешбинӣ кардааст. Ҳавзаҳои интихоботӣ ҳаст. Аз рӯи нақша вохӯриҳо бояд доир гардад. То Душанбе сару садо расидаст, ки ҲНИТ тарғиботро оғоз кардааст. Аллакай мардумро ба ин гуфтаҳо, ки агар ба ин ҳизб овоз надиҳӣ, кофир мешавӣ, сар кардаанд, ки ин хилофи қонунҳои мавҷуда аст. Мову шумо, ки дар маҳалҳо ҳастем, вақте инро мебинем, аз ин бояд пешгирӣ кунем. Давлат барои муборизаҳои сиёсӣ дар чорчӯбаи қонун ҳамаи шароитро муҳайё кардааст. Барои гирифтани раъйҳо бояд тарғибҳои қонунӣ сурат бигирад, на ин ки аз дин истифода барем.”

Изҳори назари раиси Шӯрои уламо ва Кумитаи динро масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб баръакс оғози тарғиби зидди ин ҳизб унвон карданд.
Маҳмадшариф Набиев, раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз ҳар маъракаи интихоботӣ тарғиботи зиддинаҳзатӣ оғоз мешавад ва ин корро аз оддитарин масъули давлатӣ то мансабдорони баландмақом анҷом медиҳанд.

Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб.

Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб.

Ӯ гуфт: “Мо сӯиистифода аз динро ба хотири расидан ба ҳадафҳо ҳаром медонем. Ҳадафи мо дин аст, на василаамон. Мо мебинем, ки динро баръакс дигарон сӯистифода мекунанд. Бархе барои расидан ба қудрат мебинем, ки динро истифода мебаранд, аммо мо ҳеҷ гоҳ чунин намекунем, балки дар сурати ба қудрат расидан мехоҳем хизматгори дин бошем. Ин назари муфтӣ ва намояндаи кумитаи дин бепояанд.”

Солҳои қабл низ чунин сару садо вуҷуд дошт, ки ҲНИТ ҳангоми ташвиқ аз сокинон хоҳиш мекунад, то номи исломро дар варақаҳои интихоботӣ хат назанед, зеро ин маънои хат задани дини исломро дорад. Ин иддаоест, ки чанд сол боз дар маъракаҳои интихоботӣ садо медиҳад, аммо бори аввал аст, ки намояндаи Кумитаи дин ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ин мавзӯъ дахл мекунанд.

Аммо Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботи навбатӣ варақаҳои раъйдиҳӣ тавре омода хоҳанд шуд, ки исми ягон ҳизб хат зада нахоҳад шуд, балки дар рости номи ҳизби интихобшуда сокинон ишорахат мегузоранд.

Ҳушдори намояндаи Кумитаи дин ва Раиси шӯрои уламо ба ҲНИТ барои сӯистифода накардани дин дар ҳолест, ки чанд соли ахир сокинони Тоҷикистон ба дину мазҳаб таваҷҷӯҳи хос доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин,

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, ҳоло ҳар нафаре мехоҳад, ҳарфаш дар ҷомеа таъсир дошта бошад, аз боварҳои мардум, ба хусус мазҳабу дин истифода мекунад.

Ӯ меафзояд: “Ба воситаи дин аксарият мехоҳад ҳарфаш таъсиргузор бошад. Ҳама қишрҳои ҷомеа дар Тоҷикистон аз дин сӯистифода мекунанд. Динро дар ҷомеаи ҳозира ягона василаи наздик шудан ба мардум медонанд. Бубинед, ки дар телевизион ҳатто як раиси колхоз сӯҳбат мекунад, аз кадом саҳоба дар тақвияти суханаш мисол меорад. Чун медонад, ки вақте аз дину мазҳаб гап зад, суханаш таъсираш бештар аст.”

Аммо ҳоло дар Тоҷикистон расман ташвиқу тарғиби номзадон шурӯъ нашудааст, балки танҳо сабти номи номзадҳо идома дорад. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 март баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG