Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ҳавола - як шеваи нави интиқоли пул густариш меёбад, ки аз он ҳам муҳоҷирони корӣ ва ҳам қочоқчиёни маводи мухаддир истифода мекунанд.

Ҳавола банк нест, аммо мисли “Western Union” ва “Money Gram” кор мекунад. Дар шаҳри дури кишвари бегонае касе пул медиҳад ва хешу наздиконаш дар ватан аз шахси муайян ҳамин миқдор пулро мегиранд. Вале бе ягон мӯҳру санад. Онҳое ки пулро мегиранд ва медиҳанд, бо номи “ҳаволадор” машҳуранд. Истифода аз ин шеваи интиқоли пул дар давраи бӯҳронҳои молиявӣ бештар мешавад ва чанде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ба хотири коҳиш додани харҷҳои бонкӣ аз ҳавола кор мегиранд.

Игор Хохлов, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва муносибатҳои байналмилалии Академияи улуми Русия, ки дар мавриди корбурди ҳавола аз сӯи муҳоҷирони корӣ дар Русия як тадқиқот анҷом додааст, рӯзи 31-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирон аз 25 то 30 дарсади пулашонро бо ҳамин шева ба наздиконашон мефиристанд. “Аммо, - афзуд Хохлов, - аз ҳавола муҳоҷирони покистонии Маскав бештар истифода мекунанд. Чунки дар ин кишварҳо системаи бонкӣ чандон рушд накардааст. Дар кишварҳое чун Точикистон системаи бонкӣ қариб ҳамаи нуқоти кишварро фаро гирифтааст ва муҳоҷирон бештар аз системаҳои маъмули интиқоли пул истифода мекунанд, мисли "Золотая корона" ва "Вестерн юнион." Бинобар арзёбиҳои мо, ҳудуди 30 дарсади пули муҳоҷирони тоҷик бо василаи ҳавола ба Тоҷикистон фиристода мешавад”.

Агар ба натиҷаҳои пажӯҳиши Хохлов такя кунем, бо назардошти оне ки соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик тариқи каналҳои расмӣ 3 миллиарду 900 миллион доллар ба ватан фиристоданд, ҳаҷми пулеро, ки бо шеваи ҳавола фиристода мешавад, аз 970 миллион то ба 1 миллиард доллар тахмин задан мумкин аст. Ин ҳолат ҳам ҳаст, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия бо шеваи ҳавола ба наздиконашон пул мефиристанд, аммо номи ин шеваро ҳавола намегӯянд.

Комрони Муҳаммадӣ, як муҳоҷири кории тоҷик, ки дар шаҳри Маскав аз роҳи таксиронӣ рӯзиашро меёбад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз бурузи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия даромадаш низ кам шуд ва ӯ маҷбур аст ба наздикон кам ҳам бошад, зуд−зуд пул фиристад. Вай гуфт: “Дар ин ҷо ҳоло одамоне ҳастанд, ки ба онҳо мо аз ин ҷо медиҳем ва наздиконамон рафта аз нуқтаи зарурӣ дар Тоҷикистон мегиранд. Инҳо дар ин ҷо тиҷорат доранд, бисёраш офисҳои чиптафурӯшӣ ҳастанд. Мо онҳоро мешиносем. Инҳо ягон хел ҳуҷҷат намепурсанд, ҳама кор тариқи телефон ҳал мешавад.”

Комрон мегӯяд, ба фарқ аз системаҳои расмӣ ва маъмулӣ, интиқоли пул бо ҳавола чунин аст, ки онҳо аз интиқоли пул баҳра намегиранд ва ё гиранд ҳам, ниҳоят кам аст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, тоҷироне, ки пули муҳоҷиронро интиқол медиҳанд, аксаран аз Русия ба Тоҷикистон моле ворид мекунанд ва манфиаташон дар ин аст, ки дигар зарурати тариқи бонкҳо аз Тоҷикистон ба Русия пул фиристодан боқӣ намемонад.

Интиқоли пули мавсум ба ҳавола дар Тоҷикистон мисли кишварҳои ҳамсояаш Афғонистон ва Покистон ва ё Ҳиндустон чандон густаришёфта нест. Аммо ахиран, ки Бонки милли Тоҷикистон ҳамроҳ бо мақомоти қудратӣ шеваи назорат аз муомилоти асъори хориҷиро шадид карданд ва чандин нафар ба хотири додуситад бо асъори хориҷӣ боздошт шуданд, мардум ба амалиёти молиявии пинҳонӣ рӯ овардаанд. Дар ин гуна шароит интиқоли пул бо усули маъруф ба ҳавола боз ҳам ҷаззобтар шуд, чунки ҳамаи амлиёти молиявӣ дар ҳавола берун аз чашми мақомот ва бонкҳо сурат мегирад.

Сӯҳбатҳои мо бо муҳоҷирон ва тоҷироне, ки ба интиқоли пул машғуланд, собит кард, ҳаҷми пуле, ки дар як фиристодан аз ин тариқ интиқол дода мешавад, низ чандон калон нест ва ҳадди аксар то 10 ҳазор доллар мерасад. Як тоҷире, ки дар Душанбе ба интиқоли пули муҳоҷирон машғул аст, ба шарти набурдани номаш гуфт, онҳо пули муҳоҷиронро аз як сӯ барои савоб ва аз сӯи дигар ба хотири қулай буданаш дар пешбурди бизнес истифода мекунанд. Ин тоҷири ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо бародаронаш ба тиҷорати чӯб аз Русия машғуланд ва бародараш пулҳоро аз муҳоҷирон ҷамъ карда, тахта мефиристад ва онҳо аз ин ҷо ба наздикони онҳо пулашонро бе каму кост медиҳанд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, муомилаи онҳо бидуни қайду шарт ва ҳуҷҷатгузорӣ анҷом меёбад ва ба имону боварӣ ба якдигар асос ёфтааст. Вай гуфт, аз як нафар онҳо на зиёда аз 10 ҳазор доллар қабул ва интиқол медиҳанд ва дар як моҳ ба ҳисоби миёна онҳо аз 30 то 50 ҳазор доллари муҳоҷиронро ба наздиконашон мерасонанд.

Ҳисобу китоби аниқи ҳаҷми маблағҳои бо шеваи ҳавола интиқолёбанда ғайриимкон ба назар мерасад, аммо муҳаққиқони ин мавзӯъ мегӯянд, аз ин усул бештар қочоқчиён истифода мекунанд. Истифода аз усули ҳаволаро зимну доду ситад миёни қочоқбаронро масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод низ тасдиқ мекунанд. Қочоқбаре, ки ахиран аз сӯи масъулони ин Оҷонсӣ маҳз ҳангоми фиристодани пул ба он сӯи соҳили Ому бо усули ҳавола боздошт шуд.

Хушнуд Раҳматуллоев, раҳбари дафтари матуботи Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Дар Тоҷикистон ҳастанд шаҳрвандони Афғонистон, ки аз ҳамин роҳ ба кишварашон пул мегузаронанд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрвандон ба Покистон, Дубай ва Шветсия аз ин усул пул мефиристанд. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки ин усулҳо ҳар рӯз нав мешаванд ва онро зери назорат гирифтан ва исбот кардани пулшӯӣ аз ин тариқ ниҳоят душвор аст”.

Ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, дар Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шӯъбаи махсуси мубориза бо “пӯлшӯӣ ва ё қонунигардонии маблағҳои аз роҳи ҷиноят бадастомада” таъсис дода шудааст ва мутахассисони ин марказ бо чунин ҷиноятҳо мубориза мебаранд.

Ҳавола худ вожаи арабӣ буда маънои интиқолро дорад. Ҳавола чун шеваи интиқоли пул бештар дар Покистон ва як қисмати Ҳиндустон зиёд маъмул аст ва фаъолони ин гуна тиҷоратро "ҳаволадор" мегӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG