Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирони бадахшоние, ки 15 сол пеш ба водии Вахш кӯчонда шуданд, дар ин ҷо бештар аз ҳама аз мушкили беобӣ шикоят мекунанд.

Шоира Саидмаҳмадова, хонандаи синфи 7 дастонаш қавӣ ва нерӯманд шудаанд, чун ҳамарӯза баъди соати дарсӣ ба хонаашон то 400 литр об мекашонад. Масофа байни чоҳи об ва манзили волидайни Шоира 100 метрро ҳам ташкил намедиҳад, аммо хонаи дугонаҳои ӯ, ки низ ҳар рӯз об мекашанд, хеле дуртар аст.

Шоира мегӯяд: “Мо бисёр вақтҳо об надорем. Мо бисёр азоб мекашем. Баъзе вақтҳо ба касалӣ ҳам дучор мешаванд мардуми мо. Баъзе вақт об меояд, баъзан не. Тобистон бисёр гарм аст. Агар об набршад, зиндагии мо бисёр душвор аст. Орзуи ман ин аст, ки ҳамеша дар деҳаи мо об бошад. Одамони мо сиҳату саломат бошанд.”

Зодгоҳи Шоира Бадахшон аст. Соли 2001, вақте хурдсол буд, бо дастури мақомот хонаводаи онҳо ба ҷамоати “Наврӯз”-и ноҳияи Қубодиён, 260-километрии ҷануби Душанбе кӯчиданд. Хонаводаи онҳо ба мисли даҳҳо хонаводаи дигар обҳои мусаффои Бадахшонро паси сар гузошта, ба ин макони беобу гарм омадаанд.

Чоҳеро, ки сокинони ин деҳа аз оби он истеъмол мекунанд, чанд соли пеш як созмони хориҷӣ канда буд ва ҳоло оби он тира ва кам шудааст. Ҳатто, ба гуфтаи сокинон, гоҳе нӯшидани оби ин чоҳ ғайримумкин мешавад. Вазирбек Авазбеков, раиси деҳа мегӯяд, онҳо ба хотири обод кардани як гӯшаи ватан ба ин макон омадаанд. Аммо барои беҳбуди рӯзгори сокинон, ба гуфтаи вай, ҳукумат ё ягон ташкилот мушкили камбуди оби онҳоро бояд ҳал кунад.

Розиямоҳ Худодойдова, сокини ҳамин деҳа ёд дорад, ки онҳоро дар соли 2001 бо ваъдаи баланди таъмини хонаю шароити хуб аз Бадахшон ба инҷо кӯчонданд. Вале чун ба Қубодиён омаданд, ба норасоии оби ошомиданӣ мувоҷеҳ шуданд. Мушкиле ки то ҳол домангири онҳост.

Дар замони Шӯравӣ ин деҳаро, ки он замон майдони кишт дошт, тавассути дастгоҳҳои барқӣ ба об таъмин мекарданд. Баъди аз байн рафтани низоми пешин дастгоҳҳо фалаҷ шудаву ҷӯйборҳо пур шуданд.

Ҳоло танҳо бо баланд шудани оби дарё дар мавсими боришот, тариқи дастгоҳи обкашонӣ гоҳ-гоҳ обро барои заминҳои кишт мекашонанд. Дар фасли тобистон оби дарё кам мешавад ва кашондани об ба заминҳои кишт ғайриимкон мегардад.

Роҳбарони ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён ва ҳам мақомоти ин ноҳия нахостанд дар мавриди шароити сангини муҳоҷирони дохилӣ аз Бадахшон суҳбат кунанд.

Дар деҳаи Наврӯз, ки 56 хонаводаи муҳоҷирони бадахшонӣ аз ҳамин як чоҳи амӯдӣ об менӯшанд, мегӯянд, ки бо кам ва ифлос шудани оби чоҳ онҳо аз масофаи 6 километр роҳ тариқи хару аробаҳо ва ҳам дастӣ об мекашонанд. Онҳо мегӯянд, борҳо ба мақомоти Қубодиён шикоят бурдаанд, вале ба мушкили онҳо касе расидагӣ накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG