Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Рахнагарони интернетӣ дар Фейсбук тӯъма меҷӯянд


Рахнагарон дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет низ роҳ ёфта, сари ҳар қадам домҳое мегузоранд, ки метавонанд бо макру ҳиял шуморо гирифтор кунанд.

Вақте дар Интернет аз гузориш ва ё навиштае хушатон меояд ва онро барои хондану баҳс дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук мегузоред, имкони ба доми рахнагарони интернетӣ афтидани шумо бештар мешавад. Як роҳи осони шикори тӯъма барои рахнагарони интернетӣ, усули (spear fishing) ё «шикори моҳӣ бо найза» аст. Яъне рахнагар бо ирсоли имейли фиребандае ба корбар, ӯро ба боз кардани файл ва ё линке мойил мекунад, ки вирус ва барномаҳои зиёновар доранд.

Навиштаҳои корбарон дар Твиттер, Фейсбук ва Инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Одноклассникиву Мой Мир, ба рахнагарони интернетӣ имкон медиҳанд, бо пайравӣ ба шеваи навишти шумо, дигаронро ба доми худ афтоданд.

Улисес Албукуэрк аз ширкати амниятии Траствейв ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, «Инсонҳо ҳеҷ намедонанд, ки чӣ гуна иттилооти заруриро дар ихтиёри рахнагарони эҳтимолӣ қарор медиҳанд.»

Улисес Албукуэрк ва ҳамкори ӯ Йоахим Эсфинара дар як гузориши пажӯҳишӣ нишон додаанд, ки чӣ гуна рафтору навиштаҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рахна кардани компютеру шабакаҳоро осон мекунад.

Мутахассисони ширкати Траствейв як нармафзоре сохтаанд, ки бо таҳлили шеваи навишти корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, «ҳусни хату шеваи муколамаи онҳо»-ро муайян мекунад. Рахнагаре, ки орзуи ворид шудан ба шабакаи компютерии ширкатеро дорад, бо нусхабардорӣ аз он ҳусни хат номаи олуда ба вирусро ба ягон корманди ширкати дилхоҳаш мефиристад ва дар сурати боз шудани нома, дастрасӣ ба шабакаи онро пайдо мекунад.


Улисес Албукуерк мегӯяд, тассавур кунед, ки мудири ширкате дар Твиттер ва ё Линкедин саҳифа дорад ва шумо навиштаҳои ӯро мебинед. Ин мутахассис меафзояд: «Бо истифода аз ҳамин, ман метавонам, номаеро мисли мудир ва аз номи мудир таҳия карда ба кормандони ширкат бифристам, ки пайванд ё файли гузошта дар номаро бешубҳа боз мекунанд.»

Ба гуфтаи Улисес Албукуэрк, абзоре, ки ширкати Траствейр таҳия кардааст, барои муаяйн кардани шахсияту рафтори корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нест, аммо дар сурати зарурат метавонад ин корро ҳам кунад. Ӯ меафзояд, абзори мазкур метавонад, нишон бидиҳад, ки навиштае корбаре чӣ гуна хоҳад буд?

Нармафзори ширкати Траствейв роҳҳои омода кардани нома барои ба дом афтондани корбареро нишон медиҳад, аммо барои мутахассисоне дуруст шудааст, ки заъфи сипари муҳофизатии шабакаҳои мухобиротиву комютериро таҳқиқ мекунанд. Абзори мазкур ҳамчунин собит мекардааст, ки навиштаи касе дар шабакаи иҷтимоӣ воқеъӣ аст, ё аз номи ӯ фарди дигар навиштааст.
XS
SM
MD
LG