Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурсӣ рафт, Мансур омад. Идомаи "Баҳори араб" ё кудато?


Мурсӣ рӯзи 3 июл аз як макони ношинос сӯҳбат мекард.

Мурсӣ рӯзи 3 июл аз як макони ношинос сӯҳбат мекард.

Адлӣ Мансур, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Миср, ба ҳайси кафили раёсатҷумҳурии Миср савганд ёд кард.

Маросими адои савганди Адлӣ Мансур дар бинои Додгоҳи олии Қонуни асосии Миср баргузор шуд ва онро телевизиони давлатӣ мустақиман намоиш дод: "Ман қасам мехӯрам, ки низоми ҷумҳуриявиро ҳифз ва қонуну Қонуни асосиро риоя мекунам, дар ҳаққи мардум ғамхорӣ менамоям ва аз истиқлолияту амнияти кишвар дифоъ мекунам. "




Адлӣ Мансур баъд аз савганд гуфт, эътирозҳои густурдае, ки дар солгарди дар садри Миср нишастани Муҳаммад Мурсӣ баргузор шуданд, ба оламиён то куҷо устувор будани мисриҳоро собит намуданд. Адлӣ Мансур аз низомиёни кишвар ситоиш кард ва онҳоро “виҷдони миллат” номид. Ӯ аз расонаҳои Миср ҳам арзи сипос кард, ки “чун чароғ роҳи мардумро рӯшан карданд ва зулму истибдоди режими қаблиро фош сохтанд.”




Шоми чаҳоршанбе низомиён раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро барканор ва Мансурро раҳбари муваққати Миср таъин карданд. Онҳо ҳамчунин Қонуни асосии Мисрро мутаваққиф ва ваъдаи интихоботи нави парлумониву президентиро намуданд.

Намояндаи расмии “Ихвон-ул-муслимин” Ҷиҳод ал-Ҳаддод рӯзи панҷшанбе ба хабаргузориҳо гуфт, ки Муҳаммад Мурсӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз ҳамсафҳояш таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад. Бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки Мурсӣ дар як пойгоҳи низомӣ нигаҳ дошта мешавад. Нашрияи давлатии “Ал-Аҳром” хабар додааст, ки низомиён барои ҳабси 300 тан аз раҳбарон ва фаъолони “Ихвон-ул-муслимин” дастур содир кардаанд. Муҳаммад Мурсӣ ва ҷонибдоронаш ҳаводиси ахирро “кудатои низомӣ” номидаанд. Бар пояи хабарҳо, шаби гузашта бар асари бархӯрд миёни мухолифон ва ҷонибдорони Мурсӣ дар чанд шаҳри Миср дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомӣ, низ мегӯяд, ки ҳаводиси Мисрро метавон кудато номид, аммо кудатое, ки аз сӯи мардум пуштибонӣ ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, дувуним сол пеш дар ҳаводиси “Баҳори араб” дар Миср низомиён аз раисиҷумҳури вақт Ҳуснӣ Муборак ҳам пуштибонӣ накарда буданд.

Аммо ҳафтаҳои наздик Мисрро чӣ вазъе дар интизор хоҳад буд? Павел Фелгенгауэр мегӯяд, ки дар Миср рӯзҳои наздик эътидол барқарор мешавад ва аммо суол он аст, ки он чӣ қадар идома хоҳад ёфт: “Ҷомеъаи тақсимшуда, вазъи душвори иқтисодӣ, теъдоди бузурги бекорон, пойбандии кишвар аз кӯмаки беруна, изофа ба ин - теъдоди зиёди гурӯҳҳои ифротии чапу ростгаро, исломгароҳои ҷараёнҳои гуногун, низомиён, ки мехоҳанд нуфузи худро чун нерӯи мустақил ва муҳим ҳифз кунанд – ин ҳама метавонад зуҳури як низоми мустабид ё ҳадди аққал саркӯбсозии мухолифони сиёсиро ба думбол дошта бошад. Яъне, метавон гуфт, ки ба зудӣ вазъ каме мӯътадил мешавад, аммо пешгӯиҳо дар бораи фардои кишвар зиёд дилгармкунанда нестанд.”

Ҳаводиси ахири Миср вокунишҳои мухталифро ба думбол дошт. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки аз тасмими артиши Миср барои аз мақом барканор кардани раисиҷумҳур ва мутаваққифсозии Қонуни асосии кишвар сахт нигарон аст. Ӯ аз раҳбарони низомии Миср даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар қудратро ба раисиҷумҳури аз роҳи демократӣ интихобшуда ва ҷонибдорони ӯ баргардонад. Барак Обама афзуд, ки ба хадамоти давлатии Амрико дастур додаст, ки бо такя ба қонун паёмадҳои ҳаводиси Миср ба барномаи кумаки ИМА ба ин кишвари арабиро арзёбӣ кунанд.

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун мардуми Мисрро ба оромиву таҳаммул ва музокироту парҳез аз хушунат даъват намуд. Раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо хонум Кэтрин Эштон аз ҳама ширкатдорони тағйирот дар Миср хост, ки ба “раванди демократӣ” баргарданд. Вазорати умури хориҷии Русия низ аз ҳама нерӯҳои сиёсии Миср даъват кард, ки аз таҳаммулпазирӣ кор бигиранд ва аз истифодаи хушунату зӯроварӣ даст бардоранд.

Аммо аксар кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, Қатар ва Иморати Муттаҳидаи Араб аз барканории Муҳаммад Мурсӣ истиқбол намуданд. Шоҳи Арабистони саудӣ Абдуллоҳ раиси Додгоҳи Қонуни асосии Миср Адлӣ Мансурро бино ба кафили раисиҷумҳур таъин шуданаш табрик гуфт. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ки нерӯҳояш бо мухолифини мусаллаҳ меҷанганд, гуфт, дар ҳаводиси ахири Миср онҳое шикаст хӯрданд , ки мехоҳанд исломро ба нерӯи сиёсӣ табдил кунанд.

Артиши Миср шоми чаҳоршанбе Муҳаммад Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард ва эътибори Қонуни асосии он кишварро муваққатан боздошт.
Абдулфаттоҳ Сийсӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср бо хондани баёнияе, тасмими артишро ба иттилои мардум расонд. Ин баёния пас аз поёни зарбулаҷали 48- соатаи артиш ба раёсати ҷумҳурӣ ва гуруҳҳои сиёсӣ барои дастёбӣ ба тавофуқе ба манзури поён додан ба буҳрони Миср содир шудааст.

Шоми рӯзи душанбе пас аз ду рӯзи тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифони Мурсӣ бо талаби барканории ӯ аз қудрат, артиш бо эъломи зарбулаҷали худ ҳушдор дода буд, ки дар сурати поёни ин мӯҳлат, «нақшаи роҳ» барои ояндаи кишварро амалӣ хоҳад кард. Аммо Муҳаммад Мурсӣ ин зарбулаҷалро напазируфт ва дар ниҳоят бо дасти низомиҳо барканор шуд.



Мухолифони Мурсӣ ӯро ба зери по гузоштани аҳдофи инқилоб ва истифода аз қудрат ба фоидаи ҳизби худаш муттаҳам мекунанд.

Бар пояи баёнияе, ки онро вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср хонд, эътибори Қонуни асосии Миср ба таври муваққат боздошта шуд. Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср эълом кард, ки Адлӣ Мансур, раиси Додгоҳи олии Қонуни асосӣ дар ҷамъи умумии ин додгоҳ савганд ёд карда ва то замони баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ, идораи муваққати Мисрро бар ӯҳда мегирад.

Бар пояи ин баёния, давлати муваққат бо ихтиёроти комил бо ҳузури шахсиятҳои текнократ барои идораи марҳилаи интиқолии Миср ташкил хоҳад шуд. Ҳамчунин кумитае бо ҳузури коршиносон барои баррасии ислоҳоти пешниҳодии Қонуни асосӣ ташкил мешавад. Додгоҳи олии Қонуни асосӣ ҳам муваззаф аст, қонуни интихоботи парлумониро тасвиб карда то ин интихобот баргузор шавад.

Ин баёния пас аз он содир шуд, ки Абдулфаттоҳ Сийсӣ, нишасте машваратӣ бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла Шайхи Ал-Азҳар, попи қибтиҳо (масеҳиҳои Миср), Муҳаммад Ал-Бародаӣ, намояндаи Ҷунбиши «Тамарруд», ки эътирозҳои ахирро ташкил кард, намояндагони ҳизби салафии «Нур» ва шумори дигаре аз аҳзоб доир кард. Оқои Сийсӣ намояндагони Ҳизби озодӣ ва адолат, бозуи сиёсии гуруҳи «Ихвонулмуслимин»-ро ҳам барои ҳузур дар ин нишаст даъват карда буд, аммо ин ҳизб иштирок дар ин ҷаласаро радд кард.

Сийсӣ дар баёнияи худ таъкид кард, ки артиш пеш аз он тарҳеро барои гуфтугӯ ва оштии миллӣ ироа карда буд, ки ин тарҳ бо истиқболи ҳама гуруҳҳо, аммо мухолифати раёсати ҷумҳурӣ рӯбарӯ шуд. Ӯ таъкид кардааст, ки артиш қасди наздик шудан ба сиёсатро надорад, аммо ба садои мардум, ки хоҳони ҳимоят аз ватан ва инқилоби худ ҳастанд, гӯш додааст.


Шайхи Ал-Азҳар дар баёнияе эълом кард, бар пояи хости мардум бо баргузории интихоботи зудҳангом, мувофиқат кардааст. Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом барои пешгирӣ аз рехтани хуни шаҳрвандон гирифта шудааст. Попи калисои қибтиҳо низ гуфтааст, «нақшаи роҳ»-и эълоншуда, ҳифзи якпорчагии ватан ва шаҳрвандонро таъмин мекунад. Ҳизби салафии «Нур», Ҷунбиши «Тамарруд» ва Муҳаммад Ал-Бародаӣ ҳимояти худро аз «нақшаи роҳ» эълом кардаанд.

Пас аз ин баёния артиш ҳазорон муътаризе, ки дар хиёбонҳои Миср ҳузур доштанд, ба ҷашн ва пойкӯбӣ пардохтанд. Аммо дар муқобил ин тасмим хашми ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро ба дунбол дошт, ки дар шуморе аз майдонҳои шаҳрҳои гуногуни Миср ҷамъ омада буданд.

Муҳаммад Мурсӣ дар саҳифаи расмии «Фейсбук»-и худ, он чиро, ки рӯй дод, «кудатои низомии тамом аёр» хонд ва аз мисриҳо хост аз Қонуни асосӣ посдорӣ карда ва дар муқобили «ин кудато» биистанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG