Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Асири яманӣ" дар фикри бозгашт ба Яман аст


Гулрухсор Рофиева
Гулрухсор Рофиева

​Гулрухсор Рофиева, ҳамшираи шафқат, ки баъди се моҳи асорат дар Яман аввалҳои соли ҷорӣ ба ватан баргашта буд, мегӯяд, мақомот ба ӯ на замини ваъдагиро додаанд ва на ҷойи кори муносиб.

Гулрухсор Рофиева, ҳамшираи шафқат, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз асорат дар Яман озод шуда, баъдан ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, ки тақрибан ҳеч масъалаи мавриди нигаронии ӯ ҳалли худро наёфт ва ӯ дубора дар фикри бозгашт ба ин кишвари арабист. Ӯ дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки орзӯи соҳиби як порча замин шуданро акнун бо худ ба Яман мебарад.

Рофиева ду писари ноболиғ дорад ва ҳоло ҳамроҳ бо падару модар, се бародар ва зану фарзандони онҳо - ҷамъ 21 нафар, дар як хонае бо масоҳати 6 сотих замин мекунад. Ӯ дар як шифохонаи маҳаллӣ кор мекунад ва моҳе 200 сомонӣ маош мегирад. Ин дар ҳоле, ки ба гуфтаи Гулрухсор харҷи таҳсили моҳонаи писараш 1050 сомонӣ аст.

Рофиева мегӯяд, ки фикри бозгашти дубора ба Яманро дар сар мепарварад, зеро аз рӯи маълумоте, ки дорад, даромади кормандони тиб дар ин кишвари ҷангзада беҳтар шудааст. “Ба ман гоҳе табибони тоҷик аз Яман занг мезананд. Мегӯянд, ки агар хоҳӣ, биё, дар ин ҷо кор кун. Ҳоло моҳе як ҳамшира метавонад то ҳазор доллар даромад бинад. Бо ин сахтиҳое, ки ин ҷо дорам, аз дилам мегузаронам, ки шояд дубора ба Яман баргардам. Падарам ҳам инро мефаҳманд, вале модарам мегӯянд, “як бурда нони қоқ ҳам бошад, дар ҳамин ҷо бошу фарзандонатро саришта кун ва дигар ҷое нарав,” – гуфт Гулрухсор Рофиева.

Ӯ мегӯяд, даҳшати 105 рӯзи асоратро ҳанӯз ҳам фаромӯш накардааст, вале баъди моҳҳо умедворӣ барои як шароити беҳтар, ӯ бояд илоҷи зиндагиро пайдо кунад ва барои фарзандонаш шароит таҳия кунад, ки дар хориву зорӣ бузург нашаванд. Рофиева баъд аз ҷудо шудан аз ҳамсар танҳо масъулияти тарбияи фарзандонро ба дӯш дорад ва ҳамсараш ҳам барои онҳо алимент ё кумакпулӣ намедиҳад.

Ин ҳамшираи шафқат мегӯяд, дар ҳолате, ки бо касби ҳамширагӣ дар зодгоҳаш кори беҳтар ёфта наметавонад, омода аст дубора ба Яман баргардад ва талош мекунад, ин навбат аз эҳтиёт кор гирад.

Ин дар ҳолест, ки аз баҳори соли ҷорӣ дар Яман ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дорад ва бо далелҳои ноамниву хушунат, Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои Шӯравии собиқ садҳо кормандони тибби худро бо оилаҳояшон аз ин кишвар берун овардаанд. Аз Тоҷикистон ҳам садҳо табиб асосан бо роҳҳои ҳавоӣ ба Русия ва баъдан ба ватан интиқол ёфтанд.

Вале моҳҳои охир, баъзе аз онҳо бо ҳадафи кору маош дубора ба Яман бармегарданд. Манучеҳр Абдуев, як масъули ширкати русии тиббӣ, ки рӯзи 9 декабр дар шаҳри Санъо буд, гуфт, аз Тоҷикистон 6 табиб дубора ба Яман бо ҳадафи кор баргаштаанд. Ӯ гуфт, агар дар маҷмӯъ пеш аз ҷангҳо дар тамоми муассисаҳои тиббии давлативу хусусии ин кишвар ҳудудан 1000 мутахассиси хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо кор мекарданд, ҳоло теъдоди онҳо тахминан то 200 нафар коҳиш ёфтааст.

Вазъи амниятӣ, ба гуфтаи ӯ, дар Санъо мӯътадил аст, вале дар манотиқи дурдасти Яман ҳанӯз мухолифатҳо идома доранд ва бисёриҳо умедворанд, ки дар музокироти навбатии байни ҳукумат ва мухолифин созише ҳосил хоҳад шуд. Манучеҳр Абдуев гуфт, бо тарки Яман кардани мутахассисони хориҷии тиб, эҳтиёҷи бисёр касалхонаҳо ба табибу ҳамшираҳо афзудааст ва аз ин ҳисоб, кормандони амалкунанда бо гирифтани ҳаҷми изофии корӣ даромади худро ҳам зиёд кардаанд. Аммо бо вуҷуди ин, ширкатҳои миёнарави тиббии русӣ ба истихдом ва бозгардони мутахассисони рафта шитоб намекунанд, чунки маълум нест шароити амниятии ин кишвар чӣ мешавад.

“Ман ба Гулрухсор ҳам ҳоло машварат намедодам, ки ба ин ҷо баргардад, чунки касе замонат намедиҳад, ки фардо вазъ беҳтар мешавад”, -- таъкид кард Манучеҳр Абдуев.

Гулрухсор Рофиева, як корманди тибби шаҳри Маъриб рӯзи 29 октябри соли 2014 аз ҷониби як қабилаи яманӣ ба асорат гирифта шуд. Баъди музокироти семоҳаи мақомот бо ин қабила, ки ҳалли мушкили худро аз ҳукумати Яман тақозо мекард, табиби хориҷӣ озод ва ба Тоҷикистон баргашт. Баъди озодиаш Гулрухсор Рофиева гуфт, рабояндагон ӯро хеле азият карданд ва гоҳо фикр мекард, дигар зинда намемонад.

XS
SM
MD
LG