Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳидоят Бишчевич: "Тазоди Аврупо набояд ба Осиёи Марказӣ ояд"


Ҳидоят Бишчевич, раҳбари дафтари намояндагии ИА дар Тоҷикистон.

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари дафтари намояндагии ИА дар Тоҷикистон.

Ҳафтаи гузашта дар муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон пешрафти назаррасе ба вуқӯъ пайваст. Ду тараф вазъи равобити байниҳамиро баррасӣ ва дурнамои онро мушаххас карданд.

Аз 11 то 13 июн дар Брюссел, қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо, ҳафтумин Муколамаи ҳуқуқи башари ин созмон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Равобити Тоҷикистон бо ИА аз соли 1994 шурӯъ шуда, ин созмон то ҳоло ба Тоҷикистон ҳудуди 900 миллион евро кӯмак кардааст. Радиои Озодӣ дар мавриди натиҷаҳои ин нишаст ва ҳамин тавр ҳамкориҳои ИА бо Тоҷикистон, вазъи ҳуқуи башар, озодии баён ва масоили дигар гуфтугӯи ихтисосиеро бо Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии ИА дар Тоҷикистон анҷом дод. Нахустин пурсиш низ дар мавриди натиҷаҳои нишасти Брюссел буд.

Ҳидоят Бишчевич: Ҳафтаи гузашта фурсати хубе барои тақвияти ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон буд. Муколамаи масоили ҳуқуқи башар дар Брюссел, ки дар канори баррасии вазъ ва дурнамои муносиботи ИА бо Тоҷикистон, ҳамчунин масоили ҳуқуқи башарро ба чолиш кашид. Ҳамчунин дар ин ҳафта ҳайате аз ИА дар Конфаронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” дар Душанбе ҳузур дошт. Муовини раиси Бонки Аврупоии сармоягузорӣ низ сафаре ба Душанбе дошт ва дар ҷараёни ин боздид созишномаи ҳамкорӣ барои маблағгузории тарҳи КАСА –1000 ба имзо расид. Бояд бигӯям, ки ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон ба марҳалаи нав расидаанд ва мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мебошад ва ин нақши Тоҷикистонро дар Брюссел эътироф мекунанд ва ҷойгоҳи ин кишвари ОМ дар ин ҳамкориҳо муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Вазъи ҳуқуқи башар, ба хусус озодии баён ва ҳамчунин озодии интернет аз масоили матруҳаи ин нишаст будаанд. Мавқеи ИА дар ин замина чист?

Ҳидоят Бишчевич: Ҳангоми Муколамаи масоили ҳуқуқи башар ба аҳамияти озодии ахбори умум ва баён таъкид карда шуд. Ҳатто зикр гардид, ки Тоҷикистон дар ин соҳа пешрафте кардааст. Ҳарчанд мушкилоте дар ин замина вуҷуд дорад. Ба хусус мушкили сайтбандиҳо. Аммо он, ки Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар ин Муколама ширкат мекунанд ва баҳсу баррасиҳо дар масоили таваҷҷӯҳи тарафайн омили густариши ҳамкориҳо ва рафъи мушкилот хоҳад шуд. Албатта, мо медонем, ки Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва ҳатто хатарҳои берунӣ ҳам ба тасмимоте дар мавриди озодии баён таъсир мерасонад. ИА ҳамеша ҷонибдори шаффофият ва озодии баён ва интернет аст.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, Шумо наздики ҳашт моҳ раҳбари дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонед. Ҷойгоҳи созмонатонро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҳидоят Бишчевич: Он гуна, ки таъкид кардам, Тоҷикистон барои ИА шарики боэътимод аст. Созмони мо бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисод, волоияти қонун, бахши хусусӣ, мудирияти марзҳо ва ғайра ҳамкорӣ дорад ва кумак ҳам мерасонад. Ҳамзамон нақши ИА дар минтақа, ба хусус Тоҷикистон хеле муҳим аст. Чун соҳаҳое аст, ки аз ҷумла ислоҳоти нафақа, беҳдошту маориф ба кумаки ИА ниёз дорад.

Радиои Озодӣ: Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон кишвари ноозод, худкома дониста шуда ва ҳатто дар заминаи озодии баёну андеша ва ҳуқуқи башар мавриди иниқод қарор мегирад. Шумо ба ин иддаоҳо мувофиқед?

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари дафтари намояндагии ИА дар Тоҷикистон

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари дафтари намояндагии ИА дар Тоҷикистон

Ҳидоят Бишчевич: Ман наметавонам, бигӯям, ки Тоҷикистон кишвари худкома аст. Ҳарчанд мушкилот дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин мушкилотест, ки ба натоиҷи ҷанги дохилӣ ва ҳамчунин бозмонда аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бастагӣ дорад. Бинобар ин дар шароити феълӣ барои ҳукумати Тоҷикистон вазифаи осон нест, ки кишварро аз кулли мушкилот берун карда ва ба сӯи рушду пешрафт равона созад. Дар 70 соли пеш, ҳукумати шуравӣ мехост дар Тоҷикистон низомеро маҷбуран ҷорӣ намояд, аммо ягон низомро маҷбуран амалӣ карда намешавад. Барои низомеро дар ҷомеа ҷорӣ карданд, пеш аз ҳама маорифи ҷавононро баланд бардошта ва барои мардум шароити лозим фароҳам кардан лозим аст.

Радиои Озодӣ: Чун, баъзе фаъолони ҳуқуқи башар иддао доранд, ки Тоҷикистон дар солҳои охир аз назари вазъи ҳуқуқи инсон хеле рукуд кардааст. Онҳо ба рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ва додгоҳҳои ширкатдорони он ҳодисаҳо, боздоштҳои пурсарусадои Зайд Саидов, Александр Содиқов, Шӯҳрат Қудратов ва дигар масоил ишора мекунанд. Ҳатто Иттиҳоди Аврупо ҳам дар ин замина изҳорот додааст. Аммо дар нишасти ахир чӣ мавзӯъҳо баҳс шуд?

Ҳидоят Бишчевич: Мо ин масоилро дар ҳамаи нишастҳо, аз ҷумла нишасти Шӯрои ҳамкорӣ, ки моҳи октябри соли гузашта шуд, мавриди баррасӣ қарор додем. Борҳо муштаракан бо сафирони ИА дар ин масоил бо ҳукумати Тоҷикистон баҳсҳо кардаем ва ИА дар ин заминаҳо изҳоротҳо низ пахш кардааст. Чун вазъи ҳуқуқи башар аз масоили меҳварӣ дар муносиботи ИА бо Тоҷикистон аст,

Радиои Озодӣ: Дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ ва ҳамин тавр боздошти муҳаққиқи ҷавон Александр Содиқов гуфтем. Пас аз ин иттифоқҳо, ба назар расид, ки таниши, албатта, нарме дар муносибати мақомот бо дипломатҳои аврупоӣ ба вуҷуд омадааст. Чун он замон фаъолияти дипломатҳои аврупоиро дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон зери суол бурданд ва ҳатто ходимони сафорати Шуморо дар кӯшиши ба ҳам задани суботи ин минтақа гунаҳгор карданд. Ҳоло вазъ чӣ гуна аст?

Ҳидоят Бишчевич: Пеш аз ҳама инро бояд бигӯям, ки дар дафтари намояндагии ИА дар Тоҷикистон аслан кормандон фаъолият мекунанд ва онҳо дипломат нестанд. Аммо онҳо ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби фаъолияти худ ва ба хотири назорат бар иҷрои лоиҳаву барномаҳои ИА сафар мекунанд. Инро ҳам таъкид карданиам, ки кормандон ва умуман Иттиҳоди Аврупо ягон нақшаи сиёсӣ дар Бадахшон ва умуман дар Тоҷикистон надорад. Ҳатто ИА бо ягон созмону кишвари дигар дар минтақа рақобат надорад ва ҳеҷ гуна ғарази сиёсӣ низ ба Тоҷикистон ва минтақаро пеш нагирифтааст. ИА нақши худро танҳо дар расонидани кӯмак ба Тоҷикистон ва рушди он медонад.

Радиои Озодӣ: Пас, ҳоло дипломатҳои аврупоӣ, бидуни маҳдудияте ба Бадахшон сафар мекунанд? Чун тибқи иттилооти расида, дипломатҳои аврупоӣ ба Бадахшон сафар намекунанд. Ҳарчанд дипломатҳои Амрико, Ҷопон ва ҳамин тавр намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бидуни маҳдудият ин гуна сафарҳоро анҷом медиҳанд?

Ҳидоят Бишчевич: Ҳоло танҳо бо иҷозаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва он ҳам инфиродӣ сафар ба вилояти Бадахшон имкон дорад. Мо бо вазорат дар музокира ҳастем, то иҷозаи солонаро барои сафар ба Бадахшон пайдо кунем.

Радиои Озодӣ: Аммо ҷаноби сафир Шумо то ҳол ба Бадахшон сафар кардед?

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари дафтари намояндагии ИА дар Тоҷикистон (рост) ва Хуршеди Ҳамдам, хабарнигори Озодӣ

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари дафтари намояндагии ИА дар Тоҷикистон (рост) ва Хуршеди Ҳамдам, хабарнигори Озодӣ

Ҳидоят Бишчевич: Ман ҳудуди ҳашт моҳ боз дар Тоҷикистон ҳастам ва хеле серкору машғулам. Аммо дар оянда кӯшиш хоҳам кард, то ба ба ҳама минтақаҳои Тоҷикистон сафар кунам. Ҳоло кормандони намояндагӣ ба манотиқ барои анҷоми мониторинг сафар мекунанд ва ин бо иҷозаи Вазорати корҳои хориҷӣ сурат мегирад. Бояд таъкид кунам, ки ин гуна маҳдудият, яъне дарёфти иҷозатнома аз сӯи вазорат танҳо барои намояндагии ИА набуда, балки барои ҳама сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ вуҷуд дорад.

Радиои Озодӣ: Иттиҳоди Аврупо ба унвони яке аз шарикони Тоҷикистон барномаҳоеро дар заминаи ҳифзу тақвияти марзи давлатӣ ва таъмини амният рӯи даст дорад. Аммо афзоиши ноамниҳо дар шимоли Афғонистон ва ҳамин тавр фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва терористӣ мояи нигаронии амиқи ҳукумати Тоҷикистон аст. Созмони шумо барои ҷилавгирӣ аз хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои терористӣ, ба хусус “Давлати Исломӣ” чӣ чораҳоеро меандешад ва ба Тоҷикистон кӯмак мекунад?

Ҳидоят Бишчевич: Ин масъала хеле муҳим аст. Тоҷикистон дар минтақа нақши муҳим дорад. Барои рафъи таҳаввулоте, ки дар шимоли Афғонистон ва ҳамин тавр, дар дигар кишварҳои исломӣ иттифоқ меафтад ва дигар масоили марбут ба таъмини амният, баҳсҳои ҷиддӣ дар муколамаҳои сатҳи баланд миёни ИА ва Тоҷикистон сурат мегирад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1500 километр марзи муштарак дорад ва таҳкиму идораи он барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ як амри зарурист. ИА аз ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар масъалаи таъмини амният вуҷуд дорад, истиқбол мекунад ва инро омили ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатар медонад. Албатта, пайомади коҳиши иқтисоди Русия мунҷар ба сарозер шудани ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик ба ватанашон шудааст. Аз сӯи дигар иддае аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тавассути гурӯҳҳои ифротӣ, ба хусус созмони “Давлати Исломӣ” ҷалб мешаванд, ки ин ҳама таъсири манфӣ ба вазъи амнияти Тоҷикистон ва минтақа хоҳад дошт. ИА дар ҳамкорӣ бо САҲА тарҳи наверо барои мудирияти марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон рӯи даст гирифтааст, ки иҷрои он барои таҳкиму тақвияти марз ва ҷилавгирӣ аз хатари терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва куллан ҷиноятҳои созмонёфта кӯмак хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Суоли дигар ба бӯҳрони Украина рабт дорад. Муносибатҳои Украинаву Русия дар бунбаст буда, ҷанг ҳанӯз ҳам идома дорад. Муҷозоти Русия аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҳрим аст. Оё бо таҳрим мешавад, бӯҳрони Украинро ҳал кард? Шояд Иттиҳоди Аврупо роҳи дигаре дорад?

Ҳидоят Бишчевич: Муносибатҳои миёни ИА ва Русия ҳоло мураккабанд. Ҳатто мешавад, дар бораи ҷанги сард ҳарф зад. Ҳол он ки вазъи ҷорӣ на ба нафъи ИА ва на ба нафъи дигар кишварҳои минтақа хоҳад буд. Русия бояд тибқи созишномаҳое, ки ба имзо расонидааст, амал намояд. Ин созишномаи Хелсинкий ва Будапешт аст. Меҳвари ин созишномаҳоро таъмини амният дар Аврупо ташкил медиҳад. Ҳол он ки дар муддати 50 – 60 соли ахир дар Аврупо ҷанг набуд ва пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, сулҳ дар Аврупо барқарор буд. Аннексияи Қрим тавассути Русия ғайриқонунист. Ҳар кишвар ҳаққи мухторияти худро дорад. Муҷозоти иқтисодие, ки аз ҷониби кишварҳои Аврупо алайҳи Русия равона шудааст, стратегия ва дурнамо нест ва барои барқарории равобит ва ҳамкорӣ замон лозим аст. Тамоми кишварҳо, аз ҷумла Русия бояд қонунҳои байналмилалиро ба таври комил риоя кунанд. Дар мавриди Осиёи Марказӣ инро гуфтаниам, ки ҷонибҳо кӯшиш кунанд, ки он тазоду рақобате, ки дар Аврупо ҷой дорад, дар ин ҷо такрор нашавад. Шарикони байналмилалӣ, яъне абарқудратҳоро ҳам лозим аст, ки дар Осиёи Марказӣ аз рақобат кор нагиранд, то сулҳу субот пойдор бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG