Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова аз манзил дар Маскав маҳрум мешавад


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Мақомоти шаҳри Маскав хонаи духтари раисиҷумҳури Узбакистон Гулнора Каримоваро зери назорат гирифтаанд.

Бино бар хабарҳои матбуоти Русия Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, мумкин аст, аз манзили боҳашаматаш дар маркази Маскав, ки 10 миллион доллар арзиш дорад, маҳрум гардад.

Як манбаъ дар Думаи давлатии Русия мегӯяд, ҳоло ин моликияти Каримова "ба ҳабс" гирифта шудааст ва ин иқдом ба моҷарои марбут ба ширкати русии МТС дар Узбакистон бастагӣ дорад. Чанде пеш моликият ва ҳаққи фаъолияти ин ширкат дар Узбакистон зери суол рафтааст. Дар моҳи сентябр додситонии Узбакистон зидди ширкати МТС парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ширкати русӣ ба он айбдор мешавад, ки ҳуқуқи ҳамкори худ дар Узбакистон -- корхонаи хусусии “Уздунробита”-ро поймол кардааст.

Кумитаи Думаи давлатии Русия масъалаҳои марбут ба ширкати МТС ва моликияти он дар Узбакистонро рӯзи 18-уми октябр баррасӣ карда буд.

Гулнора Каримова манзили худро дар назди истгоҳи метрои “Фрунзенская” дар шаҳри Маскав, ки 420 метри мураббаъ ё квадратӣ масоҳат дорад, дар соли 2003 харидааст. Он вақт нархи як метри мураббаи манзилҳо дар ин бино 5000 доллар нарх дошт. Аммо ҳоло нархи як метри мураббаъ дар ин бино ба 24 000 доллар мерасад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG