Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нав барои чиниҳое, ки ба саёҳати Қазоқистон мераванд


Пешниҳоди сайёҳии "Дарбаргирандаи ҳамаи харҷҳо барои 7 рӯз"-ро, ки аз 320 доллар шуруъ мешавад, ширкатҳои қазоқистонӣ барои сайёҳони Чин тартиб додаанд. Ҳадафи ин пешниҳод - ҷалби бештари сайёҳони чинӣ ба Қазоқистон унвон мешавад.

Интихоби бозори Чинро ширкатҳои қазоқистонӣ ба он пайванд медиҳанд, ки соли гузашта миёни ин ду кишвар тафоҳумномаи содагардонии сафарҳои сайёҳӣ ба имзо расидааст. Ба ҷуз ин, ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, чиниҳо яке аз миллатҳое ҳастанд, ки нисбати дигарон бештар сайёҳат мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, чиниҳо ба таври дастаҷамъӣ ба сайёҳат мебароянд ва бештар аз ҳама онҳо ба Қазоқистон барои истироҳат меоянд.

XS
SM
MD
LG