Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти раиси идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 22 май аз боздошти сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва як мутахассиси пешбари гурӯҳи хидматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии ин идора хабар дод.

Дар хабаре, ки рӯзи 22 май дар сомонаи Оҷонсӣ таҳти номи “Мансабдорони мардумфиреб” нашр шудааст, исми ин ду мақом оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, онҳо “роҳи тамаъҷӯиро пеша намуда, барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории шаҳрванд «А», ки бевосита ба доираи ваколатҳои хизматиаш дохил мебошад, бо маслиҳати пешакӣ, ғайриқонунӣ санади қатъ шудаи соҳибкориро то 26 январи соли 2015 дар худ нигоҳ дошта, соҳибкор «А»-ро қасдан ба чунин ҳолате гузоштанд, ки маҷбур шуд то барои ҳалли кораш ба онҳо пора диҳад.”

“А”, ба гуфтаи маъмурони Оҷонсӣ, танҳо барои маълумотнома дар бораи қатъи фаъолияти соҳибкориаш маҷбур шудааст, як ҷевони ошхонаро дар ошхонаи бӯстонсарои марбут ба сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, васл кунад.

Алайҳи сардори нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ ва зердасти ӯ бар асоси ду банди аввали қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (гирифтани пора такроран ва аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Як манбаи Озодӣ аз Кумитаи андоз низ ифтитоҳи парванда алайҳи ду намояндаи ин идора дар ноҳияи Фирдавсиро тасдиқ кард, вале гуфт, ҳанӯз тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ноҳияи Фирдавсӣ дар ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Аксари бозорҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла "Корвон", "Саховат", "Султони Кабир" ва "Ганҷина" дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ амал мекунанд.

Оҷонсии зиддифасод ҳамчунин имрӯз аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи муовини раиси Кумитаи замини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд хабар дод. Ин мансабдор рӯзи 13 май ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 7500 доллар дастгир шудааст. Гуфта мешавад, киӯ барои ҷудо кардани 6 сотих замини наздиҳавлигӣ, “шаҳрванд “А”-ро ба гумроҳӣ оварда бар ивази ин кораш аз ӯ маблағи 15000 доллари ИМА, ба сифати пора талаб намудааст.”

Фасод, бахусус фасоди идорӣ як падидаи саросарӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешавад ва ин кишвар ба ин далел дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар гузориши созмони “Транспаренси Интенешнал” ҳамеша дар байни фасодзатарин кишварҳои дунё қарор мегирад. Маркази таҳқиқоти стратегӣ, як ниҳоди таҳлилии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд сол пеш дар як гузоришаш фасоду ришваро як омили таҳдид ба амнияти ин кишвар унвон карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG