Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаномаҳо: Аз Қуръонсӯзӣ то баҳси ҳамҷинсгароӣ


Вокунишҳо ба Қуръонсӯзӣ, пирӯзии Назарбоев ва баҳси ҳамҷинсгароӣ, аз матолиби муҳими нашрияҳост.

"Имрӯз нюс" дар матлабе зери унвони "Мусулмонон: Обама бояд узр пурсад" навиштааст, ки "Кумитаи мусулмонӣ оид ба ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ ва Иттифоқи мусулмонони Қазоқистон бо нашри баёнияе аз Обама талаб кардаанд, ки назди тамоми мусулмонони ҷаҳон дар робита ба сӯзонидани Қуръон аз сӯи роҳиби амрикоӣ Террӣ Ҷонс узр пурсад."
"ФАРАЖ":
Акнун барои рақибони сиёсӣ, мухолифон, норозиёну баъзе хешовандони собиқи Назарбоев фақат як умед боқӣ мемонад: зорӣ кардан ба Ҳазрати Азроил, ки бишитобад...


Ба навиштаи ин нашрия "дар ҳоли баръакс, яъне хомӯш истодани Обама, кинаву ғазабе, ки дар бештари кишварҳои мусулмонӣ ба раҳбари амрикоиён доранд, дучанд шуда, мушкилоти зиёде барои ин кишвар рӯ мезанад."

"Миллат"
дар робита ба ин мавзӯъ навиштааст, ки "Аврупо бояд фаромӯш накунад, ки мадюн (қарздор)-и Қуръони Муҳаммадӣ аст, зеро Қуръон буд, ки офтоби илму донишро дар Аврупо тулӯъ дод."

"СУЛТОНИ РАҚАМИ 1"

"Фараж" дар робита ба пирӯзии дигарбораи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар интихоботи пеш аз мӯҳлати ин кишвар, навиштааст, "раисҷумҳуре, ки барои нигаҳ доштани қудрат оилаи духтарашро вайрон карду шавҳари ӯро беватан намуд, дар гирифтани овози интихобкунанлдагон рекорди навбатӣ гузошт: наздики 96 дарсади овозро мардуми қазоқ ба Бошии худ додаанд, ки ин рақам дар интихоботи пешина 90 дар садро ташкил медод."

Нашрия дар поёни ин матлаб навиштааст, "акнун барои рақибони сиёсӣ, мухолифон, норозиёну баъзе хешовандони собиқи Назарбоев фақат як умед боқӣ мемонад: зорӣ кардан ба Ҳазрати Азроил, ки бишитобад. Ё роҳи дигаре ҳаст?"

АЗ ҚОНУНИ МАТБУОТ ТО ҲУКМИ ҚАТЛ

"Наҷот" зимни баррасии пешнависи Қонуни нави ВАО-и Тоҷикистон, ки ахиран Шӯрои Маҷлиси намояндагон онро ба баррасии дигарбораи ҳукумат, парлумон ва созмонҳои иҷтимоӣ фиристод, назари чанд тан соҳибназарро бо суоли "Қабули Қонуни нави матубот озодии баён ва мустақилияти ВАО-ро таъмин мекунад?" пурсидааст. Раҳбари ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ, лоиҳаи навро "нишонгари як қадам ба пеш" арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки дар муқоиса ба қонуни амалкунанда он беҳтар аст." Вай афзудааст, "ба чанде аз моддаҳои ин қонун тағйиру иловаҳо пешниҳод намудам ва ба муаллифон низ онҳоро ироа кардам. Ваъда кардаанд, ки пешниҳодотро ба инобат мегиранд."
"МИЛЛАТ":
Созмонҳову афроди алоҳидае зуҳур кардаанд, ки мехоҳанд ҷомеаи суннатии моро доғдор ва хешро пуштибони ҳуқуқи инсон муаррифӣ намоянд...


"Азия-Плюс" ба мавзӯи лағви ҳукми қатл пардохта ва навиштааст, ки "аксар тоҷикистониён ҷонибдори бекор кардани ҳукми қатланд. Ин натиҷаи пажӯҳише аст, ки ахиран анҷом шудааст. Муаллифони пажӯҳиш ба ин назаранд, ки арқоми ин пажӯҳиш шаҳодати иштибоҳ будани фикри бархе аз масъулони давлатӣ дар робита ба ин ки аксари кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ҷонибдори ҳифзи ҳукми эъдом ба унвони олитарин ҷазои олӣ бошад, аст." Ба навиштаи ин нашрия "қатл лозим нест, балки афв мебояд."

БАҲСИ ҲАМҶИНСГАРОӢ

"Миллат" мавзӯи ҳамҷинсгароӣ ё лутигарӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки "имрӯзҳо дар бархе аз расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар мавриди мавҷудияти ҳамҷинсгароӣ ва лутигарӣ дар ҷомеаи мо, афзоиши чунин аъмоли берун аз чаҳорчӯби ахлоқи тоҷикӣ — мусулмонӣ, нақз ва табъйиз шудани ҳуқуқҳои ҳамҷинсбозон матолибе ба чашм мерасад. Ҳамчунин, созмонҳову афроди алоҳидае зуҳур кардаанд, ки мехоҳанд ба ин восита ҷомеаи суннатии моро доғдор ва хешро пуштибонони ҳуқуқи инсон муаррифӣ намоянд." Муаллифи ин матлаб навиштааст, "ҳар гуна тавҷеҳи ҳамҷинсбозонро маҳкум карда", аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват кардааст, ки "ба афзоиши фасоди ахлоқӣ ва латма задан ба зиндагии суннатии инсонвори мо роҳ надиҳанд."

МУШКИЛИ "ДУМДОР"-И РАҚИБОВҲО

"Нигоҳ" бори дигар ба масъалаи тахриби манзили Атовулло Рақибов, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод пардохта ва ин суолро матраҳ кардаст, ки "Чаро қазияи Рақибовҳо ҳал нашуд?" Ойиниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Перспектива плюс" дар посухи ин суол гуфтааст, "фикр мекунам, ҳалли ин масъала дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии давлатии Рақибов на он қадар мушкил буд. Давлат ин қадар замин тақсим карда истодааст, ба он мардуме, ки ба замин ниёз доранд. Ягон мушкиле намешуд, агар ба Рақибов ҳам замин медоданд." Қироншоҳи Шарифзода гуфтааст, ки "мувофиқи қонунҳои мавҷуда, ҷонибе, ки барои сохтмони манзили зист иҷоза додаасту имрӯз боз онро ғайриқонунӣ эълон кардааст, агар он ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷатҳои аслӣ бошанд, бояд онҳо ҷавоб гӯянд, на соҳиби замин, ки ҳуҷҷат дар дасташ аст."

ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН БАРҚ МЕДИҲАД?

"Вечерний Душанбе" дар матлабе зери номи "Бори дигар дар бораи маҳдудияти нерӯи барқ" сару садоҳо дар мавриди фурӯхта шудани нерӯи барқ ба Покистону Афғонистонро аз қавли масъулони ширкати "Барқи тоҷик" радд кардааст. Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтаанд, Тоҷикистон бо Афғонистон қарордоди содироти нерӯи барқро дорад, аммо содироти он хеле ночиз аст, ки наметавонад ба вазъи энергетикӣ дар кишвар асар гузорад. Ин масъулон камбуди об дар обанбори "Норак" ва рӯдхонаи Вахшро омили аслии ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG