Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор ва шарти Ҷон Керри ба Сергей Лавров


Ҷон Керри, котиби давлатии ИМА ҳушдор додааст, ки агар Русия ва режими Башор Асад амалиёти низомии худро дар Ҳалаб хотима надиҳанд, Вашингтон ҳамкориро бо Москва дар бораи Сурия қатъ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Керри, ӯ зимни суҳбати телефонии 28 сентябр ин шартро ба ҳамтои русаш Сергей Лавров гузоштааст.

Ҷон Кирби, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА низ гуфтааст, ки "агар Русия барои анҷоми ҳамлаҳо дар Ҳалаб ба иқдомҳои фаврӣ даст назанад, Вашингтон барои қатъи ҳамкориҳои дуҷониба бо Москва дар бораи Сурия омодагӣ мебинад".

Вазорати корҳои хориҷии Русия бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, зимни суҳбати Лавров бо Керри аз ИМА даъват шудааст, ки масъулиятҳои ба зиммагирифтаашро барои ҷудо кардани мухолифин аз гуруҳҳои террористӣ дар Сурия иҷро кунад.

XS
SM
MD
LG