Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сардабири "Симои Данғара" - сабаби афзоиши бачапартоӣ?


Маҳмадулло Саидалиев, раиси ноҳияи Данғара.

Маҳмадулло Саидалиев, раиси ноҳияи Данғара.

Раиси ноҳияи Данғара аз додситонии ин ноҳия хостааст, ки алайҳи сармуҳаррири нашрияи "Симои Данғара" парванда боз кунад.

Маҳмадулло Саидалиев, рӯзи 16 июл дар нишасти матбуотиаш хитоб ба додситони ноҳияи Данғара гуфт, ки нисбати Гурез Ҳасанов, сардабири нашрияи ноҳиявии "Симои Данғара" парванда боз кунад.




Ҷаноби Саидалиев, сабаби ин амрашро ба он рабт дод, ки "пеш аз моҳи Рамазон Гурез Ҳасанов бо нашри матлабе дар нашрияи "Симои Данғара" гирифтани рӯза барои занони ҳомиларо ташвиқ кардааст ва ин амр боиси афзоиши мавориди бачапартоии занон дар ноҳия шудааст."

Ӯ инчунин бо хитоб ба аҳли толор гуфт: “Ба прокуратура аз болояш шикоят нависед. Рафта як се сол хизмат кунад. Як чизе нависед, ки ба ҷомеа фоида расонад. Ин ҳолатро, ки одамҳои фишордошта фавтиданд ва занҳои ҳомила кӯдак партофтаанд, ҷавобашро кӣ медиҳад? Инҳоро бояд ту ҷавоб диҳӣ. ”

Ба таъкиди раиси ноҳия, аз аввали моҳи Рамазон, яъне муддати як ҳафтаи ахир дар ноҳияи Данғара беш аз 10 мавриди бачапартоии занони ҳомила сабт шудааст, ки бештарашон, ба гуфтаи ӯ, бо ташвиқи нашрияи “Симои Данғара” рӯза доштаанд.


Гурез Ҳасанов

Гурез Ҳасанов

Аммо Гурез Ҳасанов, сардабири нашрияи ноҳиявии "Симои Данғара" мегӯяд, "дар ин матлаб, ки дар сӯҳбат бо пизишк Маҳмадраҳим Шарифов таҳия шудааст, ташвиқи рӯзагирии занони ҳомила вуҷуд надорад, балки дар ин матлаб омада буд, ки "ҳар нафари бемор аввал аз ташхис гузарад ва баъдан дар ҷиҳати гирифтани рӯза тасмим бигирад."

Бо ин ҳама, Гурез Ҳасанов вокуниши ҷиддие ба амри раиси ноҳия барои боз кардани парванда алайҳаш нишон надод. Пас аз нишасти матбуотӣ Гурез Ҳасанов, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, раиси ноҳия як шахси дилсоф аст ва фақат ба хотири ислоҳ шудани камбудиҳо чунин гуфтааст: “Раис як марди дилсоф аст. Дар сари қаҳраш чунин гуфт. Бовар надорам, ки прокуратура парванда кушояд. Раис ҳамин хел сиёсат мекунанд, то камбудиҳо зуд ислоҳ шаванд. Фикр надорам, ки ҳарфи раис ҷиддӣ буд. Фақат ӯ, дар ҳузури хабарнигорон маро танбеҳ дод, ки сифати мақолаҳои рӯзномаи ноҳиявиро хубтар кунам.”

Дар ҳамин ҳол, Маҳбуба Амиршоева, муовини раиси ноҳия гуфт, мӯҳтавои мақолаи нашршуда дар бораи Рамазонро ба раис нодуруст фаҳмонидаанд. Ӯ гуфт, дар ин ҷо хабарнигор кори нодурусте накардааст ва дар сӯҳбати хос инро ба раиси ноҳия мефаҳмонад. Хонум Амиршоева гуфт, бовар надорад, ки ин тасмими раис ҷиддӣ бошад ва алайҳисардабири нашрияи ноҳиявӣ парванда боз шавад.

Ин аввалин мавридест, ки раиси як ноҳия дар нишасти матбуотии худ дастур медиҳад, ки нисбати сардабири нашрия ноҳиявӣ, ки зердасташ аст, парванда боз шавад.

Нашрияи “Симои Данғара”, нашрияи ҳукумати ноҳияи Данғара буда, бо маблағгузории ҳукумат дар як моҳ ду маротиба нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG