Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳодҳои геологии Тоҷикистону Чин ба таҳқиқи муштараки сарватҳои табиии вилояти Бадахшон шурӯъ кардаанд. Ин дар ҳолест ки алакай беш аз нисфи конҳои тилои Тоҷикистон ба ширкатҳои Чин тааллуқ гирифтаанд.

Саридораи геологияи Тоҷикистон ҳамроҳ бо Хадамоти геологии Чин ба омӯзиши захираҳои табиии кӯҳистони Бадахшон оғоз кардаанд. Кашфи конҳои нав ва тадқиқи захираҳои конҳои қаблан кашфшуда аз вазифаҳои аслии ин ду ниҳод дар соли 2015 гуфта мешавад.

Омӯзиши захираҳои табиии Бадахшони Тоҷикистон аз ҷониби кишвари ҳамсоя дар ҳамоҳангӣ бо мутахассисони тоҷик дар ҳолест, ки бар асоси ҳисобҳои расмӣ, алакай беш аз 50 дарсади конҳои тилои Тоҷикистонро ширкатҳои чинӣ бо саҳмияҳои болотар аз 60 дарсадӣ дар ихтиёр доранд.

Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, бар аз асоси омӯзишҳои замони шӯравӣ Тоҷикистон, 500 тонна захираи тило дорад. Аммо ӯ мегӯяд, ин ҳисобҳои тахминӣ ҳаст ва шояд зери замини Тоҷикистон аз ин бештар тило дошта бошад. Ба гуфтаи Ҷумъазода, ба он хотир конҳои тило бештар ба чиниҳо дода мешаванд, ки онҳо дар коркарди он таҷрибаи ғанӣ ва пешрафта доранд. Аммо ӯ мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша дар додани корхонаҳои тило манфиати худро дар мадди аввал мегузорад.

Ӯ гуфт: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз талаботҳои асосии худро дар назди сармоягузорони хориҷӣ монда истодааст, ки ҳангоми коркарди кон бояд истеҳсоли маҳсулоти хуб ба роҳ монда шавад. Ҳоло натанҳо дар ин конҳо тило, балки дигар навъи фулузот низ истихроҷ мешаванд. Бо боварӣ гуфта метавонам, чунин корхонаҳое, ки манфиаташон ба мо мерасад, оянда боз ҳам зиёд мешавад.”

Аммо ин масъули Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, на ҳамеша чиниҳо аз конҳои тилои мо манфиати хуб мебинанд. Ӯ мегӯяд, ширкати чинии “Бротер” дар кони Пасрӯди ноҳияи Мурғоб корро оғоз кард, вале моҳи декбари соли гузашта конро тарк гуфт, зеро аз он ҷо фоидаи дилхоҳи худро ба даст оварда натавонист.

Дар ҳамин ҳол, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз барзиёд иҷро шудани нақшаи тило хабар медиҳад. Бахтиёр Шарипов, сардори раёсати захираҳои табиӣ ва маъданҳои кӯҳии вазорати саноат ва технологияҳои нав мегӯяд, дар нақша буд, ки соли 2014 ба хазинаи давлат 2 тонна тило супорида шавад: “Барзиёд иҷро шудани нақшаи тило аз он аст, ки имсол ширкатҳое, ки ин маҳсулотро коркард мекунанд, технологияи нав ворид кардаанд. Бо технологияи нав кор кардан сифати корро хеле хуб кардааст. Ҳоло дар нақша аст, ки аз ин бештар тило коркард шавад.”

Кони тилои Зарафшон, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба як ширкати Чин тааллуқ дорад

Кони тилои Зарафшон, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба як ширкати Чин тааллуқ дорад

Намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба коркарди тило машғуланд, аз шарҳи ҳамагуна иттилоъ аз ҳосили ҳамкориҳояшон бо давлати Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Мақомоти давлатӣ ҳам хуш надоранд, то дар мавзӯи коркарди конҳои тилои Тоҷикистон бо саҳмияҳои бештар ба тафсил сӯҳбат кунанд.

Аммо раҳбари як ширкати маҳаллӣ, ки низ ба коркарди тило машғул аст, бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, давлати Тоҷикистон конҳои тилоро бо имтиёзҳои назаррас ба ширкатҳои чинӣ медиҳад. Ӯ мегӯяд, ба ҷуз супурдани андоз, аксари ширкатҳои чинӣ аз 50 то 75 дар сади фоидаи конҳоро бо худ мебаранд.

Ӯ гуфт, саҳми бештар ба он хотир ба чиниҳо дода мешавад, ки тамоми хароҷот дар коркарди тило ба ӯҳдаи онҳост. Сӯзишворӣ, техника ва маоши кормандонро чиниҳо пардохт мекунанд ва танҳо ҳукумат 25 ё 30 дар сади фоидаи корро мегирад. “Аммо ин бар зиёни мо аст, ки ин қадар гузашт кардаем. Гузашта аз ин, чиниҳо хеле бераҳмона заминҳои тилоро коркард мекунанд. Аз он ҷо тило ва дигар маъданҳои фоиданокро мегиранд, вале дигар он замин комилан нодаркор мешавад,” - гуфт, ин ҳамсӯҳбати мо.

Ба тозагӣ порлумони Тоҷикистон ҳам чанд созишномаеро баррасӣ мекунад, ки аксаран миёни ҳукумат ва ширкатҳои чинӣ баста шудаанд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон гуфт, ин созишномаҳои ҳамкорӣ тоза ба порлумон ворид шудаанд ва қарор аст, дар наздиктарин ҷаласа баррасӣ шаванд.

Давоми панҷ соли ахир даҳҳо ширкати чинӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар соҳоти мухталиф сармоягузорӣ мекунанд. Бар асоси иттилои расмӣ, конҳои тило низ, ки яке аз боигариҳои Тоҷикистон дониста мешаванд, аксаран аз ҷониби ширкатҳои чинӣ коркард мешаванд.

Беш аз 1 миллиард доллар аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон аз Чин аст ва Пекин барои 3 соли оянда ба Душанбе ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки беш аз 3 миллиардаш барои сохтани 400 километр қисмати тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ- Чин сарф хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG