Пайвандҳои дастрасӣ

Гулнора Умар - шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дар Шветсия кору зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар вақтҳои холигияш барои муҳоҷирону паноҳҷӯён аз кишварҳои ҷангзада ёрӣ мерасонад.

Гулнора Умар, духтари тоҷике дар Шветсия, барои муҳоҷирон, асосан мусулмонон кумак мекунад. Ӯ бо ихтисоси иқтисодшинос ва тарҷумон панҷ соли охир дар Стокҳолм зиста, дар лаҳзаҳои фориғ аз кори асосиаш, ба муҳоҷирон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар мутобиқшавӣ ба муҳити Шветсия ёрӣ мерасонад.

Гулнора баъд аз хатми донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2004 аз рӯи барномаҳои Оҷонси рушди байналмилалии Шветсия барои таҳсил дар риштаи заминсозии донишгоҳи Стокҳолм ба ин кишвар омад ва пас аз муддате оиладор шуду дар ин шаҳри аврупоӣ муқимӣ гардид.

Вай мегӯяд, ҳоло дар се ҷо расман кор мекунад – ӯ муассис ва раҳбари ширкати “Access in Sweden” буда, ҳамчунин дар як ширкати тарҷумонӣ ба ҳайси иқтисодчӣ ва дар “Adman 100 språk” ҳамчун тарҷумон кор мекунад. Инчунин, ба наздикӣ ҳамроҳ бо муттафиқонаш ширкати наверо барои кумак ба занони мусулмон “Виннет & Нака” ташкил кардааст, ки барои ҷалби хонумҳо ба тиҷорату соҳибкорӣ ва пешбурди лаёқати раҳбарии онҳо мусоидат мекунад.

Бо тавҷҷӯҳ ба ин ки ҳамасола ба Шветсия 100 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои мухталиф меоянд ва бисёре аз онҳо ба одитарин кумаки дафтарӣ ниёз доранд, Гулнора Умар ба таври ройгон ё бепул барои бархе аз онҳо дар ҷустуҷӯи кор, тарҷумаву тартиб додани аризаву номаҳо ёрӣ мерасонад. Ӯ мегӯяд, дар миёни гурӯҳҳои муҳоҷири ниёзманди кумак кӯдакон ҳам ҳастанд, ки аз кишварҳои дар ҳоли ҷанг фирор карда, ба Аврупо омадаанд ва бояд забон ва роҳу равиши зиндагиро дар ҷомеаи нав азхуд кунанд.

"Солҳои охир шумори паноҳандагон аз Сурияву Фаластин зиёд шудааст",-мегӯяд ӯ. Гулнора Умар афзуд, "дар миёни муҳоҷироне, ки барои шурӯи зиндагии нав ба Шветсия меоянд, мусулмонҳо хеле зиёданд. Дар таҷрибаи кории ман 5-6 нафар муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳам буданд ва 2 нафари онҳо бо далелҳои сиёсӣ дар Шветсия дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ман ҳақ надорам исми онҳоро фош кунам. Ман барояшон дар тартиб додани санадҳо, тарҷумонӣ ва муроҷиат ба сохторҳои муайяни давлатӣ кумак кардам."

Ҳоло, ба ҳисобҳои Гулнора, дар Шветсия на камтар аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Шветсия дар миёни давлатҳои дунё дар масъалаи қабули муҳоҷирону паноҳандагон дар баробари Норвегия ва Швейтсария яке аз кишварҳои меҳмоннавоз ба ҳисоб меравад. Гулнора Умар мегӯяд, қонунҳои ин давлат барои истиқболи гарми паноҳандагони хориҷӣ шароитҳои хубро фароҳам овардааст, аз ин рӯ, талабгорони зиндагӣ дар ин давлат хеле зиёданд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд аксар сокинони шаҳрҳои калон мисли Стокҳолм дар зиндагии ҳамарӯзаашон баставу бо ҳамсояҳо бегона ҳастанд, ҷомеаи ин кишвар таҳаммулпазир ва қонунҳояш озоду башарӣ ҳастанд.

"Дар солҳои охир баъзе ҳизбҳои сиёсии миллатгаро талош доранд, барномаҳои қабули паноҳандагони навро маҳдуд кунанд, вале аксар аъзои ин ҷомеа ингуна ақидаҳоро дастгирӣ намекунанд",-мегӯяд Гулнора.

Гулнора Умар 34 сол дошта, соҳиби 2 писар - Анӯшервон ва Юсуф мебошад. Миллати ҳамсараш араб аст ва дар Олмон бузург шудааст. Ӯ соҳибкор буда дар соҳаи тиҷорати мошин кор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG