Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси раиси Донишкадаи ҳунарҳои зебо бо собиқ устодони ин таълимгоҳ то ба додгоҳ рафт.

Фардо ҷумъаи 15 март дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии баҳс миёни Аслиддин Низомов, раиси Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода ва нашрияи «Нигоҳ», Аҳлиддин Салимов, хабарнигори ин ҳафтанома ва шаш тан аз собиқ устодони ин донишкада оғоз мешавад. Раиси Донишкадаи санъати Тоҷикистон ин нашрия, хабарнигор ва устодони собиқро бо иттиҳоми "тӯҳмат ва таҳқир" ба додгоҳ кашондааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд тан аз собиқ устодони донишкадаи санъати Тоҷикистон дар матлаби «Гуcели мағзҳо аз Донишкадаи санъат, ки дар шумораҳои 47 ва 48-уми ҳафтаномаи «Нигоҳ» мунташир шудааст, Аслиддин Низомов, раиси Донишкадаи ҳунарҳои зеборо ба муносибати дағалона бо зердастон мутаҳҳам карда гуфтаанд, ки дар пайи фишори раҳбар муддати чанд соли ахир беш аз 10 устоди ин таълимгоҳ, ки ҳамагӣ доктор буданд, аз ҷумла Абӯбакр Зубайдов, Файзӣ Боқиев, Қурбони Собир ва дигар олимону ҳунармандони саршиноси кишвар тарки донишкада кардаанд.


Аслиддин Низомов, ки дар гузашта масъули шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд ва раҳбарии Иттиҳоди оҳангсозони кишварро бар ӯҳда дошт, аз соли 2007 то кунун дар мақоми раиси донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият мекунад. Ҳайъати устодону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро беш аз 190 нафар ташкил медиҳад.

Радиои Озодӣ дар сӯҳбате бо Аслиддин Низомов, нахуст аз ӯ пурсид, ки сабаби ба додгоҳ кашондани устодони собиқ ва нашрияи «Нигоҳ» ва Аҳлиддин Салимов, муаллифи матлаби «Гусели мағзҳо аз Донишкадаи санъат» -ро шарҳ диҳад:

Аслиддин Низомов: Дар ду шумораи ҳафтаномаи «Нигоҳ» матлаберо хондам, ки гурӯҳе аз собиқ устодони донишкада гӯё бо фишори раиси Донишкадаи санъат, яъне ман, аз кор рафтаанд. Ҳол он ки дар шӯъбаи кадрҳо маводҳо вуҷуд дорад, ки онҳо бо хоҳиши худашон аз кор рафтаанд. Боиси тааҷҷуби ман низ он аст, ки устоде чор соли пеш бо аризаи худаш аз кор меравад ва ҳамакнун даъво мекунад, ки бо фишори раиси донишкада аз кор рафтааст. Чаро вай муддати ин чор сол хомӯширо ихтиёр карда, ҳамакнун боз садо баланд мекунад. Дар ҳоле, ки вай метавонист ба ниҳодҳои марбута, назири додгоҳ муроҷиат кунад. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки ҳамаи он факту рақамҳое, ки дар нашрия, ки тиражи бузург дорад, оварда шудааст ва мардум низ мутолиа кардаанд, барои шаъну эътибори ман таҳқир аст. Ба ин далел, бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсиониам онҳоро ба додгоҳ кашондам, бигзор ҷавоб диҳанд.

Матлаби даъвоӣ дар нашрияи "Нигоҳ"

Матлаби даъвоӣ дар нашрияи "Нигоҳ"

Озодӣ: Аммо ба он ки даъво пеш овардаанд, ки беш аз 10 доктори илм дар пайи фишори шумо ва муносибати дағалонаатон аз кор рафтаанд, чӣ мегӯед?

Аслиддин Низомов: Он номгӯи устодоне, ки дар нашрия оварда шудааст, воқеан хандаовар аст. Масалан, яке аз онҳо Файзӣ Боқиевич Зикриёев. Ман ба вай занг зада ва пурсидам, ки «Устод, оё дуруст аст, ки шумо дар пайи фишору муносибати дағалонаи ман аз кор рафтаед?». Ӯ дар посух гуфт, ки «бар падари он ки инро навиштааст, лаънат. Ман шуморо эҳтиром мекунам. Шумо омадед, муовини илмӣ нав шуд, мудири кафедра нав шуд ва ман ба ҷои дигар гузаштам». Шумо метавонед аз худи устод Зикриёев пурсед. Пас кӣ ба каси дигаре ҳақ додааст, ки аз номи дигар кас нависад? Ё худ як хонуми дигар, ки ба рухсатии ҳомиладорӣ баромадааст ва навиштанд, ки вай дар пайи фишори Низомов аз кор рафтааст. Ин магар хандаовар нест? Ҳар чи дар забонашон омадааст, навиштаанд. Ҳол он ки ман фикр мекунам, ки ин тарки кор карданҳо маъмулӣ аст.

Озодӣ: Бо ин ҳама ин устодон иддао доранд, ки он ҳама фишору муносибати дағалонаи шуморо як тараф гузошта ва талош кардаанд, ки ин қазияро аз роҳи мусолиматомез ҳал кунанд ва шумо низ дар ҷаласае ба ин муносибат ваъда кардаед, ки дигар хоҳед шуд. Аммо баръакс, пас аз як соат шумо ҳатто китоби «Фаррухнома» -и Қурбони Собир, ки устоди ин донишкада буд, дарронда ва ба замин партофтаед?

Аслиддин Низомов: Ин ҳама такрори беҳуда. Се соли қабл айнан ҳамин нафарон ба унвони прокуратураи генералӣ мактуб навиштанд ва онҳо инро санҷида баромаданд ва ба ҳайъати донишкада, яъне коллектив ҳавола карданд. Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки тақрибан 80 нафар ин устодон баромад карда гуфтанд, ки “мо эҳсосӣ будем, аз рӯи эҳсос навиштем ва минбаъд кӯшиш мекунем, ки бе ҷанҷол кор кунем.” Ҳатто ҳамин Абӯбакр Зубайдов баромад карда ва ба забони худаш гуфт, ки ман Аслиддин Низомовро ҳамчун олими ҷаҳонӣ эътироф мекунам ва маъзарат мехоҳам, ман як ҳазл кардам». Видеои ин суҳбатҳоро дорем. Хуб, инро чӣ гуна фаҳмем?

Озодӣ: Иддаои дигаре, ки аз сӯи ин устодон, бахусус Абӯбакр Зубайдов шудааст, ин аст, ки шумо намегузоред, то аз асбоби мусиқии арғунун устодону донишҷӯён истифода кунанд?

Аслиддин Низомов: Зубайдов арғунуннавоз нест, балки рубобнавоз аст. Пас аз 1,5 соли фаъол шудани арғунун 4-5 консерт мегузарад. Ин асбобест, ки нархаш зиёда аз 5 миллион сомонист. Танҳо як нафар - намояндаи фирмаи «Регер клос», ки ин асбобро сохтааст, ҳақ дорад, ки калиди онро кушояд ва ба меҳмоне, ки аз хориҷа меояд, иҷозаи истифода диҳад. Ин қоида ва қонуни тамоми арғунунҳои дунё аст. Аммо бо ин ҳам ин даъворо намефаҳмам. То ҳол касе, ягон композитор ё каси дигаре ба мо муроҷиат накардааст, ки мехоҳанд арғунун навозанд. Агар чунин дархосте мешуд, мо албатта иҷозат медодем. Даъвои Зубайдов хандаовар аст. Арғунун моли давлат аст.

Озодӣ: Пас шумо ангезаи ин баҳсро дар чӣ мебинед. Чаро ин баҳс дорад доғ мешавад?

Аслиддин Низомов: Албатта, посухи ин суолро метавонам бидуни шарҳ бигзорам. Зеро вақте ки ин баҳс қонунӣ баррасӣ мешавад, он афроде, ки маро мутаҳҳам мекунанд, бояд дар мурофиа исбот кунанд. Ман алҳол хоҳиши дар мурофиа иштирок карданро надорам ва тибқи қонун низ ин ҳақро дорам. Аммо зарурат пайдо шавад, ман ширкат хоҳам кард. Аммо ҳамин қадарашро гуфта метавонам, ки ин чор-панҷ нафаре, ки бо як оҳанг, бо як маънӣ ва як мазмун доим шикоят менависанд, ҳатман дар пушташон нафари дигаре ҳаст ё нафарони дигаре ҳаст, ки мехоҳанд, бо чӣ роҳе, ки набошад, пеши роҳи як нафари дигар теша зананд, нагузоранд, ки фаъолияташро идома диҳад. Аммо ман фикр мекунам, ки маҳз сахтгирии ман нисбат ба кор ва масъулият доштан дар ифои вазифаи устодӣ бархеҳоро намефорад. Чунки ман низоми донишкадаи олиро риоя мекунам ва талаб низ мекунам. Алами ин устодон, ба хусус Қурбони Собир низ аз ҳамин сар шудааст.

Аммо чизи дигаре, ки бояд бигӯям, ин аст, ки ба ғайр аз ин 6 устод дар Донишкадаи санъат 190 нафар устоду омӯзгор фаъолият мекунанд. Аммо боре аз онҳо шикоят нашудааст. Аз вазорати маориф, вазорати фарҳанг ва ҳатто дастгоҳи иҷроияи президент низ нисбати кори мо эроде нагирифтаанд. Худ қазоват кунед навис-нависи он устодонро.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG