Файзи Олӣ, вакили мудофеи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров рӯзи 25-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки додраси Додгоҳи олӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ ба далели ин, ки дар ҳар ду парванда номи Қодири Қосим зикр нашудааст, пурсидани ӯро дар мурофиа нозарур шуморида, ӯро ба мурофиа даъват накарданд.
Қарор буд имрӯз, панҷшанбеи 25-уми апрел раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ба ҳайси шоҳиди иловагӣ дар мурофиаи мазкур пурсида мешуд. Дар ҳоли ҳозир Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Вакилони мудофеи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев мегӯянд, ки аз ин қарори Додгоҳи олӣ розӣ нестанд ва талош ба харҷ хоҳанд дод, то раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар мурофиа иштирок намояд.
Тасмии Додгоҳи олӣ дар мавриди даъват нашудани раиси вилояти Бадахшон ба мурофиа ба унвони шоҳиди иловагӣ дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Файзи Олӣ, вакили мудофеи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо талаби тарафи ҳимоя, қарор буд, раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ба ҳайси шоҳиди иловагӣ ба додгоҳ даъват ва пурсида шавад.
Ба гуфтаи тарафи ҳимоя, онҳо мехостанд, ки раиси вилоят оид ба вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ то 23-юли соли 2012, яъне қабл аз амалиёни низомӣ дар Хоруғ посух гӯяд.
Ба гуфтаи вакили мудофеи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, онҳо мехостанд аз раиси вилоят бипурсанд, ки оё Маҷлиси вакилони халқи Бадахшон ба Хоруғ нерӯҳои ҳукуматиро даъват кард ва ё онҳо бидуни ризояти мақомоти маҳаллӣ вориди Бадахшон шуданд.
Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар Хоруғ дар тобистони соли гузашата, 23 тан ҳалок шуданд, ки аксари онҳо афроди мулкӣ буданд. Ба гуфтаи сокинони Хоруғ, қурбониҳои мулкӣ дар маҳаллае мезистанд, ки амалиёти вижаи ҳукуматӣ ҷараён дошт. Ин амалиёт баъди кушта шудани сардони Раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров дар таърихи 21 июл ба роҳ монда шуд. Дар куштори генерал сокинони Хоруғ наздикони Толиб Аёмбеков - як ҷангсолори собиқи маҳаллӣ Оқил Аёмбеков ва ронандаш гунаҳгор дониста шуда равонаи зиндон шуданд. Додгоҳи Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев дуввумин мурофиаест, ки ба ҳаводиси Бадахшон рабт дорад. Дар догоҳи аввала ду сокини Хоруғ - Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшон дар куштори генерал Абдулло Назаров муҷрим шинохта шуда, ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум гардиданд.
Решаи аслии моҷароҳои миёни генерали КДАМ ва гурӯҳи Аёмбеков, ба бовари додгоҳ, вуҷуди коррупсия ва муомилаҳои тиҷоратии пинҳонии миёни ҷонибҳо гуфта мешавад.
Димон Ашӯровро бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» айбдор мекунанд. Шерик Карамхудоев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар Хоруғ боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ дар ҷараёни ин амалиёт ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.