Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҳагел ба Кобул баъди раҳоии Бергдал аз асорати Толибон


 Бов Бергдал
Бов Бергдал

Амрико умедвор ааст, ки раҳоии сарбозаш аз асорати Толибон ҷаҳишеро дар музокироти сулҳ дар Афғонистон ба вуҷуд биорад.

Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико гуфт, умедвор аст, раҳоии ягона сарбози амрикоӣ дар ивази 5 намояндагони Толибон ҷаҳише дар музокироти сулҳ дар Афғонистон ба вуҷуд биёрад. Пештар аз ин мақомоти Амрико гуфтанд, дар бадали Бов Бергдал, ки панҷ сол дар асорати Толибон буд, панҷ бандии Толибро аз Гуантанамо раҳо карда ва ба ихтиёри Қатар месупоранд.

Ба гуфтаи Чак Ҳагел, кишвараш муддати тӯлонӣ барои раҳоии Бергдал саъй мекард. Ӯ афзуд, ки озодии сарбози асир баъди он муяссар шуд, ки дар музокирот “даричаи қобили қабул барои мо боз шуд.”

Чак Ҳагел рӯзи якуми июн ва як рӯз баъд аз он ба Афғонистон ворид шуд, ки Бов Бергдалро аз асорати Толибон раҳо карданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 31-уми май гуфт, Қатар ба онҳо замонат додааст, ки Толибони раҳошуда барои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида хатар эҷод намекунанд.

Чак Ҳагел ба хабарнигороне, ки ҳамроҳаш ба Афғонистон сафар кардаанд, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳатто баъди ба ҳам хӯрдани музокирот бо Толибон дар соли 2012 барои раҳо кардани Бов Бергдал талош мекард.

Толибон сарбози асирро рӯзи 31-уми май ба нерӯҳои махсуси Иёлоти Муттаҳида дар шарқи Афғонистон супурдаанд. Чак Ҳагел чанд соат баъд аз он ба пойгоҳи низомии Багром дар Кобул ворид шуд, ки Бов Бергдалро ба хориҷ аз Афғонистон интиқол доданд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки ин сарбозро барои муолиҷа ва ҳам «бозгашт ба фазои маъмулӣ» ба як таъсисоти низомии Амрико ба Олмон фиристодаанд.

Яке аз фармондеҳони Толибон гуфт, сарбози амрикоиро баъди боздошти ӯ дар соли 2009 умдатан дар манотиқи қабоилнишини байни Покистон ва Афғонистон нигаҳ медоштанд.

Аз байни панҷ Толибе, ки ба Қатар месупоранд, чаҳор нафари онҳо чеҳраҳои шинохтаи Толибон аст ва яке аз онҳо бо шабакаи тундрави Ҳаққонӣ иртибот доштааст. Худи Толибон дар Афғонистон бо нашри баёнияе гуфтанд, ки аз раҳоии панҷ бандии афғон аз Гуантанамо ва супурдани онҳо ба Қатар «бисёр хушҳоланд». Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон то кунун дар бораи раҳоии сарбози Амрико чизе нагуфтааст ва ба қавли Чак Ҳагел, ӯро пешакӣ аз муомила дар бораи раҳоии ин сарбоз огаҳ накардаанд.

Вазири дифои Амрико гуфт, ки дар ҷараёни сафар дар Афғонистон бо фармондеҳони кишвараш дар бораи пешрафтҳои ба дастовардаи нерӯҳои афғон гуфтугӯ мекунад, чун Амрико барои ихроҷи сарбозонаш аз Афғонистон то охири имсол омодагӣ мегирад. Қарор аст, ба истиснои 10 ҳазор нафари онҳо дигар ҳамаи нерӯҳои Амрико то охири соли 2014 аз Афғонистон хориҷ карда шаванд. Дар сурати имзои паймони дуҷонибаи Амрико ва Афғонистон, то охири соли 2016 дар Афғонистон танҳо 1000 сарбози Амрико мемонанд ва тамом.
XS
SM
MD
LG