Пайвандҳои дастрасӣ

Гулнора Каримова: Президентҳоро бояд халқ интихоб кунад

Гулнора Каримова мегӯяд, ҳаргиз масъалаи президентиро матраҳ накардааст ва ин соҳаи мардҳои қавиест, ки халқ интихобашон карда бошад.


Чакида

Ширкату бунёду намоишгоҳҳои Гулнора Каримова ё аз дасташ рафтаанд ва ё аз кор афтодаанд ва ягона ҷойе, ки ӯ дар он ҳокимияти тамом дорад, Tweeter аст.

Салтанати Гулнора Каримова маҳдуд ба Tweeter шудааст

Ба қавли расонаҳо ва коршиносон, сар аз 20-уми октябр аксари иншооти марбут ба Гулнора Каримова -- духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мавриди тафтишу бозрасӣ қарор гирифта, ҳисоби бонкии аксари онҳо ва ҳам бинои қаҳвахонаю ресторанҳо, чаҳор шабакаи радио ва телевизионии ӯ баста шудаанд. Ҷашнворае, ки ӯ ахиран баргузор кард, аз сафҳаи рӯзномаву маҷаллаҳо афтод ва бе сарусадо ба поён расид.

Акнун ягона ҷойе, ки 24 соат Гулнора Каримова дар он ҳузур дорад, шабакаи иҷтимоии Твиттер аст, ки пештар ҳам ба ҳайси яке аз сарчашмаҳои нашри ахбори марбут ба ӯ истифода мешуд. Дунбол кардани микроблоги ӯ хабарҳои ҷолиберо расонаӣ мекунад ва шояд сабаби асосии ҳадафи фишор қарор гирифтанаш ҳам дар ҳамиин ҷо рӯшӯан гардад.
12:29 6.11.2013
Зариф Ализода дар қитъаи раъйдиҳӣ

Зариф Ализода дар қитъаи раъйдиҳӣ

Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти қитъаҳои раъйдиҳӣ мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи демократӣ ва озоду шафоф ба роҳ монда шудаанд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти омбудсмен ҷаноби Ализода, пас аз раъйдиҳӣ дар қитъаи интихоботии шумораи 5 –и ноҳияи Фирдавсӣ, аз чанд маркази раъйдиҳӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла марказҳои шумораи 12, 22, 30 –и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар биноҳои асосии Донишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва аграрии Тоҷикистон ва қитъаи шумораи 4 ноҳияи Шоҳмансур, воқеъ дар «Душанбе-Плаза», дидан кардааст. Омбдусмен Зариф Ализода дар пайи сӯҳбат бо масъулони ин қитъаҳо, нозирон ва намояндагони матбуот ба ин хулоса расидааст, ки кор дар қитъаҳои интихоботии мазкур мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи демократӣ ва озоду шаффоф ба роҳ монда шудаааст ва шаҳрвандон дар ҷараёни раъйдиҳӣ фаъолона ширкат доранд.
20:00 5.11.2013
Ниҳоят Гулнора Каримова ва ҳамсуҳбатонаш дар Твиттер ба баррасии масъалаи президентӣ пардохтанд, ки гумон меравад, сабаби асосии фишорҳо ба Гулнора шуда бошад. Аммо хонуми Каримова ин мавзуъро рад кардаву гуфтааст, президентӣ кори мардҳои қавиест, ки онҳоро мардум баргузида бошад.
15:45 4.11.2013
Гулнора Каримова дар Твиттери худ навишт, раиси Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон, Рустам Иноятов ба ӯ машварат додааст, ки "рафтори хуб дошта бошад, он гоҳ касе ба ӯ даст намерасонад."
Акси Гулнора Каримова дар шабакаи Instagram

Акси Гулнора Каримова дар шабакаи Instagram

14:26 4.11.2013
Бархе аз коршиносон бар инанд, ки воқеаҳо марбут ба Гулнора Каримовро раиси Хадамоити Амнияти Миллии Узбакистон Рустам Иноятов роҳандозӣ кардааст. Аммо суол ин аст, ки оё ӯ ин тавон ва ҷуръатро дорад, ки бе ризоияти падари Гулнора ва раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов даст ба чунин корҳо занад?

Ёфтҳои бештар

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG