Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси КМИР навори “ҷангу сулҳ”-и ҲНИТ-ро хилофи қонуни интихобот гуфт


Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён

​Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон навори таҳиякардаи Ҳизби наҳзати исломиро, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро аз нигоҳи онҳо бозгӯ мекунад, хилофи қонуни интихобот донист.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), аз “ролик”-и интихоботии ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ, ки ахиран аз тарафи таблиғгаронаш ба мардум тақсим шуда, ҷангу сулҳи тоҷиконро аз нигоҳи ин ҳизб бозгӯ мекунад, хилофи қонуни интихобот донист.

Ҷаноби Шоҳиён шоми 12 феврал ҳангоми сӯҳбаташ тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи маъракаи пешазинтихоботӣ, гуфт, қонуни интихобот таҳияи чунин навор ва тавзеи он дар миёни мардумро пешбинӣ накардааст. Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар идома, ба гуфтаи худи ӯ, аз зиёдаравии баъзе аҳзобу аз сустии бархе номзадҳо интиқод кард.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта таблиғгарони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар миёни онҳо Муҳиддин Кабирӣ низ буд, ба чанде аз бозорҳои маъруф дар Душанбе, аз ҷумла “Султони Кабир” ва “мошинбозор” рафта, аз наздик бо мардум гуфтугӯ карданд. Онҳо дар баробари тавзеи варақаҳои интихоботӣ, инчунин, CD-еро ба мардум доданд, ки дар он ҷангу сулҳи тоҷикон дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта аз нигоҳи ин ҳизб бозгӯ мешавад.

Аз ин пештар, 28 январи соли ҷорӣ, шаҳрдории Душанбе дар посух ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки мехост таблиғоти интихоботии худро дар кӯчаҳои пойтахт ба роҳ монад, гуфтааст, ин дархост хилофи Қонун дар бораи интихобот аст. Руқия Қурбонова -

Руқия Қурбонова

Руқия Қурбонова

муовини шаҳрдори Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар корзори интихоботи парлумонӣ ба ҳамаи номзадҳо ҳаққи баробари таблиғу ташвиқ дода шудааст ва ин дархости Ҳизби наҳзати исломӣ аз чорчӯби муайянкардаи қонун ва Комиссияи марказии интихобот берун аст.

Муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои таблиғи густурдаи интихоботияш дар пойтахт таҳти рақами 50-1 аз 9-уми январи соли 2015 дар шаҳрдорӣ баррасӣ шуда, вале ба қавли Руқия Қурбонова татбиқи он “имконнопазир” будааст. Ӯ гуфт, “аз лоиҳаҳои пешниҳодӣ бармеояд, ки рекламаҳои дархостшаванда рекламаи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи реклама”, ки муносибатҳои соҳаи рекламаро ба танзим медарорад, нисбат ба рекламаҳои сиёсӣ татбиқ намегардад.”

Дар номаи ҷавобии шаҳрдории Душанбе, ки бо имзои Руқия Қурбонова ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ирсол шудааст ва нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ ҳам гардид, инчунин таъкид шудааст, “Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” роҳҳои сурат гирифтани ташвиқоти пешазинтихоботиро муқаррар намудааст, ки онҳо иборатанд аз: аз тариқи воситаҳои ахбори омма; гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон; ташкили баҳсу мунозираҳо); нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ ва бо дигар шаклҳое, ки ин Қонун муқаррар намудааст. Аммо Қонуни мазкур насби рекламаро ҳамчун роҳи ташвиқоти пешазинтихоботӣ пешбинӣ накардааст.”

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки баъд аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарияшро Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, дуюмин ташаккули сиёсӣ дар кишвар номбар мешавад ва дар муқоиса бо аҳзоби дигар вазъи молии беҳтар дорад. Ба гуфтаи манобеи ин ҳизб, ҳадаф аз дархости иҷозатномаи шаҳрдорӣ ин будааст, ки ҳизб мехост дар маъракаи интихобот маводи таблиғотии худро аз тариқи нуқтаҳои пахши таблоҳои электронӣ ба райъдиҳандаҳо расонад ва теъдоди ҳаводоронашро афзоиш диҳад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 ноябри соли гузашта бо судури фармоне замони интихоботи парлумонӣ дар кишварро 1 март таъин кард. Бар пояи ин фармон, замони интихоби аъзои палатаи болоӣ ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли оянда таъин шудааст.

Дар парлумони кунунии Тоҷикистон ба ҷуз аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки аксарияти курсиҳо ба он тааллуқ доранд, инчунин, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист ва Ҳизби аграрӣ дунафарӣ намояндагӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG