Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази “Тоҷикстандарт ”дар Хуҷанд иддаои муаллифи таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи тақрибан вуҷуд надоштани гӯшт дар ҳасибҳои тавлиди корхонаҳои кишвар рад кард.

Маркази “Тоҷикстандарт ” дар Хуҷанд иддаои муаллифи таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи тақрибан вуҷуд надоштани гӯшт дар ҳасибҳои тавлиди корхонаҳои кишвар радъ кард. Шероз Шарифов, рӯзноманигори мустақили Суғд, моҳи июни соли гузашта дар бораи бо “гӯшти сунъӣ” омода шудани ҳасиб дар кишвар матлаберо дар чанд расонаи кишвар ба чоп расонида буд,“Тоҷикстандарт” пас аз ним сол ба он посух дод.

“Ҳасибҳои Тоҷикистон тақрибан гӯшти табиӣ надорад !”

Шероз Шарифов дар матлаби худ бо такя ба натиҷаҳои озмоиши 8 навъ ҳасиби истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон дар ташхисгоҳи “Рамзит” дар Тошканди Узбакистон мегӯяд, дар онҳо гӯшти табиӣ ночиз ва хеле кам аз меъёр истифода шудааст. Ба қавли муаллифи ин матлаб, ки вокунишҳои мухталиферо дар пай дошт, ташхис гӯшти хеле кам аз меъёр ё тақрибан гӯшт надоштани ҳасибҳои ба озмоиш бурдааш ва ба ҷои он корбурди хокаи лубиё ва хамираи ба истилоҳ “гӯшти сунъӣ" -ро нишон додааст.

Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “дар ҳасибҳои ташхисшуда сафеда аз меъёр хеле кам, масалан дар як намуна ба ҷои 14 дар сади меъёр 1,2 дар сад вуҷуд дорад. Вале баръакс крахмал (оҳор) аз андоза зиёд корбурд шудааст. Ин нишонаи он аст, ки истеҳсолкунандаҳои ҳасиб ба ҷои гӯшт крахмалро кор бурдаанд.”

Дар Хуҷанд ин гуна озмоишҳо марказҳои “Тоҷикстандарт “ ва Беҳдоштӣ дар ташхисгоҳҳои худ анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин, ташхис муайян кардааст, ки дар ҳасибҳо баъзе маҳсулоти кимиёии зарарнок ба инсон, хусусан ба кӯдак, масалан, маводи иловагии «Е 621» - “Глутамат натрий”, ки бино ба натиҷаи ташхис, корбурди он дар ғизои кӯдакона манъ карда шудааст.

“Тоҷикстандарт”: “Ҳасибҳои Тоҷикистон аз 60 то 90 дар сад гӯшт дорад! ”

Ин ниҳод натиҷаҳои ташхисгоҳи Тошкандро комилан рад мекунад. Ба таъкиди масъулони ин ниҳод, корхонҳои Тоҷикистон барои омода кардани ҳасиб “гӯшти табиӣ ва дигар иловаҳоро аз рӯи стандартҳо ва шартҳои техникии тасдиқшуда ба таври гуногун” истифода мекунанд. Ба навбати худ ин ниҳод низ натиҷаи озмоиши таркиб ва сифати 4 навъи ҳасиб дар ташхисгоҳи худро оварда, таъкид дорад онҳо бо риояти тамоми меъёрҳои сифат ва ҷавобгӯ ба Қонуни кишвар “Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” сохта шудаанд: “Дар таркиби ҳасиб аз 60 то 75 дар сад гӯшти табиии маҳаллӣ, инчунин, гӯшти яхи гов ва мурғи истеҳсоли хориҷа истифода мешавад ва дар таркиби намудҳои дигари ҳасиб, ки нархашон аз 45 то 70 сомонӣ аст, 80-90 дар сад гӯшт мавҷуд аст ва иловакунандаҳо низ истифода бурда мешаванд, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ иҷозат дода шудаанд ва ба саломатии инсон зарар надоранд.”

Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуоти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд ба Озодӣ гуфт, санҷиши чигунагии таркиб ва сифати ҳасибҳоро дар ташхисгоҳи худ анҷом дода, зимни натиҷагирӣ бо мутахассисоне аз кишварҳои Руися ва Белорус машварат кардаанд. Вай афзуд, ки зимни ташхисҳо камбудҳое ҳам ошкор карда шудаанд: “Масалан, қаблан соҳбикорони мо барои омода кардани ҳасиб пӯсти мурғи воридотиро истифода мекарданд. Вале моҳи июни соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон инро манъ намуд. ”

Ҳамчунин, нозирони ин марказ беш аз 300 кило ҳасибҳои мӯҳлати истеъмолаш гузаштаро дар фурӯшгоҳҳо ошкор ва мусодираву нобуд карда, ба фурӯшандагони онҳо ҷарима бастаанд.

Вале аз натиҷаҳои ташхиси намунаҳои ҳасиб аз сӯи “Тоҷикстандарт” аён аст, ки корхонаҳои кишвар барои ҳасибҳои одиву олӣ ва бо навиштаҷоти “Ҳалол” умдатан гӯштҳои яхи Ҳиндустон ва қимаи гӯшти мурғи воридотӣ аз Туркияро истифода мекунанд. Ин гӯшт бо арзиши 1 – 1.5 доллар барои 1 килограм ва гӯшти мурғ ба нархи камтар аз 1 доллар барои 1 килограм ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. 1 килограм гӯшти гови дасткуш др бозорҳои шимоли Тоҷикистон аз 25 то 30 сомонӣ ва гӯсфанд 30 - 35 сомонӣ нарх дорад.

Дар ин ҳол, дар бозору мағозаҳо навъҳои гуногуни ҳасиб бо нархҳои ҳудудҳои 20 – 50 сомонӣ ва баланд барои 1 килограм ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бозорҳо ба нархи ҳудуди 15 сомонӣ барои 1 килограм низ навъе аз ҳасибҳои дастисохтро фаровон дарёфт кардан мумкин аст. Зимнан, Шероз Шарифов мегӯяд, вай барои ташхиси сифат 8 навъ ҳасиби серхаридор ва тавлиди корхонаҳои гуногуни ватаниро аз як мағозаи машҳури маркази вилояти Суғд харида буд.

Бино ба омори расмӣ, дар вилояти Суғд 7 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширу гӯшт фаъолият мебарад ва ҳасиб ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарин ба як маводи дастрас ва аслии ғизоии сокинон табдил ёфтааст.

Ҳасиб ва “эҳсоси ватандӯстӣ”

Намояндагии "Тоҷикистандарт" дар посухи худ муаллифи таҳқиқоти рӯзноманигориро, ки ҳасибҳои Тоҷикистонро барои ташхиси таркибу сифати онҳо Тошканд бурдааст, “нобоварӣ ба истеҳсолкунандагону ташхисгоҳи замонавии ватанӣ” ва то куҷо доштани “эҳсоси ватандӯстӣ” мазаммат мекунад.

Вале муаллифи матлаб - Шероз Шарифов мегӯяд, ба хотири ба даст овардани натиҷаи мустақил ба ташхисгоҳи Тошканд муроҷиат карда ва ин корро ба хотири ҳифзи ҳуқуқи истеъмолии сокинон ва сиҳатии онҳо анҷом додааст. Аз нигоҳи вай, сокинон ҳақ доранд дар бораи он чӣ истеъмол мекунанд, маълумоти кофӣ дошта бошанд. Чунки сиҳатии инсон бастагии аслӣ ба он ҳам дорад, ки вай чӣ истеъмол мекунад ва он ҳам чӣ сифат. “Ба ман посухашонро нафиристоданд. Вале чун дӯстонам ба ман гуфтанд, ки маро ба нокифо доштани “эҳсоси ватандӯстӣ” таъна ҳам задаанд, дар ҳайрат мондам: Магар даъвати истеҳсолкунандагони ватанӣ ба беҳтар кардани сифати ҳасиб нишонаи ватандӯст набудан аст?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG