Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте фурудгоҳ аз кор монд... Ғами мусофирро кӣ мехӯрад?


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар дод, ки шурӯъ аз соати 2 - и пас аз зӯҳр фуруду парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шуданд.

Хайриддин Тӯраев, сарвари Хадамоти амниятии фурудгоҳ рӯзи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мушкил пурра бартараф шуда, парвозу фуруди ҳавопаймоҳо мӯътадил идома дорад: «Таъхири ҳавопаймоҳо аз ин буд, ки қисме аз хориҷ омада, дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастанд ва қисме ҳам аз худи шаҳрҳои парвоз баланд нашуда буданд. Ҳоло парвозҳо ҳам сурат мегиранду қабули онҳо ҳам.»

Мушкили парвоз, ки аз соати 18:00-и рӯзи 2 феврал бар асари бориши шадиди барф дар Душанбе шурӯъ шуд, ҳудуди 20 соат идома кард. Бино ба иттилои масъулини фурудгоҳ, ин дафъа дар фурудгоҳ баландии барф то ба 40 см расид, аммо сабаби асосии таъхири парвозҳо суръати баланди бод ва ғафсии туман буд. Дар ин миён, бино ба иттилоъи расмӣ, 11 ҳавопаймо натавонистанд дар вақти барояшон таъйиншуда парвоз кунанд.

Мушкил дар парвози хатсайрҳо яке аз воқеиятҳоест, ки солҳои ахир ширкатҳои ҳавонавардӣ ба далоили гуногун, ба ҷуз обу ҳаво, ҳамчунин камбуди сӯзишвориву дигар мушкилоти молӣ пеш меоянд. Ва ин мушкилро ҳамвора мушкилоти дигар, аз ҷумла мурооти ҳуқуқҳои мусофирон ҳампоӣ мекунанд. Мусофироне, ки аз таъхири хатсайрҳо тариқи фурудгоҳҳои Тоҷикистон наметавонанд парвоз кунанд, амалан дар кӯча мемонанд.

Бино ба қавоиди байналмилалӣ, ки аз сӯи Созмони ҷаҳонии ҳавонавардии шаҳрвандӣ (ICAO — International Civil Aviation Organization) қабул шудааст ва ҳам моддаи 99 – и Кодекси ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз соли 1998, масъулини парвозҳо вазифадоранд, ки мусофиронро бо истироҳатгоҳ, хонаи модару кӯдак ва ҳам хӯроку ҷои хоб таъмин кунанд.

Раҳима Собирова, сокини шаҳри Душанбе, мусофире, ки дирӯз аз парвоз ба Маскав монд, мегӯяд, аз ширкати «Тоҷик Эйр» чипта харида буд, аммо ҳоло дар фурудгоҳ нишаставу намедонад, ки чӣ кор кунад: «Ҳоло ҳатто пуле надорем, ки гашта ба хонаамон равем. То маҳаллаи 33 ва «Саховат» таксиҳо 60-80 сомонӣ талаб доранд. Бачаҳое, ки аз раҳи дур омадаанд, гуруснаву ташна нишастаанд. Бачаҳои тоҷик аз куҷо дилёб мешаванд, ки раванду шикоят кунанд?»

Мусофироне, ки дар фурудгоҳи Душанбе аз дармондаанд, мегӯянд, дар интизории парвоз маҷбуранд, ҳамаи ин муҳлат дар фурудгоҳ бошанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев
Муҳаммадюсуф Шодиев
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мегӯяд, таъмини мусофирон бо ҷои хоб ё хӯрок ба салоҳияти ширкатҳост: «Мо бо 21 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорем. Ширкатҳо бояд мусофирони худро соҳибӣ кунанд. Ягон фурудгоҳи дунё ин имкониятро надорад, ки дар чунин ҳолатҳо мусофиронро бо ҷои хобу хӯрок таъмин кунад.»

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло фурудгоҳи байналмилалии Душанбе метавонад дар як соат ба 100 мусофир хизмат расонад ва дар як шабонарӯз беш аз 1000 нафар тариқи он парвоз мекунанд.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, маъмулан ширкатҳои Тоҷикистон – «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» қоидаҳои хизматрасонӣ ба мусофиронро дар ҳолатҳои таъхири парвоз муроот намекунанд.

Аммо Хайриддин Тӯраев мегӯяд, худ шоҳиди он буд, ки дар толори фурудгоҳ кормандони «Тоҷик Эйр» мизоҷони худро бо хӯроки нарм таъмин карданд ва зам ду ширкати русӣ - «Уралские авиалинии» ва «ЮтЭйр», ки дирӯз бояд ба шаҳрҳои Маскав ва Самара парвоз мекарданд, низ мусофиронашонро аз фурудгоҳ бурда, дар меҳмонхона ҷой кардаанд.

Вай афзуд, аксари мусофирон ё сокини шаҳр ва навоҳии наздики он ҳастанд, ки дар меҳмонхона истоданро намепазиранд, аммо онҳое, ки чунин имконро надоранд, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ, бо ҷои хоб таъмин мешаванд.

XS
SM
MD
LG