Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Маъриб то Панҷакент. Кобуси 105 рӯзи асорат (ВИДЕО)


Гулрухсор Рофиева дар канори фарзандонаш
Гулрухсор Рофиева дар канори фарзандонаш

Гулрухсор Рофиева, сокини шаҳри Панҷакент, ки баъд аз 105 рӯзи асорат дар Яман ба Душанбе омада, сипас ба зодгоҳаш рафт, мегӯяд, ҳанӯз ваҳшати он рӯзҳо ӯро тарк накардаанд.

Дар дурии ҳазорон километр аз саҳнаи кобусҳои худ, дар Ватан ва ҳалқаи пайвандон низ Гулрухсор Рофиеваро ваҳшати 105 рӯзи асорат дар Яман тарк намекунад. Ӯ мегӯяд, зери зарбу лат ва бо дасту пои занҷирбанд дар таҳхонаҳо ва аз ноумедӣ чанд бор қасд ба ҷони хеш карда буд.

Ҳамкорони Гулрухсор ва садҳо нафар аз яманиҳо бо талаби озодии ӯ ба кӯчаҳои Маъриб мебаромаданд ва ҳукумати Яман аз эҳтимоли раҳоии зуди ӯ хабар медод, аммо рӯзҳову ҳафтаҳо паси ҳам мегузаштанд.

Дар девори хонаи одамрабоён парчами сиёҳе овезон буд. Он ба дили Гулрухсор ҳарос меандохт, ки шояд дигар рӯи фарзандон ва модарашро набинад. Ӯро ҳар ҳафта ба ҷои дигар мебурданд, зеро одамрабоён аз ифшо шудани макони нигаҳдошти қурбонии худ метарсиданд. Гулрухсор мегӯяд, баъдан аз рабояндагони худ шунидааст, ки он рӯз мебоист, ҳамаи пизишкону парасторони хориҷии Маъриб аз тарафи ин гурӯҳ рабуда мешуданд.

Бозгашт ба хона аз асорати Яман
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:44 0:00

Рабуда шудани Гулрухсор дар 29 октябри соли 2014 замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Яман рӯз то рӯз ба бӯҳрони амиқтари сиёсӣ фурӯ мерафт. Аммо ба ақидаи коршиноси умури Ховари Миёна дар Дубай, Ҳасани Ҳошимиён рабудани хориҷиён дар Яман собиқаи бештаре дорад ва аз ҷумла барои Ал-Қоида ва гурӯҳҳои дигар як василаи даромад шудааст.

Рабуда шудани парастори тоҷик дар Яман хатҳои дипломатиро ба ҳаракат овард. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои ямании худ нома фиристод ва аз ӯ посух гирифт. Сафири Тоҷикистон дар Қатар ба Санъо сафар кард. Гулрухсор рӯзи 10-уми феврал дар ҳоле раҳо шуд, ки мақомоти яманӣ талаби рабояндагони ӯро ба иҷро расонданд.

Бозгашти ӯ ба ватан барои хешу наздиконаш хушхабаре буд, ки онро 105 рӯз бо дили пурғам ва чашмони нам интизор доштанд. На танҳо падару модар, фарзандон ва хешу наздикон, балки ҳамаи сокинони гузаре, ки хонадони Рофиевҳо дар он зиндагӣ мекунад, бозгашти Гулрухсорро бо ашки шодӣ ҷашн гирифтанд.

Гулрухсор дар ҳалқаи хонаводааш дар Панҷакент
Гулрухсор дар ҳалқаи хонаводааш дар Панҷакент

Вақте Гулрухсор дар асорат буд, бархе мегуфтанд, ӯ барои пули калон ба Яман рафтааст. Худи Гулрухсор низ инро рад намекунад ва мегӯяд, мехост, соҳиби манзили худ шавад, зеро се оила дар маскани хурде зиндагӣ мекунанд.

Набудани ҷайи кор ва маоши сазовор садҳо табиби тоҷикро дар даҳсолаи ахир ба кишварҳои арабӣ бурдааст, ҳатто ба давлатҳои нооороме мисли Яман, ки аксари ҳукуматҳо сафари шаҳрвандони худро ба онҷо тавсия намедиҳанд.

Дар Яман тақрибан 200 пизишку парастор аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Дар гузашта ду дафъа – як бор дар соли 2007 ва бори дуюм дар соли 2011 – табибони тоҷик дар ин ҷо рабуда шуданд. Аз соли 2010 то моҳи марти соли 2014 дар Яман 76 шаҳрванди хориҷӣ рабуда шуда, 22 нафари онҳо дар амалиёти наҷот ба ҳалокат расидаанд. Ду рӯз баъд аз озодии Гулрухсор як зани фаронсавӣ, корманди созмони хайрияи Бонки Ҷаҳонӣ дар пойтахти ин кишвар рабуда шуд.

XS
SM
MD
LG