Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони иҷтимоии “Чашма” дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо иҷрои тарҳе, занонеро, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, худкифо карданист.

Cозмони иҷтимоии "Чашма" дар Шаҳритус дар марҳалаи аввал ҳудуди 20 занро, ки шавҳарон ва фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ба омӯзиши бофтани гилемчаҳои “қоқма” ва умури тиҷорати он ҷалб кардааст, то онҳо тавонанд зиндагияшонро бо тиҷорати ин навъи гилемҳои нодир ва қадима бичархонанд. Чун таҷриба нишон медиҳад, ки ин гуна хонаводаҳо ҳамеша мунтазири пуле ҳастанд, ки шавҳарону фарзандонашон аз муҳоҷират мефиристанд ва рӯз мегузаронанд.

Санавбар Имомназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Чашма” дар ноҳияи Шаҳритус рӯзи сешанбеи 25 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ низ ҳадаф аз ин иқдомро “эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила таъмини занони хонанишин, ки шавҳарон ва фарзандонашон дар муҳоҷиратанд, ба ҷои кор мебошад.”

Санавбар Имомназарова

Санавбар Имомназарова

Хонум Имомназарова афзуд, “Гуфтанӣ ҳастам, ки 60 дар сади заноне, ки бо мо ҳамкорӣ доранд, шавҳарон ва ҳатто фарзандонашон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, ки тиҷоратро меомӯзанд. Занҳое, ки ба шароити хонаводаашон вазнин асту наметавонад ба бозор барояд, дар хона қолинбофӣ мекунад, маҳсулотро аз онҳо гирифта ба бозор мебарем, вале вақте, ки худашон харидор пайдо мекунанд, бидуни мо метавонад, ки худашон тиҷораташонро пеш баранд.”

Назрбӣ Қурбонова, як зани танҳо аз ноҳияи Шаҳритус аст, ки се фарзандро бидуни нерӯи мард ва бо мушкили зиёд ба воя расонидааст. Ба ба гуфтаи вай, шавҳараш дар муҳоҷират аст ва худ саробони оила мебошад. Ин аст, ки ин зан мегӯяд, то кунун бо кӯмаки созмони иҷтимоии “Чашма” корҳои кишоварзиеро аз бар карда ва зиндагиашро то андозае беҳтар кардааст.

Вай мегӯяд, ҳамакнун мехоҳад то қолинбофӣ, ба хусус бофтани гилемчаҳои “қоқма”ҳамзамон қарз гирифта, доираи фаъолияташро васеътар созад: “Зиндагиямон хело беҳтар шудааст, ки маблағи бе

фоизро гирифта тиҷоратамонро пеш бурдем. Барои зан дар танҳоӣ зиндагиро пеш бурдан душвор аст, вале баъди омӯзиш гирифтан, корамонро пеш мебарем. Аз деҳа низ як гурӯҳ, духтарони дигарро низ барои қолинбофӣ овардаам. Моро дастгирӣ карданд, ки мо ба ин рӯзҳо расидаем. ”

Коршиносони созмони иҷтимоии “Чашма”, ки се соли ахир дар чорчӯби лоиҳаи “Ташаббуси дастгирии тиҷорати занон дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Қубодиён” кор мекунад, гуфтаанд, ки “қоқма”, гилеми қадимаи мардуми бумии ҳамин минтақа будааст, ки харидорӣ зиёд дорад.

Санавбар Имомназарова, раҳбари ин созмон мегӯяд, “харидорон ба хотири он, ки гилемҳо пашмӣ ва ранҳояш аз меваю решаи дарахт аст, таваҷҷӯҳ доранд. Ҳоло занҳо 30 гилем тайёр кардаанд, ки харидорӣ шудаанд ва дар оянда барои мо ҳамкорони лаҳистониямон ваъда додаанд, ки дар Лаҳистон фурӯшгоҳи гилемҳои “қоқма”ро ба роҳ мемонад.”

“Қоқма” - гилеми қадимаи дастӣ аст, ки дар гузашта бархе аз хонаводаҳо дар ноҳияи Шаҳритус истифода мекарданд. Ин навъи гилем аз пашми гӯсфанд омода мешавад ва ҳунармандони он дар ин ноҳияи ҷануби Тоҷикистон кам мондааст.

Талоши созмони иҷтимоии “Чашма” барои худкифо кардани занон дар ҳолест, ки Саноат Босалиева, мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Шаҳритус дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 55 ҳазору 180 нафари аҳолии ин ноҳия, яъне нисфи ҷамъиятро занон ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи хонум Босалиева, аксари ин занони хонанишин ва бекор ҳастанд, ки мунтазири зангҳои телефонии шавҳарон ва фарзандони муҳоҷирашон ҳастанд, то барои рӯзгорашон пул фиристанд.

Ба пояи иттилои расмӣ, теъдоди заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд, аз ноҳияи Шаҳритус беш аз ҳазор нафаранд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро ба маротиб бештар мегӯянд.

XS
SM
MD
LG