Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини раиси кулли ширкати “Имон Интернешинал” дар синни 44-солагӣ депутати маҷлиси вилоятии Суғд интихоб шуд.

Муовини раиси кулли ширкати “Имон Интернешинал” ва раиси Анҷумани миллии бонувони соҳибкор дар синни 44-солагӣ депутати маҷлиси вилоятии Суғд интихоб шуд. Хатмкардаи факултаи забони русӣ, факултаи иқтисоди донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва донишгоҳи Колумбияи шаҳри Ню-Йорки ИМА дар масоили гендерӣ аст. Номзади илми таърих. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Радиои Озодӣ: Шуморо то имрӯз чун як соҳибкори хеле муваффақ мешинохтем. Чӣ хел тасмим гирифтед, ки вакил шавед ва ҳам ба намояндагӣ аз ҳизби ҳокими Халқии демократӣ?

Гулбаҳор Маҳкамова: Воқеан ҳам ин як гардиши ғайриоддие дар зиндагиам шуд. Mан дар чанд муассиса – дар ширкати “Имон Интернешинал” ва ҳам Анҷумани миллии занони соҳибкор хеле зиёд кор мекунам. Вале бисёре аз дӯстону ҳамфикронам ҳам гуфтанд, ки дар шароите, ки кишвар дар бӯҳрони иқтисодӣ аст, ман бояд дар он ҷо бошам. Баъди панҷ соли рушди иқтисодӣ ва ба эътидол омадани вазъ, ҳоло дар пасманзари бӯҳрон дар Русия ва таъсири омилҳои минтақавиву байналмилалӣ, шурӯи кори депутатӣ барои ман як иқдоми хеле ҷиддӣ аст. Ин як қарори санҷидашуда аст, тасодуфӣ нест. Ман худам ҳам инро ҳис мекардам, ки як рӯз не як рӯз ба сиёсат ҷалб мешавам, чунки одами бетараф нестам. Умедворам, ки ба боварии раъйдиҳандагонам сазовор мешавам.

Радиои Озодӣ: Шумо ба тарафдорони худ чӣ ваъда кардед?

Гулбаҳор Маҳкамова: Ман чизи наве ихтироъ накардам, барномаи ман аз ҳамон масъалаҳое иборат аст, ки мавзӯи кори 20 соли охири ман аст. Пеш аз ҳама ин пуштибонии соҳибкории хусусӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа аст, ки имконияти ташкили ҷойҳои нави кориро ба мардум фароҳам меорад. Масъалаи дигар – дастгирии занон, бахусус занҳо дар деҳот аст. Масъалаи сеюм ин кор дар самти ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода аст, ки сари ин масъала ҳам дар маркази бӯҳронии худ кор мекунем. Ман кӯмакпулӣ ё дастгирии иҷтимоии онҳоро ваъда надодам. Масъулияти ман то мақомот расонидани эҳтиёҷоти мардум ва кӯмак дар ҳалли ин масъалаҳо мешавад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло мақоми шумо дигар шуд – шумо як узви ҳизби ҳоким, намояндаи ҳукумат ва як сиёсатмадор шудед. Наметарсед, ки ҳамин озодиву мустақилиятеро, ки то ҳол доштед, аз даст медиҳед?

Гулбаҳор Маҳкамова: Ман ин корро ҳамчун як имконият арзёбӣ мекунам. Агар ин кор ба ман имкон диҳад, ки эҳтиёҷоти интихобкунандагонамро қонеъ гардонам, ман шод мешавам. Тамоми коре, ки мо то ҳол дар бахши соҳибкорӣ кардаем, як ҳадаф дошт – мусоидат дар беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум. Дар “Имон Интернешинал” мо барномаҳои зиёде дорем, ки барои боло бурдани саводи молиявии мардум, дастгирии ширкатҳои хурди молиявӣ, деҳқонон ва дигарҳо нигаронида шудаанд.

Радиои Озодӣ: Шумо дар фикри мақомҳои баландтар дар сатҳи ҳукумати ҷумҳуриявӣ ҳам ҳастед?

Гулбаҳор Маҳкамова: На, ман танҳо он вазифаҳоеро ба дӯш мегирам, ки аз ӯҳдаашон мебароям. Ҳоло мо дар марҳилае қарор дорем, ки “Имон Интернешинал”-ро ба як бонк табдил диҳем. Кори зиёде бояд дар ин самт иҷро шавад. Ҳеҷ амбитсияи сиёсӣ надорам. Ҳадаф ин аст, ки мехоҳам чеҳраи нави депутатро муаррифӣ кунам. Самимона мегӯям. Мехоҳам як сайти депутатии худро боз кунам, дар он як қабулгоҳи интернетӣ ташкил кунам. Ҳама дархостҳои расидаро омӯхта, онҳоро ба таври муассир ба ҳукумат бирасонам. Ман бовар дорам, ки ҳукумат ҳоло ба чунин пуштибонӣ ниёз дорад ва мехоҳад, ки дар ҳамкорӣ таниши иҷтимоии мавҷударо кам кунад. Ман танҳо корҳои амалӣ кардан мехоҳам, на бештар аз ин.

Радиои Озодӣ: Моҳҳои охир дар Тоҷикистон ва берун аз он масъалаи аз саҳна ронда шудани ҳизбҳои мухолифинро баррасӣ мекунанд. Вазорати адлия аз ҲНИТ талаб кард, ки баста шавад, матбуоти мустақил мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дигар ҳизби мухолиф намондааст, Freedom Hous мегӯяд, Тоҷикистон ба самти диктатура ҳаракат мекунад. Назари шумо ба ин чист?

Гулбаҳор Маҳкамова: Ман тарафдори бисёрҳизбӣ ва фаъолияти мухолифини корсоз ва муколамаи созанда ҳастам. Бисёрҳизбӣ як бахши муҳими ҷомеаи дунявӣ ва демократӣ аст. Ҳама гуна масъалаҳо бояд дар шароити баҳсу баррасӣ ҳал шаванд, то ки ба ҳама гуна масъалаҳо баҳои объективӣ дода шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG