Пайвандҳои дастрасӣ

«Ҳамла»-и Гулнора Каримова ба вазири корҳои хориҷӣ


Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон

Гулнора Каримова, ки то ҳол сардори Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятовро ҳадаф мегирифт, акнун ба вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов рӯ овардааст.

Гулнора, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, дар Твиттер навишт, писари вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ду шиноснома дошта, на танҳо шаҳрванди Узбакистон, балки ҳамчунин шаҳрванди Русия низ аст.

Ин нуктаро Гулнора Каримова баъд аз он нашр кард, ки Абдулазиз Комилов дар номае ба полиси Швейтсария навишт, хонуми Каримова дигар аз дахлнопазири дипломатӣ бархӯрдор нест, чун аз мақоми намояндаи расмии Узбакистон дар ниҳодҳои Созмони Милал барканор шудааст.

Ба навиштаи Гулнора Каримова, номаи вазири корҳои хориҷии Узбакистон дар ҳоле ба миён омадааст, ки полиси Женева масъалаи аз тарафи кӣ посбонӣ шудани виллаи ӯро баррасӣ кардааст. Масъала дар ҳоле рӯ зад, ки дар охирҳои соли гузашта виллаи Гулнора Каримова дар Женева аз тарафи фаъолони сиёсӣ ишғол шуд ва ишғолгарон гуфтанд, дар ин ҷо зиёда аз 60 осори таърихию фарҳангӣ кашф шудааст.

Аммо Гулнора Каримова менависад, ин иттилоъ дурӯғ буда, ҳадаф аз он бадном кардани хонадони раисиҷумҳур аст. Вай меафзояд, фаъолони “ба ном мухолиф”-ро кормандони Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба виллаи ӯ роҳ додаанд. Ба навиштаи Гулнора, калиди вилла ва рамз ё коди шабакаи ҳифзи электронии вилларо танҳо ба корманди Хадамоти амнияти президент Денис Макаров маълум буд.

Зимни ин баҳс духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон баъзе маълумотро дар бораи наздикони вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов нашр кардааст. Вай менависад, додари вазир – Бахтиёр Комилов муддати зиёд намояндаи Вазорати равобити иқтисодии хориҷии Узбакистон дар Швейтсария буда, писари ӯ Дониëр Комилов, ки дар “Газпромбанк”-и Русия кор мекард, баъд аз фош шудани сирқати молӣ фирор кард ва дар Швейтсария пинҳон шудааст. Ба навиштаи Гулнора, ӯ шаҳрвандии ду кишварро дорад, ки хилофи қонунҳои Узбакистон аст.

Пайнавишти интихоботи шӯрои мудирони "Газпромбонк"

Пайнавишти интихоботи шӯрои мудирони "Газпромбонк"

“Чӣ гуна писари вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии мустақил метавонад шаҳрванди Русия бошад?! Оё ин ба амнияти асрори давлатӣ таҳдид намекунад?! Бар замми ин ӯ ба таври ғайриқонунӣ шаҳрванди Узбакистон ҳам аст. Дар бораи шаҳрванди Русия будани писари вазир ба президент лому мим ҳам нагуфтаанд.” – Навиштааст Гулнора дар сафҳаи худ дар шабакаи Твиттер.

Барои исботи сухани худ хонуми Каримова феҳрасти Шӯрои мудирони “Газпромбанк”-и Русияро нашр кардааст, аммо озмудан мушкил аст, ки то куҷо ин санад ҳақиқат дорад.


БОНГИ "SOS"-И ГУЛНОРА

Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов “ҷанги иттилоотӣ”-и худро бо сардори Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов идома дода, дар шабакаи Твиттер навишт, ки “шағолҳои Иноятов” боз як ҷавони соҳибихтисос, варзида ва собиқ теннисбози саршиносро “дуздидаанд.” Ба навиштаи Гулнора, ки зери паёмҳои ё бонги изтироб нашр шудаанд, Шарифхоҷаев бо маҳзи баромадан аз манзилаш рабуда шудааст. Ин ҷавон муддати зиёд аз хона намебаромадааст ва барои харидани ғизои гурбааш берун рафтаву бенишон гаштааст.

Хабари мазкур ба силсилаи боздоштҳои се моҳи охир зам мешавад, ки ба гуфтаи Гулнора Каримова ба шарикону ҳамфикрони фаъоли ӯ рабт мегирад. Тибқи хабарҳое, ки Гулнора дар шабакаи Твиттер ва торнамои “Форум Фонд” нашр кардааст, то ҳол дастикам 20 нафар аз фаъолони ба ӯ наздик боздошт шудаанд. Дар ин муддат ҳамчунин чаҳор шабакаи радио ва телевизиони ӯ аз кор монда, ҳамаи ширкатҳояш баста шудаанд.

СИРРИ ИШҒОЛИ ВИЛЛА

Аз 23-юм то 29-уми декабр чанд паноҳандаи сиёсии узбак дар Швейтсария таҳти сарварии нависанда ва ҳомии ҳуқуқ Сафар Бекҷон ишғол шуда, хабари дар ин манзили гаронбаҳо ёфт шудани 60 асари антиқӣ ва ҳунарии Узбакистон нашр гашта буд.

29-уми декабр ишғолгарон виллаи Гулнора Каримова дар Женеваро тарк карданд ва гуфта мешавад, ширкати хусусии амниятӣ ин манзилро зери назорат гирифт. Каримова дар Твиттер боз ҳам сардори Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов айбдор кард, ки гӯё ин ишғолро ташкил намуда, афроди ӯ калиди вилларо ба фаъолони сиёсӣ додаанд. Вай ҳамчунин навишт, ки рамзи шабакаи амниятии электронӣ ё сигнализатсияи виллаи ӯро кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба ишғолгарон додаанд.

СИПОСГУЗОРИИ ГУЛНОРА

Аз ҳама ҷолибтараш ин аст, ки духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон аз як мунаққиди ҳукумати падараш, ҳомии ҳуқуқи инсон Мӯътабар Тоҷибоева сипосгузорӣ кардааст. Вай эътироф намудааст, ки Тоҷибоева дар озодии яке аз ҳамкорони хориҷии Гулнора Каримова, шаҳрванди Юнон Янис Галанос саҳм гирифтааст.

Каримова навиштааст, ки Галанос бо мадади хабаргузориҳои хориҷӣ, блогнависон, нашрияи “Ҳуррият”-у хонандагонаш ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо сарварии Мӯътабар Тоҷибоева, сафорати Италия ва дигарон аз маҳбаси Узбакистон раҳо гашт. Вай гуфтааст, ки Галанос бо туҳматҳои Хадамоти амнияти миллии Узбакистон боздошт шуда буд.



Дертар Каримова дар Твиттер ба таври алоҳида навишт, ки ба Мӯътабар Тоҷибоева нома фиристодааст.



ИШҒОЛГАРОН РАФТАНД

Фаъоли сиёсӣ, нависанда ва паноҳандаи узбак Сафар Бекҷон ва ҳамроҳони ӯ бо ҳарос аз таҳдидҳо ба ҷони аҳли оилааш виллаи Гулнора Каримоваро дар Женева тарк намуд.

Сафар Бекҷон, ки чаҳор шабро бо ҳамроҳонаш дар виллаи Гулнора Каримова дар Женева саҳар кардааст, мегӯяд, кормандони як ширкати хусусии амниятӣ ӯ ва шариконашро латукӯб кардаанд. Вай меафзояд, ин ҳамла бо дастури соҳиби вилла ба вуқӯъ пайваста, ҳамчунин ба унвони наздикону пайвандони Сафар Бекҷон ва шариконаш таҳдидҳо садо додаанд. Ба ғайр аз ин кормандони ширкати амниятӣ ҳамсари Бекҷонро ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ интиқол додаанд.

Ишғолгарони вилла гуфтаанд, рӯзи 27-уми декабр кормандони ширкати амниятии "PROTECTAS" нигаҳбонии виллаи Гулнора Каримоваро бар дӯш гирифтанд ва бо зӯр хостанд, ишғолгаронро берун кунанд. Ҳарчанд ишғолгарон, ба гуфтаи Сафар Бекҷон, метавонистанд, ба ин фишорҳо тан надиҳанд, таҳдидҳое, ки ба аҳли оилаи онҳо сурат гирифтааст, маҷбурашон сохт, ки вилларо тарк кунанд. Онҳо мегӯянд, "рисолати худро иҷро кардаанд" ва дар бораи рафтанашон аз вилла полиси Женеваро дар ҷараён гузоштанд.

Ҷаноби Бекҷон мегӯяд, дар ин хона беш аз 60 наққошии пурарзишро пайдо кард, ки ба гуфтаи ӯ аз Осорхонаи Давлатии Узбакистон дуздида шудаанд. Бозёфти ахир зарбаи навбатӣ ба Гулнора Каримова аст, ки ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ба баррасиҳои ҷиноӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Духтари бузурги Ислом Каримов - Гулнора Каримова, ки моҳҳо боз ангуштнамои хосу ом шудааст, ҳеҷ гоҳ ишқи худро ба наққошиҳои пурарзиш пинҳон надоштааст. Аммо он чи ӯ то ҳол пинҳон доштааст, макони нигаҳдории ин наққошиҳо будааст.

Сафар Бекҷон, ки ҳоло дар виллаи 20 миллион-долларии Гулнора Каримова дар Швейтсария ба сар мебарад гуфт, ки дар ин хона ганҷи бебаҳоеро иборат аз наққошиҳои пурарзиши қарни 20-ум ошкор кардааст, ки ба Осорхонаи Давлатии Узбакистон таалуқ доранд. Паноҳандаи сиёсии узбак Сафар Бекҷон ҳамроҳ бо дигарандешони дигар рӯзи 23-юми декабр ба таври ғайриқонунӣ ба виллаи Гулнора Каримова дар Женева ворид шуданд.


Виллаи Гулнора Каримова дар Женева.

Виллаи Гулнора Каримова дар Женева.

Бекҷон дар ин вилла ба гуфтаи худаш садҳо таҷҳизоти қимматбаҳо бо шумули асбобҳои муҷаллал, алмосу тилло, мошини "Bently" ва беш аз 60 наққошиеро пайдо кардааст, ки яке аз онҳо кори рассоми Мардумии Узбакистон Чингиз Аҳмаров бо номи “Соҳибҷамол” будааст, ки рассом онро дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта офарида буд.

Аксари наққошиҳои ошкоршуда дар виллаи Гулнора Каримова имзои муаллиф ва ё муҳри осорхонаи давлатӣ доранд. Коршиносони соҳаи наққошӣ, ки бо нусхаҳои асли ин тарҳҳо ошно ҳастанд ба Радио Озодӣ гуфтанд, аксҳое, ки Бекҷон аз ин наққошиҳо бардоштааст, ба нусхаи асл будани онҳо далолат мекунад.

Як мақоми собиқ дар Вазорати фарҳанг ва варзиши Узбакистон, ки ҳамчунин бар осорхонаҳо назорат мекард ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нусхаҳои аслии наққошиҳо бо фишори “апа”- манзур духтари бузурги Каримов, аз коллексиюни давлатӣ нопадид шуданд.

Ин мақоми собиқ гуфт, ки садҳо наққошии пурарзиш ба таври пинҳонӣ ва аксаран тавассути намоишгоҳҳои таъсисдодаи Бунёди Хайрияи Гулнора Каримова аз кишвар бароварда шудаанд.

Агар нусхаи асл будани ин наққошиҳо исбот шавад, ин зарбаи навбатӣ ба Гулнора Каримоваи 41-сола хоҳад буд, ки дар “номаҳои дипломатӣ”-и Иёлоти Муттҳаида “султони ғорат” унвон гирифтааст ва солҳо бо истифода аз мақоми худ, миллионҳоро аз бизнеси дохиливу ва сармоягузорони хориҷӣ фурӯ мебурд.

Гунора Каримова, собиқ сафири Узбакистон дар Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло бо иттиҳоми шустушӯи пул дар Швейтсария ва Шведсия таҳти бозҷӯӣ қарор дорад.

Мақоми ин зани бонуфӯз, ки як замон касе наметавонист исми ӯро каҷ ба забон биёрад, ҳоло дар дохили кишвар низ рӯ ба шикаст овардааст. Додситонии Узбакистон як идда муассисаҳои таҳти назари Гулнора Каримова, бо шумули радиову телевизион ва идораву бунёдҳои ӯро масдуд кард. Гуфта мешавад, ки фишор ба бизнеси Гулнора дар дохил бо дастури падараш Ислом Каримов сурат мегирад. Ҳамчунин овозаҳое ҳаст, ки гӯё ишғоли виллаи Гулнора дар Швейтсария бо дастури Тошканд амалӣ шудааст.

Аммо худи Гулнора Каримова дар шабаки Twitter, ки ба назар мерасад акнун барои ӯ ягона ҷойи дарди дилгӯӣ боқӣ мондааст, навишт, ки ин кори дасти Хадамоти амният аст ва калиди вилларо онҳо ба Сафар Бекҷон додаанд.

Гуфта мешавад, ки эҳтимолан хадамоти амният калидро аз Лола Каримова –Тиллоева, хоҳари Гулнора Каримова дарёфт карда бошад, ки моҳҳои ахир бо ҳадафи канор кашидани худ аз ҷурмҳои хоҳари бузургаш маъракаи матбуотиеро алайҳи ӯ ба роҳ монд.

Пулиси Швейтсария аз виллаи Гулнора Каримова дар Женева боздид кард аммо барои берун кардани Сафар Бекҷон аз ин хона талош накард. Дипломатҳои Узбакстон низ ба ин хона сар заданд, аммо бидуни таваҷҷӯҳ ба наққошиҳо, танҳо бо бурдани мошинҳои гаронбаҳои "Bently" ва "Mercedes" иктифо карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG