Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони «Тоҷиксодиротбонк» мегӯянд, агар барномаи амнияти электронии бонки онҳо қавӣ намебуд, дуздони интернетӣ аз Русия метавонистанд, ду миллион рубли русии ин хазинаро рабоянд.

Намояндагони «Тоҷиксодиротбонк» мегӯянд, сари вақт ба талошҳои «шикастан»-и ҳисобҳои бонк ва интиқоли ғайрирқонунии маблағи бузург пай бурданд ва пеши роҳи дуздони интернетӣ ё ҳакеронро, ки аз қаламрави Русия амал мекарданд, гирифтанд. Ин воқеа ҳамчунин кормандони бонкро водор намуд, ҳимояи электронии ҳисобҳои бонкро тақвият диҳанд.

Қурбон Восеев, сухангӯи «Тоҷиксодиротбонк» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи ҳамлаи дуздони интернетӣ ва талоши «шикастан»-и ҳисобҳои бонк идома дорад, аммо: «Агар чораҳои амниятии бонк қавӣ намешуд, пеши роҳи ин амалро гирифтан мушкил буд. Ҳарчанд мо тавонистем, ки ба зудтарин фурсат роҳи ҳакеронро бигирем ва системаи интиқоли маблағро масдуд кунем, аммо онҳо тавонистанд 7 ҳазор долларро рабоянд. Аз рӯи қарордод, барномаи «Migom», ки маблағ тариқи он интиқол ёфтааст, бояд то се рӯз маблағро нигоҳ медошт. Аммо масъулони ин барнома қарордодро вайрон карда иҷоза доданд, то ҳакерон 7 ҳазор долларро аз худ кунанд. Ин аст ки мо номаи эътирозӣ равон карда, дар робита ба ин парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.»



Ба қавли ҷаноби Восеев, ҳангоми интиқоли маблағ ду масъала шубҳанок буда, кормандони бонкро водор кард ба зуди роҳи ҳакеронро бигиранд. Амале, ки шубҳаи кормандони бехатарии бонкро бештар кард ин аз Тоҷикистон ба Русия интиқол ёфтани чунин маблағи бузург аст. Зеро одатан аз Тоҷикистон ба Русия маблағ интиқол намешавад. Дуввум ному насаби онҳое, ки гӯё аз Мастчоҳи Кӯҳӣ ба Русия маблағ мефиристоданд. Масалан, Жолдошова Бактигул Шергозиевна, Равшанов Равшан Ҷамшудович, Карабоев Бактибек, Жолдаров Жолдар ва чанд нафари дигар. Ин гуна нафарон дар Мастчоҳи Кӯҳӣ умуман вуҷуд надоштаанд.

Воқеаи ахир, зоҳиран, бонкҳои дигари кишварро низ водор кардааст, чораҳои амниятии худро қувват диҳанд. Аммо И. П., сардори бахши равобити иҷтимоии яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди беҳтарин чораҳои амниятӣ, агар яке аз кормандони бонк аз дохил бо дуздон ҳамдастӣ накунад, «шикастан»-и ҳисобҳои бонк ва интиқоли ғайрирқонунии маблағҳо номумкин аст: «Махсус яке аз кормандони бонк ба ин кор ҳамроҳ шавад он вақт чунин шуданаш мумкин аст. Системае, ки каме хатараш зиёд аст, ин интиқоли маблағ аст. Онҳое, ки аз Русия ба ин ҷо ва аз ин ҷо ба Русия маблағ мефиристанд. Ин ҳам аз ҳамон оператори интиқолдиҳандаи маблағ вобаста аст. Аммо дар умум гирем шикастани бонкҳои Тоҷикистон мушкилтар аст, нисбат ба бонкҳои хориҷӣ. Зеро дар мо ҳама гуна амру фармон тариқи хаттӣ сурат мегирад. Мисли бонкҳои ҷаҳонӣ ба таври электронӣ нест.»

Ҳамчунин ба қавли ҳамсӯҳбати мо додуситади пул бояд дар дохили шабакаи амне, ки бонк сохтааст, ҷараён гирад. Агар муштарии бонк берун аз ин шабака ҳисоби худро боз кунад, маълумоти махфии ӯ зери хатар меафтад.

Аммо коршиносони бар инанд, ки амнияти комили бонкҳоро таъмин кардан бисёр мушкил буда, харҷи зиёд металабад.

Раиси Анҷумани миллии дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев мегӯяд, ҳар сохторе, ки фаъолияташ ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст, ҳатман зери хатари дуздони интернетист, аммо барномаҳои махсусе мавҷуданд, ки метавонанд ин амниятро таъмин кунанд: «Рушди бонк тариқи интернет ва электронӣ худ гувоҳи ҳамин гуна роҳҳо аст. Шубҳа надорам, ки ин гуна ҳодисаҳо ҳаст ва боз ҳам мешаванд. Аз як ҷониб, агар ин ваҳмангез бошад ҳам, аммо аз ҷониби дигар гувоҳ аз он аст, ки мо ба ҷаҳони шабакавӣ ворид мешавем ва тавонмандии барномасозони ватанӣ низ дар қиёс ба солҳои гузашта меафзояд. Ба хусус барои расонидани хизматҳои бонкӣ тавассути Интернет.»

Ба қавли ҷаноби Атоев чизи дигаре, ки боиси шикасти бонкҳо низ шуда метавонад беэҳтиётии муштариёни онҳост. Маъмулан дар дар ин банкҳо як нафар ба ҷой даҳ нафар маош мегирад ва метавонад ба маълумоти ҳассос беэътиноӣ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG