Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муштариёни "Ҳафтбурҷ": Пуламонро мехоҳем, на ҳабси касеро (ВИДЕО)


Муштариёни ширкати "Ҳафтбурҷ"

Муштариёни ширкати "Ҳафтбурҷ"

Муштариёни ширкати "Ҳафтбурҷ" мегӯянд, ки ҳавасманди ба маҳкама кашидани масъулони ин ширкат нестанд, балки мехоҳанд маблағҳои худро пас бигиранд.

Субҳи рӯзи панҷшанбе ҳудуди 30 тан аз шаҳрвандон, ки аксарашонро занон ташкил медоданд, дар саҳни бинои суди ноҳияи Синои Душанбе ҷамъ омаданд. Онҳо ҷабрдидагони ширкати "Ҳафтбурҷ" буданд ва барои иштирок дар мурофиаи додгоҳии директори иҷрочии ин ширкат Осимҷон Маъруфов ва муассисон Олим Маъруфов ва Ориф Расулов, ки қаблан ҳукми додгоҳ дар нисбати онҳо содир шуда буд, ҳозир шуданд.

Рӯзи 16 апрел то оғози мурофиаи додгоҳӣ ҷамъомадагон дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳавасманди ба маҳкама кашидани айбдоршавандагон нестанд ва асосан мехоҳанд маблағҳои худро пас бигиранд. Сокини шаҳри Душанбе Дилбар Алимова, ки худро яке аз ҷабрдидагон муаррифӣ кард, дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодӣ гуфт:

"Дар маркази Душанбе вақте ин ширкат кушода шуд, презентатсия карданд ва гуфтанд, ки ин ширкат барои дастгирии камбағалон аст. Ҷаноби олӣ ва мири шаҳр аз ин хабар доранд. Мо ба ин бовар кардем. Ман ки солҳои дароз муҳоҷир будам, дигар бемор шудаму мадори муҳоҷиратро надоштам. Хостам пуламро ба ин ширкат дар ватани худам гузораму аз як қисмаш кам-камак истифода кардан гирам. Ана акнун фиреб хӯрдам. Ду сол мешавад, ки суд ба суд ҳуҷҷатбозӣ карда гаштем. Мо пуламонро баргардондан мехоҳем. Агар директори генералӣ Маҳмудов Сайҳомид Аҷиковичро ба ин ҷо меоварданд, мумкин ки мушкили мо осон мешуд."

Сокини дигари Душанбе Ибодат Ҳакимова мегӯяд, "ман нафақахӯр ҳастам ва ҳамагӣ 240 сомонӣ нафақа мегирам. Инҳо гуфтанд, камбағалҳоро бой мекунанд. 9300 доллари бо хуни дил ҷамъ кардаамро оварда додам. Ман аз давидан бемор шудам. Пули маро оварда диҳанд. Ҳар моҳ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ доруворӣ мехарам. Ҳолам хуб нест."

Мурофиа таҳти раёстаи додрас Амирзода Тоҷиддин Муҳиддин бо ҳузури додситон, вакили дифоъ, судшавандаҳо ва ҷабрдидагон шурӯъ шуд ва қарор аст мурофиаи додгоҳии се масъули ширкати "Ҳафтбурҷ" идома кунад.

Зимнан Додситонии кулли Тоҷикистон дар қароре аз 18 июли соли 2013 фаъолияти ширкати “7 бурҷ”-ро манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Додситонии кулли Тоҷикистон он замон дар номае дар бораи сабаби баста шудани ин ширкат, ба хатари пирамидаи молӣ будани он ва эҳтимоли зиёни молӣ дидани шаҳрвандон, ишора карда буд.

Додситонӣ гуфта буд, ки «7 бурҷ» бо ширкати «Sanfond Financial Inc», ки дар ҷазираҳои Сейшел сабти ном шудааст, шартнома дорад ва мувофиқи меъёрҳои «Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба шустани пул», ҷазираҳои Сейшел ба феҳристи оффшорҳо шомил мешавад.

Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешуданд.

Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб мекарданд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд. Ширкати «7 бурҷ» аз 25 январи соли 2011 расман ба фаъолият шурӯъ карда ва гуфта мешавад наздик ба 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муштарии он мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG