Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари калонии президенти Ӯзбакистон Гулнора Каримова ҳамлаҳои навбатиашро дар Twitter зидди хоҳараш Лола Каримова-Тиллоева равона кардааст.

Духтари калонии президенти Ӯзбакистон Гулнора Каримова ба пахши дубораи назарҳояш дар шабакаи иҷтимоии Twitter пардохта, ҳамлаҳои навбатиашро зидди хоҳараш Лола Каримова-Тиллоева равона кардааст. Дар изҳороти ахири ӯ, ки рӯзҳои истироҳат пахш шуд, гуфта мешавад, ки сарвати Лола ба маротиб бештар назар ба он аст, ки дар маҷаллаи швейсарии "Bilan" зикр шудааст.

Айни замон, худи Лола Каримова-Тиллоева гузоришҳоро дар бораи сарватмандтарин сокини Швейсария будани худу ҳамсарашро рад кардааст. Дар навиштаҳои Гулнора Каримова зикр мешавад, ки муҳаққиқони маҷаллаи швейсарӣ сармояҳои Лоларо дар ИМА ва ҳам Дубай ҳисоб накардаанд, дар ҳоле, ки ба иддаои Гулнора, онҳо мултимиллионер ҳисоб мешаванд.

Дар гузашта Гулнора Каримова хоҳарашро барои эҷоди мушкил интиқод карда гуфтааст, ки ӯву модараш даст ба тиҷорати нопок мезананд, пулҳои ширкатҳои калонтарини Ӯзбакистонро азхуд карда, бидуни пардохти молиёт ва андози гумрук ҳадди аққал кори 25 ширкат ва корхонаро зери назар қарор додаанд.

Баъди ин изҳороташ саҳифаи шахсии Гулнора дар Twitter баста шуд. Ин ҳама дар шароите буд, ки хабарҳои мухталиф аз Ӯзбакистон дар бораи баста шудани шабакаҳои радиову телевизион, фурӯшгоҳҳо, кинотеатрҳо ва калонтарин муассисаи зери назари ӯ – Фонд Форум пахш шуд. Ба иттилои манобеи бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ, зердастон, коргарон ва ашхсони наздик ба худи Гулнора Каримова боздошт шудаанд. Худи ӯ ду ҳафта пеш хабар дода буд, ки дасти кам 10 корманди ҷавони Фонди Форумро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG