Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари амнияти Бадахшон иваз шуд


Хоруғ. Акс аз бойгонӣ

Хоруғ. Акс аз бойгонӣ

Бо интисоби полковник Нусрат Мирзоев ба мақоми раиси идораи амнияти Бадахшон раванди табдили раҳбарони ниҳодҳои интизомии ин вилоят, ки баъди эътирозҳои моҳи май оғоз ёфта буд, ба поён мерасад.

Полковник Нусрат Мирзоев, раҳбари ҳамакнун собиқи раёсати мубориза бо терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон раҷбари идораи амнияти миллъ дар вилояти Бадахшон таъин шудааст. Нусрат Мирзоев, ки зодаи ноҳияи Айнӣ ва аз афсарони собиқадори ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аст, дар мақоми ҷадид Амирбек Бекназаровро иваз мекунад.

Баъди кушта шудани раҳбари вақти идораи амнияти вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон генерал Абдулло Назаров дар моҳи июли соли 2012 идораи амнияти ин вилоят инак бори сеюм табдили раҳбар мекунад. Нусрат Мирзоев дар ҳоле ба Бадахшон эъзом мешавад, ки таҳқиқи нооромиҳои моҳи май аз сӯи кумиссиюни муштараке, ки мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшонро дар бар мегирад, ҳанӯз идома дорад. Ин таҳқиқот бояд гунаҳкорони нооромиҳои моҳи майро маълум кунад.

Интисоби полковник Мирзоев ба раҳбарии идораи амнияти Бадахшон раванди табдили раҳбарони ниҳодҳои амниятии ин вилояти мухторро, ки баъд аз нооромиҳои моҳи майи соли ҷорӣ оғоз ёфт, такмил мекунад.

Дар моҳи июли соли равон муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдулло Навҷувонов иҷрокунандаи вазифаи раиси идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон таъин шуд. Навҷувонов дар мақоми раҳбари пулиси Бадахшон Файзулло Нозимовро иваз кард. Нозимов, ки баъди нооромиҳои тобистони соли 2012-уми Хоруғ аз марказ, яъне Душанбе, ба Бадахшон фиристода шуда буд, баъди эътирозҳои ахири Хоруғ аз авоили моҳи июн ба рухсатӣ рафт, вале бо гузашти қариб 2 моҳ дигар ба Бадахшон барнагашт.

Ҳамин тавр, ба дунбол Бахтдавлат Бахтдавлатов аз мақоми раиси пулиси шаҳри Хоруғ барканор шуд. Дар рӯзҳои эътирозҳои моҳи май мардуми башӯромада манзили полковник Бахтдавлатов дар маҳаллаи Бархоруғи маркази вилоятро оташ зада буданд.

Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтдавлат Бахтдавлатовро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд. Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд. ​

​Вилояти мухтори Бадахшон бо 220 000 аҳолиаш, ки аксарашро пайравони равияи исмоилияи мазҳаби шиа ташкил медиҳанд, аз ҳалқаҳои заифи занҷири амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти ин вилоят генерал Абдулло Назаров нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ҳарду тараф шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG