Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсӣ дар Қирғизистон. Отамбоев: Роҳи мо дуруст аст. ВИДЕО


Райъпурсӣ барои тағйири Конститусияи Қирғизистон 11 декабр дар баробари интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ шурӯъ шуд. Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, то соати яки рӯзи якшанбе ҳудуди 14 дар сади афроди қобили раъй (393 ҳазору 356 нафар) ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтанд.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, низ ба раъйдиҳӣ рафт ва дар сӯҳбат бо хабарнигорон ислоҳи Қонуни асосии кишварашро дуруст шумурд. Вай гуфт, ин тағйирот низоми порлумонии Қирғизистонро мустаҳкамтар мекунад.

ВИДЕО: Дар Қонуни асосии Қирғизистон чиро тағйир медиҳанд?

Дар Қонуни асосии Қирғизистон чиро тағйир медиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосии Қирғизистон, ки панҷ ҳизби сиёсӣ пешниҳод кардаанд, салоҳиятҳои нахуствазир ва порлумонро бештар ва роҳро барои ислоҳоти сохтори адлияи Қирғизистон боз менамояд. Аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои мухолифин пешниҳодро интиқод ва Алмосбек Отамбоевро ба талоши дарёфти қудрати бештар муттаҳам карданд.

Конститутсияи амалкунанаи Қирғизистон соли 2010 баъди сарнагунии Қурмонбек Боқиев ва бо сари қудрат омадани ҳукумати муваққатӣ таҳти раҳбарии Роза Отунбоева қабул шуд. Як шарт ин буд, ки Сарқонун то соли 2020 амал мекунад ва то он замон ҳеҷ кас ё ниҳоди давлатӣ ҳақ надорад онро тағйир диҳад.

XS
SM
MD
LG