Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нармиш дар мавқеи ректори донишгоҳи Астрахан?


Собир Некқадамов ва Умедхӯҷа Дадахӯҷаев, донишҷӯҳои ихроҷшудаи донишгоҳ
Собир Некқадамов ва Умедхӯҷа Дадахӯҷаев, донишҷӯҳои ихроҷшудаи донишгоҳ

Раҳбари донишгоҳи Астрахан ба Вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки чаҳор донишҷӯи тоҷики ихрошуда таҳсили худро дар риштаи шартномавии донишгоҳ идома диҳанд.

Раҳбари донишгоҳи Астрахан дар посух ба номаи Вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки чаҳор донишҷӯи тоҷики ихрошуда, агар имкон дошта бошанд, метавонанд таҳсили худро дар риштаи шартномавии донишгоҳ идома диҳанд. Ҳамрохон Алиев, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон 8 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки номаеро ба ин мазмун аз ректори Донишгоҳи давлатии Астрахан дарёфт кардаанд.

6 донишҷӯи тоҷик рӯзи 24-уми март дар майдони варзишии донишгоҳи Астрахан бо тақрибан 20 донишҷӯ аз Туркманистон дастбагиребон шудаанд. Мақомоти донишгоҳ баъди се рӯз ҳукми ихроҷи 4 донишҷӯи туркман ва 4 тоҷикро содир карда, аз донишҷӯёни тоҷик талаб кардаанд, ки хобгоҳи донишгоҳро низ холӣ кунанд. Вазири маорифи Тоҷикистон бо ирсоли як нома 2 апрел аз ректори Донишгоҳи давлатии Астрахан хоҳиш намуд, ки ба 4 тан аз донишҷуёни тоҷик гузашт кунад ва имкон диҳад, то таҳсилашонро ба охир расонанд. Донишҷӯёни тоҷик аз ҳисоби буҷа дар донишгоҳи Астрахан таҳсил доштанд.


Ҳамрохон Алиев гуфт, дар номаи ректори донишгоҳ ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар моҳи августи соли равон қарор аст мақомоти донишгоҳ комиссияе ташкил мекунад ва масъалаи дубора бо шароти буҷавӣ ҷалб кардани ин донишҷуёнро дар миён мегузорад. Ректор гуфтааст, ки дар сурати ҳалли мусбати масъала, ҷавонҳои тоҷик метавонанад аз соли нави таҳсил, ба донишрмӯзӣ дар риштаи буҷавӣ идома диҳанд.

Аз ин 4 донишҷӯ якеаш бо квотаи президентӣ ва ду тани дигар бо бурсҳои буҷаи Тоҷикистон таҳсил доштанд ва танҳо таҳсили Умедхӯҷа Додохӯҷаев тибқи қарордод, яъне тиҷоратӣ будааст.

Ду нафар аз ихроҷшудагон – Умедхӯҷа Додохӯҷаев ва Собир Некқадамов – донишҷӯи соли охир буданд. Аввалӣ дар соли панҷуми риштаи физикиву техникӣ ва дуввумӣ дар соли панҷуми риштаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва идорӣ таҳсил мекарданд. Ҳамин тавр, ду ҳамтақдири дигари онҳо - Шоҳрух Маҳмудов дар соли чоруми риштаи иқтисод ва Аҳрор Нодиров дар соли дувуми риштаи таърихи донишгоҳи Астрахан таҳсил мекарданд.
XS
SM
MD
LG