Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди "саркафонӣ". Мазори Ҳазрати Султонро бастанд. САДО, ВИДЕО


Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ

Ҳукумати Ховалинг баъд аз ҳодисаи "саркафонӣ" ва "хуншор кардан"-и ҳашт зоир, ки таҳқиқашро ниҳодҳои интизомии кишвар бар ӯҳда доштанд, вуруд ба оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ин ноҳияро манъ кардааст. Ҳоло касоне, ки барои зиёрати мазори Ҳазрати Султон ба Ховалинг мераванд, иҷозаи вуруд ба дохили оромгоҳро надоранд.

Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 100 макони таърихӣ мавҷуд аст, ки бо номи чеҳраҳои исломӣ марбутанд.

Мақомоти ноҳияи Ховалинг гуфтанд, ки ҳодиса моҳи августи соли гузашта рух дода, омилонаш 8 сокини ноҳияи Ҳисор буданд. Нурулло Мирзозода, раиси ноҳия, дар нишасти ахири хабариаш гуфт, ҳатто ин меҳмонон дар атрофи мазор давида ва "амалҳои хилофи мазҳаби ҳанафиро иҷро кардаанд". Ба ин далел, ба қавли ӯ, баъд аз ин ҳодиса бо дастури ҳукумати маҳаллӣ дари мазори Ҳазрати Султон қулф зада шуда ва меҳмонон танҳо аз берун ҳаққи зиёратро хоҳанд дошт.

"Ҳама ҷойро пур аз хун карданд"

Нурулло Мирзозода

Нурулло Мирзозода

"Онҳо сарашонро ба тиреза зада, ҳама ҷойро пур аз хун кардаанд. Ҳатто дар гирди қабр давида ва амалҳои нораво карданд. Аз ин рӯ, бо дастури ҳукумати маҳаллӣ зиёрат дар дохили марқади Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ манъ карда шуд", - афзуд Мирзозода. Раиси ноҳияи Ховалинг гуфт, ин ҳодисаро ниҳодҳои интизомӣ таҳқиқ карда ва афроди ширкаткунандаро мавриди бозҷӯӣ қарор доданд. Қурбоналӣ Абдураҳмонов, раиси деҳаи мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте аз ин ҳодиса хабардор шуд, ки ҳамроҳи як гурӯҳ аз меҳмонон мехост ба мазор биравад.

Вай гуфт, "онҳо ҳашт нафар буданд. То расидем, ки фирор карданд. Баъди чанд рӯз маро ба Вазорати умури дохилӣ даъват карда ва наворро нишон доданд, ки чунин ҳодиса рух додааст. Баъдан дар ҳамон ҷо огоҳ шудам, ки ин афрод аз Ҳисор барои зиёрат омада буданд."

"Корҳои фаҳмондадиҳӣ"

Як масъули Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ниҳодҳои интизомӣ ҳодисаро таҳқиқ карда ва он афродро пайдо ва нисбаташон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло афроди муттаҳам ба "саркафониву хуншор кардан" дар мазори Ҳазрати Султон зери назорати мақомоти интизомӣ қарор дошта ва дар сурати такрор шудани ин гуна ҳолат алайҳи онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ин манбаъ афзуд, "маълум гардид, ки ба ягон ҳизбу ҳаракат шомил набудаанд ва барои ҳамин фақат нисбат ба онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд."

Маросими Ошуро?

Мазори Ҳазрати Амирҷон дар Кӯлоб

Мазори Ҳазрати Амирҷон дар Кӯлоб

Масъулони маҳаллӣ мегӯянд, барои аввалин бор шоҳиди иҷрои чунин маросим шудаанд. Коршиносон мегӯянд, агар воқеан ҳам ин гурӯҳ бо тарзе ки мақомот мегӯянд, маросим адо кардаанд, пас, эҳтимол шиаёне ҳастанд, ки барои адои маросими азо омада буданд. Онҳо мегӯянд, синазанӣ яке аз рукнҳои азодорӣ ҳангоми иҷрои маросими Ошӯро аст, ки ҳамчун рӯзи ёдбуди марги Ҳусейн, набераи паёмбари Ислом маъруф аст. Ин маросим ҳамасола дар ҷомеаи шиаёни кишварҳои исломие ба мисли Эрону Ироқ иҷро мешавад.

Дар Тоҷикистон фаъолиятҳои мазҳабӣ таҳти назорат гирифта шуда, иҷрои суннатҳои ғайр аз мазҳаби ҳанафӣ дар чашми ҷомеа санҷида мешавад. Мақомот борҳо бо таъкид ба пайрави мазҳаби ҳанафӣ будани мардуми Тоҷикистон ва бо ёдоварӣ аз ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ гуфтаанд, ки вуҷуди гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ метавонад боис ба эҷоди тафриқаву низоъ дар ҷомеа шавад.

Оромгоҳи Ҳазрати Султон ва...

Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда ва дар чанд соли ахир ба яке аз зиёратгоҳҳои аслии алоқамандону ҳаводорон ва меҳмонону сокинони Тоҷикистон табдил ёфтааст. Сарчашмаҳои таърихӣ Султон Увайси Қараниро аз наздиктарин ёрони паёмбари Ислом медонанд. Аммо бархе аз донишмандон дар гузашта гуфтаанд, ки гӯё ҷасади худи Султон Увайси Қаранӣ дар ин мақбара дафн нашудааст ва худи ӯ ҳам аз қаламрави Тоҷикистони имрӯза гузар накардааст. Ӯро аз ҷиҳодҳои замони хилофати Ҳазрати Алӣ меноманд, ки эҳтимол дар ҳудуди Ямани ҳозира дафн шудааст.

Дар минтақаи Кӯлоб беш аз 100 макони таърихӣ мавҷуд аст, ки бо номи чеҳраҳои исломӣ марбутанд. Аксари сокинон муътақиданд, ки дар чунин маконҳо воқеан уламои исломӣ мадфунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG