Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғайбулло Афзалов аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кард


Ғайбулло Афзалов
Ғайбулло Афзалов

Раиси вилояти Хатлон гуфт, аксари мардуми кишвар барои интихоботи президентӣ номзади шоистаи худро доранд.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҳарчанд ҳанӯз номзадҳо ба интихоботи президентии Тоҷикистон эълон нашудааст, аксари мардуми кишвар номзади шоистаи худро доранд.


Вай аз ҷумлаи аввалин мансабдорони олимақоми тоҷик аст, ки дар робита ба интихоботи қарибулвуқуи раёсатҷумҳурӣ изҳори назар карда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, президентӣ феълӣ, пуштибонӣ намуд. Вай гуфт:

- Ҳоло натанҳо номзади арзанда, балки арзандатарин дорем. Ҳар яки мову шумо медонем, ки ӯ кист. Қариб 8 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳар рӯз фаъолиятҳои Ҷаноби олиро назорат мекунад, мебинад. Худо шоҳид аст, ки талошҳои ӯ барои рушди кишвар беназир аст. Номзади худро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон расман моҳи август эълон хоҳад кард, аммо қариб ҳама медонад, ки ин номзади шоиста кӣ хоҳад буд, - афзуд Ғайбулло Афзалов.


Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин дар мавриди дастури нави дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ, ки тибқи он бояд ходимони давлатии ба синни бознишастагӣ расида, ба нафақа гусел карда шаванд, гуфт, «интиқоди расонаҳои хабарӣ аз «мансабдорони пир» одилона нест». Ба иддаои ӯ, дар солҳои охир Тоҷикистон ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ноил шудааст, ки марбут ба кори муассири ихтисосмандони солманду ботаҷриба аст. «Аммо расонаҳои хабарӣ мақолаҳои танқидӣ нашр мекунанд, ки «ҳукумати пири Тоҷикистон» барои беҳшавии зиндагии мардум коре намекунад ва бояд ба истеъфо равад».


Ғайбулло Афзалов гуфт, ки сарфи назар аз дастури дастгоҳи иҷроияи президент, мансабдорони алоҳидае ҳастанд, ки танҳо бо фармони Эмомалӣ Раҳмон таъйин ё аз мақомашон барканор мешаванд, новобаста аз он ки ба синни бознишастагӣ расидаанд ё хайр.


Вале раиси вилояти Хатлон, ки моҳи декабр 64-сола шуд, гуфт, ҳама мансабдорон бояд омодаи қабули ин воқеият бошанд, ки рӯзе ҷойи худро ба ихтисосмандони ҷавон вогузор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG