Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтаниҳои сарбози бесадо аз "дедовшина" дар артиш (2 ВИДЕО)


Ромиз Шарифов, сарбози 25-солаи баталйони зудамали посдори сулҳи Вазорати дифоъ

Ромиз Шарифов, сарбози 25-солаи баталйони зудамали посдори сулҳи Вазорати дифоъ

Ромиз Шарифов, сарбози 25-солаи баталйони зудамали посдори сулҳи Вазорати дифоъ ки аз зарбаи сарбозе садояшро гум кардааст, акнун забони имову ишораро меомӯзад ва фикри худро бо қаламу коғаз баён медорад.

Ромиз Шарифов дар "сӯҳбат" бо мо навишт, ки ӯ садояшро се моҳ пеш дар ҳоле гум кард, ки ҳамхидматаш Амриддин Асозода ӯро бо мушту лагад аз пой афтонд. Ромиз ҳудудан як сол пеш ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафт ва комиссариати ноҳияи Айнӣ ӯро ба қисми ҳарбии 12019 воқеъ дар шаҳри Душанбе фиристод.

Ромиз мегӯяд, ҳамхизматаш ӯро ба хотири он, ки гӯё “саломи низомӣ”-ро нодуруст додаст дар ошхонаи тобистонаи қисми низомӣ аввал бо мушт ба гулӯяш зада, аз пой афтонад ва баъд бо лагад ба сараш зад. Баъди ба худ омадан Ромиз дигар ҳарф зада натавонист. Бо вуҷуди табобати якуниммоҳа дар бемористони ҳарбии Вазорати дифоъ то ҳанӯз садои Ромиз барқарор нашудааст.

Сангинбой Раҷабов, падари сарбоз

Сангинбой Раҷабов, падари сарбоз

Сангинбой Раҷабов, падари Ромиз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо танҳо бо гузашти як моҳ аз ин ҳодиса хабардор шудаанд. ”Фармондеҳони қисми ҳарбӣ ҳодисаи латукӯби писарамро пинҳон дошта, баъд аз он ки аз гап мемонад, ӯро ба девонахонаи ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд. Онҳо ният доштаанд, гуноҳро ба гардани худи ӯ зананд, ки аз таъсири бемории руҳӣ наметавонад гап занад. Танҳо баъд аз як моҳ ба мо аз як рақами “пинҳонӣ” занг заданд ва гуфтанд, ки писармон дар бемористон хоб аст ва баъди огоҳ шудан аз қазия мо ба Вазорати дифоъ шикоят кардем. Акнун Ромиз дар ҳоспитали Вазорати дифоъ табобат мегирад. Аламовараш ҳамин аст, ки фармондеҳони қисми низомӣ мегӯянд, гӯё писарам дуруғ худашро гунг нишон медиҳад. Худатон тасаввур кунед, чӣ хел се моҳ як нафар метавонад худро гунг вонамуд кунад,” – гуфт Сангинбой Раҷабов.

Ба иддаои Сангинбой Раҷабов, чанде пеш модари Амриддин Асозода Ромизро таҳдид кардааст, ки даъвояшро бозпас бигирад. Аммо ин мусоҳиби мо мегӯяд, то он даме, ки саломатии фарзандашро барқарор накунанд, аризаашонро пас намегиранд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазорат аз қазия хабар дорад ва мақомоти додситонӣ дар ин маврид тафтиш мебаранд.

Дар навбати худ Лутфулло Қаландарзода, муфаттиши Додситонии низомӣ 12 май ба Озодӣ гуфт, вобаста ба ин ҳодиса парванда боз шудааст ва онҳо мунтазири экспертиза ё ташхиси тиббиянд. Ӯ афзуд, "тафтишот идома дорад ва аз ин бештар чизе гуфта наметавонам."

Ва аммо лейтенант Давлатов, як масъули қисми ҳарбии 12019 латту кӯб шудан ва ҳамчунин аз гап мондани Ромиз Шарифовро рад мекунад ва иддаои ин сарбозу волидайнашро беасос медонад. Ҷаноби Давлатов аз сӯҳбати бештар дар ин маврид худдорӣ кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шоҳимардон Абдуллоев, сардори шӯъбаи бемориҳои асабу рӯҳии бемористони ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон воқеан аз забон мондани Ромиз Шарифовро тасдиқ мекунад. Ин пизишк, ки беш аз як моҳ сарбози маълулшударо муроқибат мекунад, мегӯяд, Ромиз дар пайи зарбаи равонӣ лол шудааст.

Номаи Ромиз Шарифов

Номаи Ромиз Шарифов

Ин пизишк афзуд, “дар натиҷаи мушт задан маъмулан садопардаҳо варам мекунанд ва то 2 ҳафта нутқ барқарор мешавад. Аммо ташхисҳо муайян кардаанд, ки садопардаҳои ин сарбоз осеб надидаанд, вале чун вай худ эҳсосӣ аст, дар пай ҳодисае, ки бо ӯ рух додааст вай осеби равонӣ дида, дар натиҷа овозаш гум шудааст. Аграчӣ мо мехоҳем, ки ӯро аз чунин муҳит берун кунем, вале ҷараёни тафтишот таъсири худро мерасонад. То он даме, ки ин қазия дар додгоҳ ҳалли худро пайдо накунад ва ин сарбоз рӯҳан орам нашавад, барқарор шудани нутқаш дар гумон аст.”

Латту кӯб шудан ва аз гап мондани Ромиз Шарифов дар ҳолест, ки ҳамагӣ як ҳафта қабл Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилиро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2,5-солӣ ба зиндон фиристод.

Аз ин пештар, дар моҳи марти соли ҷорӣ, мақомот аз латту кӯби Баҳриддин Насриддинов, сарбози Вазорати дифоъ ва боздошти як ҳамхидматаш дар ин замина хабар доданд. Онҳо гуфтанд, сарбозе, ки Баҳриддинро латту кӯб кардааст, дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ нигаҳдорӣ мешавад.

ШАРҲИ КОРШИНОС

Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, масъули созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, мегӯяд, қазия аз он лиҳоз мояи нигаронист, ки дар сафи нерӯҳои посдори сулҳ ба амал омадааст ва ин неру бояд дипломатияи бештар дошта, ба таъмини сулҳу осоиштагӣ талош кунад.

"Ҳуқуқшиносони мо ҳоло ба омӯзиши ин қазия пардохтанд ва дар сурати зарурӣ мо омодаем ба ин хонавода кӯмаки ҳуқуқӣ расонем. Мутаассифона, ин ҳодисаи нодир нест ва дар хизмати сарбозӣ чунин ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд. Ҳодисаи латукӯби ахир моҷарои оддӣ нест, ба қавли матбуот, иняк бахши ба истилоҳ анъанаи латукӯбест, ки “космос” ном дорад. Мо дар таҷрибаи худ шаклҳои мухталифи латукӯби сарбозонро аз рӯи ба истилоҳ анъанаҳои муайян шоҳид шудаем, ки дар асл бадрафторӣ ва шиканҷаи сарбоз ҳисоб мешавад. Сарбози мазкур дар нирӯҳои посдори сулҳ хизмат мекард, ки ҳадафашон таъмини сулҳ дар манотиқи мухталиф аст. Вақте мо дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар артиш сӯҳбат мекунем, манзури мо ин аст, ки сарбозе, ки дар хизмат дучори хушунат шудааст, эҳтимолан баъдан рисолати аслии худ – ҳимояти сулҳу амният ва ҷони шаҳрвандонро дуруст иҷро карда наметавонад ва худ ба хушунат даст мезанад.

Озодӣ: То куҷо ҳодисаҳои дедовшина ё меҳтарсолорӣ зиёданд?

Дилрабо Самадова: Таҳқиқоти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро”, ки ман ҳам як узви ин тим будам, нишон медиҳад, ки меҳтарсолорӣ дар ҳама бахшҳои артиш вуҷуд дорад. Ин падида дар тамоми манотиқи Тоҷикистон вуҷуд дорад ва талоши “Ампаро” ҳам ин буд, ки таваҷҷӯҳи мақомотро ба паст будани вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар артиш ҷалб кунад. Таҳқиқоти мо нишон додааст, ки сарбозони нав дар шаш моҳи аввали хизмат ҳар рӯз ҳадди ақал 1 бор мавриди чунин бадрафторӣ қарор мегиранд. Дар як соли гузашта 5 ҳодисаи то марг расонидани сарбоз аз ҷониби як ё гурӯҳи ҳамхизматон ба қайд гирифта шудааст.

Озодӣ: Ҳафтае пеш ҳукми гурӯҳи шашнафараи низомиёне содир шуд, ки дар латукӯби шадиди ҳамхизматашон ширкат карданд. Мақомот ба хотири дарси ибрат шудани муҷозоти ингуна ҷиноятҳо мурофиаро бори аввал дар дохили қисми ҳарбӣ барпо карданд. Шумо ба талошҳои ҳукумат ва сохторҳои ҳукуматӣ дар амри мубориза бо дедовшина дар солҳои охир чӣ баҳо медиҳед?

Дилрабо Самадова: Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ҳоло талош мекунанд бо меҳтарсолорӣ мубориза баранд. Инро бояд таъкид кунем, ки намояндагони мақомот ба қисмҳои ҳарбӣ сафар мекунанд, бо сарбозон сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Воқеан ҳам кори тарбиявӣ беҳтар мешавад. Мо чанд масъули тарбияи сиёсиро дар қисмҳои ҳарбӣ мешиносем, ки махсус барои аз байн бурдани дедовшина кор мекунанд. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки ин мушкилро танҳо бо мулоқоту сӯҳбатҳо решакан карда намешавад. Масалан, вақте сарбозон барои роҳ додан ба дедовшина ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд, фармондеҳону афсарон ҷавобгар намешаванд. Дар ҳоле, ки масъули назорати вазъ дар дохили қисмҳои низомӣ ва ҳам равобити миёни сарбозони наву кӯҳна ҳамин фармондеҳон мебошанд. Ҳамин чиз ҳам сабаби заъиф будани ҳосили мубориза бо дедовшина шудааст. Масъалаи дигар дар ин аст, ки қисмҳои ҳарбӣ аз чашми ҷомеаи шаҳрвандӣ бастаанд.Ин дар ҳолест, ки оиннома ба волидону фаъолони ҷамъиятӣ ҳаққи ворид шудан ба дохили қисмҳои ҳарбӣ ва дидани қисмҳои хоҷагиро бо ризоияти фармондеҳон иҷозат медиҳад. Дар чаҳорчӯби як таҳқиқот, бо пуштибонии вазорати дифои Тоҷикистон соли гузашта фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳам ваколатдори ҳуқуқи башар аз се қисми низомӣ дидан ва бо сарбозон сӯҳбат карданд. Агар чунин имконияти вуруд ба волидон, фаъолони ҷамъиятӣ, раҳбарони мазҳабӣ ҳар ҳафта дар як рӯзи муайян фароҳам меомад, мубориза бо меҳтарсолорӣ ҳам натиҷа медод. Пинҳон кардани мушкилот боиси густариш он мешавад. Илова ба ин, бояд ки ҳам сарбозон ва ҳам афсарони онҳо дарси ҳуқуқи башар гузаранд, то ки муҳити хизмат беҳтар ва ҳамкории онҳо ҳам бо ҷомеаи шаҳрвандӣ наздиктар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG