Пайвандҳои дастрасӣ

SVT розҳои пинҳони Гулнора Каримоваро ошкор кард


Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон

Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон

Телевизиони Шветсия таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи роҳҳои ришваситонии Гулнора Каримоваро намоиш дод.

Шоми 12-уми декабр телевизиони мардумии SVT-и Шветсия як барномаи мустанадеро намоиш дод, ки дар он шоҳидон бар пояи дидаву шунидаашон гуфтанд, режими Узбакистон аз сармоягузорони хориҷӣ миллионҳо доллар ришва мегирад. Барнома "TeliaSonera ва духтари диктатор" ном дорад, ки онро дар сомонаи ин телевизион метавон пайдо кард.

Муаллифони барнома таъкид мекунанд, ки ширкати TeliaSonera Telecom, ки қароргоҳаш дар Шветсия мебошад, ба духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова 250 миллион доллар пора додааст, то ба бозори хадамоти мухобиротии Узбакистон роҳ ёбад.

Фредрик Лорин, рӯзноманигори муҳаққиқ, мегӯяд, дар ин барнома ду масъули TeliaSonera дар бораи музокироти соли 2007 маълумот медиҳанд. Лорин аз ҷумла гуфт,
"ин масъулон нақл мекунанд, ки чигуна созиш миёни TeliaSonera ва фиристодаи Гулнора Каримова --Беҳзод Аҳмадов ҳосил шуд. Аҳмадов собиқ мудири иҷроияи ширкати мухобиротии Русия-MTS дар Узбакистон, шахси боэътимоди Гулнора Каримова дар иртибот бо ширкатҳои мухобиротӣ буд."

Ҳар ду масъули TeliaSonera аз таъқиб хавф доранд, аз ин рӯ, ҳангоми сӯҳбат дар барнома рӯи худро нишон надоданд. Вале қиссаи онҳо симои яке аз "фосидтарину золимтарин режимҳои рӯи олам" ва муомилаи ин режим бо сармоягузорони хориҷиро возеҳ инъикос намуд.
Муаллифони барнома исрор меварзанд, ки дар моҳҳои феврал ва марти соли 2007 Беҳзод Аҳмадов аз номи Гулнора Каримова бо намояндагони TeliaSonera вохӯрда, шароити тақдими муҷаввизи истифодаи фанновариҳои 3G ва ҳаққи истифодаи мавҷ дар Узбакистонро баҳс кард.

Ба қавли муаллифон, мояи тааҷҷуб ин буд, ки Аҳмадов аслан мудири иҷроияи бахши узбакии ширкати русии MTS, яъне шабакаи Уздунробита буд. Яке аз масъулони TeliaSonera мегӯяд, “Беҳзод коршарики мо буд. Аслан як вазъи аҳмақона ба амал омад. Ӯ раиси ширкати рақиби мо буд, вале дар идораи TeliaSonera нишаста, дар бораи ҳаққи оилаи Каримов бо мо музокирот пеш мебурд.”

Муаллифони барнома мегӯянд, дар натиҷаи музокирот TeliaSonera ҳамчун пешшарти кор дар Узбакистон ба ширкати Такиллант, воқеъ дар Ҷибралтар, 250 миллион доллар интиқол дод. Такиллантро хонуми 24-сола Гаяне Авакян раҳбарӣ мекунад, ки аз наздикони Гулнора Каримова ба шумор меравад. Феълан идораи додситонии Шветсария 600 миллион доллари як ҳисоби бонкии узбакиро, ки ба номи чор шаҳрванди ин кишвар иртибот доранд, ҳабс карда, тафтиши шустушӯи ғайриқонунии пулро оғоз намудааст. Аҳмадов ва Авакян дар ин қазия муттаҳам эълон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Шветсия, ки саҳмдори асосии ин ширкати муштараки Шветсия ва Финландия мебошад, иброз доштааст, ки дар бораи ин тафтиш ва саҳми TeliaSonera дар ин қазия иттилое надорад. Номи Беҳзод Аҳмадов тобистони соли равон дар ҷанҷоли MTS бо ҳукумати Узбакистон рӯи об баромад. Вақте мақомоти узбак раҳбарони маҳаллии шӯъбаи МТS дар Узбакистонро ҳабс намуданд, Аҳмадов аз Узбакистон фирор кард. Макони буду боши ӯ маълум нест, вале торнамои Узметроном тахмин кардааст, ки Аҳмадов муддате дар Русия пинҳон буд, вале баъдан ӯро ба Узбакистон баргардонданд.

Як рӯзноманигори швейтсарӣ ба муаллифони барнома дар телевизионӣ шведӣ иброз дошт, ҳолати мавҷуда аз он шаҳодат медиҳад, ки миёни Гулнора Каримова ва Аҳмадов, ки аз асрори молии "духтари диктатор" огоҳ аст, ихтилоф ба вуҷуд омадааст.
Ив Стейнер, ходими телевизиони мардумии RTS-и Швейтсария, мегӯяд: “Зоҳиран Беҳзод Аҳмадов аз Гулнора Каримова ба ғазаб омадааст. Намедонам, чигуна ва ба кадом шакле, афроди наздик ба Гулнора Каримова ба Женева омада, гуфтаанд, ки аз ин ба баъд соҳиби ин суратҳисоб на Аҳмадов, балки Гаяне Авакян мебошад. Бонк аз ин дастур ба таааҷҷуб омад.”

Стейнер илова кард, маҳз замоне Гаяне Авакян ба Ломбард Одиер бонк омада, саъй намуд, аз суратҳисоби зери назорати Аҳмадов пули зиёдеро берун кашад, суолҳое пеши муфаттишони швейтсарӣ матраҳ шуданду онҳо парвандаи шустушӯи пулҳои узбакиро оғоз намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG