Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Зарифӣ аз шарикони аврупоӣ ва тахсиси 250 миллион евро


Ҳамрохон Зарифӣ, иҷрокунанда ё кафили вазорати хориҷии Тоҷикистон аз шарикони аврупоӣ даъват кардааст, ки дар иҷрои лоиҳаҳои минтақавӣ саҳм бигиранд.

Абдулфайз Атоев, сухангуи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷашнеби 20-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Ҳамрохон Зарифӣ, зимни ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Бруссел аз шарикони аврупоӣ даъват кард, ки дар лоиҳаҳои сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ - СASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон ва дигар лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, ки ба ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми минтақа нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат варзанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, дар ҷараёни баррасии мавзуи вазъ дар Афғонистон иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ки амалиёти алайҳи террористӣ дар Афғонистон бояд бо чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ таҳким дода шавад.

Ин аст, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар ин замина бори дигар аз ташаббуси эълонкардаи Тоҷикистон дар бораи бунёди Маркази минтақавии бисёрсоҳа оид ба омодасозии кадрҳо барои Афғонистон дар Душанбе ёддовар шудаааст.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои Абдулфайз Атоев, дар чорчуби нишасти вазироони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Андрис Пибалгс, комиссари Аврупо оид ба рушд сурат гирифт.

Ин манбаъ афзуд, ки зимни вохӯрӣ мавзуъоти ҳамкории дуҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаҳои дуҷонибаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иҷрошаванда баррасӣ шуданд, ки барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2020 дар меҳвар қарор дошт.

Ба таъкиди ҷаноби Атоев, комиссари Аврупо оид ба рушд таъкид кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои ин барнома маблағи 250 миллион евро тахсис хоҳад дод.

Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014 ва 2020 рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва деҳотро дар бар мегирад.

Зимнан, ҳайати Тоҷикистон дар раъси Ҳамрохон Зарифӣ, иҷрокунанда ё кафили вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 18-уми ноябр барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба Бруссел сафар карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG